Рубрики Хабарҳо

Додгоҳи олии Амрико Трампро муваззаф ба пешниҳоди санадҳои молиётӣ кард

Раисҷумҳури Амрико пайваста монеъи дидани парванда молиётии худ аз сӯи мақомоти қазоӣ ва қонунӣ шудааст. Ҳоло ӯ бо ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар муваззаф аст иттилооти кофӣ дар ин бораро дар ихтиёри додситон қарор диҳад. 

Тибқи ҳукме, ки Додгоҳи олии Иёлоти муттаҳида рӯзи панҷшанбе, 9 июл содир кард, додситонҳои Ню-Йорк иҷозаи бозрасии собиқаҳои молиётии Доналд Трампро барои баррасии тахаллуфҳои эҳтимолӣ пайдо карданд. 

Ин нахустин бор аст, ки қонун соҳиби амлок ва амволи ғайриманқули калонро ба чунин коре во медорад. Ба гуфтаи нозирон, ин ҳукм барои Доналд Трамп як шикасти шармовар ба шумор меравад. 

Трамп бар хилофи раисҷумҳурҳои пешини Амрико аз эъломи ҷузъиёти пардохтҳои молиётии худ худдорӣ мекунад вале акнун ночор аст ба қонун тан диҳад ё бо муҷозотҳои сангин рӯбарӯ шавад. 

Ҳафт тан аз қозиёни Додгоҳӣ олӣ ба ҳукм алайҳ раисҷумҳур раъй мувофиқ доданд. 

Ончи интизор намерафт ин буд, ки Нил Гурсоч ва Берт Ковонов, ки аз ҷониби Трамп ба унвони қозии ин додгоҳ мансуб шудаанд низ алайҳ ӯ раъй доданд. 

Таъйиди ҳукме қадимӣ 

Бар асоси ҳукме, ки ин додгоҳ 200 сол пеш содир кардааст, ҳеҷ шаҳрванде, ҳатто раисҷумҳур, наметавонд аз ироаи мадорик дархостии додгоҳ барои таҳқиқоти ҷиноӣ худдорӣ кунад. 

Имрӯз ин асл муҷаддадан таъйид шуд ва равшан шуд, ки раисҷумҳур Трамп ҳам дар заминаи ироа авроқи шахсӣ барои баррасиҳои ҳуқуқӣ масун нест. 

Вакилони Трамп таъкид карда буданд, ки ӯ то замоне, ки дар пости раёсатҷумҳурӣ ҳаст, аз ин амр масуният дорад. 

Трамп мисли мавридҳои гузашта, худро ба унвони қурбонӣ муаррифӣ кард ва ҳукми додгоҳро иқдоме сиёсӣ алайҳ худ хонд. 

Соирус Винс, додситони Манҳеттен зимни баёни ин, ки ҳукми додгоҳ пирӯзии бузурге барои системи қазоии Амрикост изҳор дошт, ин тасмими додгоҳ нишон дод, ки дар Амрико касе болотар аз қонун нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *