Рубрики Хабарҳо

“Дар Русия 2 млн 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд”

Антон Глушков, президенти Ассотсиатсияи миллии бинокорон дар Русия шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро 2,3 миллион нафар эълом карда ва гуфтааст беш аз 700 ҳазор нафари онҳо дар сохтмон машғули коранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан бо иддаои бо суръат кам шудани шумори муҳоҷирони тоҷик, шумори онҳоро ҳудуди 400 ҳазор нафар гуфта буд. 

Тибқи нашрияи “Строителная газета”, ки ба Антон Глушков истинод мекунад, президенти Ассотсиатсияи миллии бинокорони Русия гуфтааст дар ин кишвар таваҷҷуҳи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ИДМ ба кор дар сохтмонҳо ба сатҳи пеш аз бӯҳрон баргаштааст. 

Глушков дар мусоҳиба бо ин нашрия гуфтааст дар нимаи дувуми соли 2022 таваҷҷӯҳи шаҳрвандони кишварҳои дӯст ба кор дар Русия якбора афзоиш ёфт.

”Ибтидои ҳафта мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будем. Ҳоло аз 10 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон 2 миллиону 300 ҳазор нафарашон дар Федератсияи  Русия кор мекунанд, қариб 700 ҳазор нафари онҳо дар сохтмон машғуланд” — гуфтааст Глушков.

Дар паёми солонааш, ки охири соли гузашта садо дод, Эмомалӣ Раҳмон бо ин иддао, ки шумори муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ, бахусус Русия бо суръат кам мешавад, гуфт ҳоло ин шумор чизе бештар аз 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аммо ҳамагӣ 5 рӯз пас аз паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон, дақиқан , 27 декабри 2021 Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Раҳмон, ки ба Петербург рафта буд, изҳор дошт шумори муҳоҷирони тоҷики машғули кор дар Русия аз 1 миллион бештар аст. 

Дертар, дар нимаи моҳи октябри соли ҷорӣ Путин шумори муҳоҷиронро ду миллион гуфт. Эмомалӣ Раҳмон дар гилаи маъруфаш ба Путин як рӯз пас аз ин ҳарфҳои Путин воқеъ шуд, иддаъо кард шумори муҳоҷирон дар Русия аз 600 ҳазор бештар нест. 

“Ду миллион нафар нест, бештар аз ду миллион нафар ба Русия сафар мекунанд, вале на фақат барои кор. Барои кор фақат 600 ҳазор нафар мераванд. Бақия ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд. Бубинед, соли оянда 50 дар сад коҳиш меёбад, чунки роҳҳо бастаанд”, — эътироз карда буд Раҳмон.

Моҳи августи соли ҷорӣ шабакаи аудиторӣ-консалтингии FinExpertiza, иттилоъ дод дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ шумори муҳоҷирони корие, ки ба Русия ворид шудаанд ба 3,12 млн нафар расидааст. Дар умум, дар семоҳаи аввали ҳамин сол 4,16 млн табааи хориҷӣ дар маҳалли будубош худро ба қайд гузошта, 3,12 млн нафарашон ҳадафи сафарро кор зикр кардаанд, ки нишондиҳандаи рекордии семоҳа дар муддати тамоми давраи дастрасии омор аз соли 2017 мебошад. Аз ин шумор, як миллиону 52 ҳазор нафар ё 30,5 фоизро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил додаанд. 

Гуфтанист 2 миллиону 300 ҳазор нафар беш аз ними афроди қобили кори кишварро бо шумули мардону занон ташкил медиҳад. Шумори занон дар ин рақам на бештар аз 300-400 ҳазор аст. 

Бо дарназардошти ин ки шумори муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо ҳам рӯ ба афзоиш аст ва ҳамчунин дар Қазоқистону Туркия ва бархе кишварҳои дигар, ин натиҷа ҳосил мешавад, ки на камтар аз 80 дарсади мардони қобили кори кишвар дар хориҷ ризқу рӯзии худро пайдо мекунанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *