То кунун шарти аслии ирсоли силоҳҳои амрикоӣ ба Укроин ин буд, ки хоки Русия ҳадаф қарор нагирад. Аммо инак манобеъи огоҳи дохилӣ аз эҳтимоли ирсоли мушакҳои амрикоӣ сухан мегӯянд, ки метавонанд ба хоки Русия низ исобат кунанд.
Амрико дар ҳоли баррасии ирсоли силоҳҳое ба Укроин аст, ки қобилияти ҳадафгирии манотиқе дар Русияро низ доранд.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳи дохилӣ, ширкати ҳавофазо ва саноъати дифоъии Боинг системи GLSDB-и худро, ки марбут ба бомбаҳои партобшаванда аз замин аст, барои ин манзур пешниҳод карда, ки бо он метавон бомбаҳои дақиқи арзонро бар рӯй чандин мушак савор кард ва аз масофати дур манотиқе дар Русияро низ ҳадаф қарор дод.
Ба гузориши шабакаи “НТВ”-и Олмон, ин яке аз шаш тарҳи тақвияти таъмини таслиҳотии Укроин аст. Ин сомонаи Боинг мумкин аст аз баҳори соли 2023 ба Укроин ирсол шавад. Дар ин сомона аз бомбаҳои GBU– 39 ва мушакҳои M-26 истифода мешавад, ки ҳар ду дар анборҳои Амрико фаровон ёфт мешаванд.
Ин систем бо 150 километр бурд маҳсули муштараки Боинг ва ширкати Сааб аст ва сохти он аз соли 2019 шурӯъ шудааст.
Мотори мушакҳои М-26 ба миқдори зиёд дар дастрас аст ва бомбаҳои GBU – 39 ҳудуди 40 ҳазор доллар арзиш доранд, ки дар натиҷа кулли сомонаи GLSDB арзон тамом мешавад ва қисмҳои аслии он низ ба роҳатӣ қобилӣ таъмин аст.
Агарчӣ тавлидкунандагони аслиҳа фармоишҳои зиёде дарёфт мекунанд, аммо ба далели ин омилҳо ин имкон вуҷуд дорад, ки битавон ин силоҳҳоро авоили 2023 ба Укроин фиристод.
Сукути Пентагон
На ширкати Боинг ва на вазорати дифоъи Амрико (Пентагон) то ҳоло дар ин заминаи изҳори назар накардаанд. Ҳар чӣ ҷанги Русия алайҳи Укроин бештар тӯл бикашад Киев ниёзи бештре ба таъмини таслиҳотӣ дорад.
Укроин дар ҳоли ҳозир аз Амрико мушакҳои навъи HIMARS дарёфт мекунад. Алексей Макаев, сафири Укроин дар Олмон ба шабакаи дувуми телевизиони Олмон (ZDF) гуфтааст: “мо барои пирӯзӣ дар ин ҷанг ба силоҳ эҳтиёҷ дорем.”
Ҳарчанд, ки Амрико тақозоҳо барои мушакҳои ATACMS бо бурди 297 километр (185 мил)-ро рад карда, аммо бо сомонаи GLSDB ва бурди 150 километрии он (94 милӣ) метавон Укроинро қодир сохт то аҳдофи арзишманди низомиро, ки то кунун дар тиррас қарор надоштанд низ ҳадаф қарор диҳад.
Ин мавзӯъ ба Укроин кумак мекунад то зиддҳамлаҳои худро пеш бурда ва мавозеъеро, ки русҳо ба он ақибнишинӣ кардаанд тахриб кунад.