Сарҳадбонони қирғиз дар ноҳияи Исфара як қитъаи замини Тоҷикистонро ғасб карда, дар онҷо посгоҳ гузоштаанд. Сарҳадбонони тоҷик дар онҷо дида намешаванд.
Дар наворе, ки як сокини деҳаи Лаккони ин ноҳия нашр кардааст чанд сарбозу афсари қирғиз дида мешаванд, ки дар майдончае посгоҳ гузоштаву рост шудаанд. Наворбардор мегӯяд инҷо қаламрави Тоҷикистон аст ва сарҳадбонони қирғиз сарҳади давлатии Тоҷикистонро халалдор сохтаанд.
Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода ин наворро бознашр карда, онро иғвои навбатӣ номидааст, аммо нагуфтааст мақомоти шаҳри Исфара чӣ чорае алайҳи сарҳадшиканон андешидаанд ё андешиданианд.
Бори аввал нест, ки сарҳадбонону шаҳрвандони кишвари ҳамсоя сарҳади давлатии Тоҷикистонро вайрон мекунанд. Онҳо ҳатто ҷуръат карда буданд, ки ба боми яке аз сокинони деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчами кишварашонро насб кунанд.
Тибқи гуфтаи сокинони Воруху Чоркӯҳ, давоми 20 соли охир қирғизҳо садҳо гектар замини ноҳияро ғасб кардаанд. Барои мисол. деҳаи Ворих ҳеҷ гоҳ анклав набудааст ва танҳо ғасбҳои пайдарпаи қирғизҳо аз Тоҷикистон ҷудо мондааст.
Барои замин байни сокинони ду ҷамоъати ноҳияи Исфара ва қирғизҳо пайваста хархаша рӯй медиҳад. ки гоҳе ба хунрезӣ мекашад. Охирин чунин таниш миёнаи моҳи март сурат гирифта буд, ки ба марги ду ва захмдоршавии даҳҳо сокини Воруху Чоркӯҳ анҷомид.
Комиссиюни байнидавлатии таъсисшуда баъди таниш ваъда дода буд гунаҳкорони марги шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд, аммо бо гузашти беш аз ду моҳ хабаре аз ба ҷавобгарӣ кашида шудани қотилони шаҳрвандони Тоҷикистон нест.