Рубрики Хабарҳо

Қонуни ниқоб ва «маълумоти ғалат»ба иҷро даромад

Имрӯз 8 июл  нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» тағйироти ахир ба қонунгузорӣ дар робита ба коронавирусро нашр кард. Ин маънои онро дорад, ки бо ҳамин ин тағйирот, аз ҷумла ҷарима барои напӯшидани ниқоб (маска)-и тиббӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ ва паҳн кардани маълумоти «ғалат» дар бораи коронавирус, ба ҳукми иҷро даромаданд. Қаблан ин тағйироти баҳсбарангез аз ҷониби ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон тасвиб ва аз сӯи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд.

Бар асоси тағйироти ворида ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла барои напӯшидани ниқоби тиббӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ ҷарима ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ, аз 2 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст. Дар Кодекси ҷиноятӣ бошад, барои дидаю дониста паҳн кардани бемориҳои хатарноки сироятӣ ҳукми зиндон ба муддати аз 2 то 5 сол ва дар сурати такрори чунин амал аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Профессор Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик аз тасвиби қонуни ҷазоии Тоҷикистон барои ҷаримаи молии афроде, ки бидуни доштани ниқобак аз хона берун меоянд, интиқод кард.

Шокирҷон Ҳакимов зимни сӯҳбаташ бо хабаргузории Спутник гуфтааст, дар шароити феълии Тоҷикистон ин иқдом роҳи дигареро барои ришвахорӣ ва фасоди молии кормандони ҳифзи ҳуқуқ боз хоҳад кард.

 Ба бовари Ҳакимов ҳадаф аз ҷаримаҳо кумак ба коҳиши касрии буҷаи ҳукумат аст, ки дар шароити густариши вируси корона ба шиддат бо камбуди манобеъи молӣ рубару аст, аммо дар шароити ночиз будани мизони маош ва дастмуздҳо ва густурдагии фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон ба вежа миёни кормандони идораҳои интизомӣ, ки бояд иҷрокунандаи ин қонун бошанд, ин иқдом мӯҷиби даст ба фасоди бештар задани кормандони полис хоҳад шуд.

Шокирҷон Ҳакимов мегуяд, дар Тоҷикистон мардум одат кардаанд ,дар сурати сарпечӣ аз қонунҳо аз ҷумла муқаррароти ронандагӣ, ба ҷойи пардохти асли маблағи ҷарима бо додани ришваи ночиз ба кормандон интизомӣ наҷот ёбанд ва ҳар ду тараф аз ин муомила розӣ мебошанд. Ин муҷиби он мешавад, ки фасод ҳарчи бештар дар ҷомеа реша давонад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *