Рубрики Хабарҳо

Блогери низомии маъруфи рус дар инфиҷоре дар Санкт-Петербург кушта шуд

 Яке аз машҳуртарин хабарнигорон ва блогерҳои низомии Русия дар инфиҷоре дар як кафеи шаҳри Санкт-петербург кушта шуд. Дасти кам 16 нафари дигар захмӣ шудаанд. 

Рӯзи якшанбе, дувум апрел Вазорат умури дохилаи Русия эълом кард, ки дар инфиҷоре дар як кафеи шаҳри Санкт-Петербург блогери машҳури низомӣ Владлен Татарсикй кушта шудааст. 

Бар асоси гузоришҳои гуногун аз 16 то 25 нафари дигар захмӣ шудаанд. 

Дар гузоришҳои ғайрирасмии расонаҳои русӣ гуфта мешавад Татарский гурӯҳе аз дӯстонашро ба нишасте таҳти унвони «шаби ватанпарастон» дар кафее дар маркази Санкт-Петербург даъват карда буд. 

Гуфта мешавад, ки ин кафе мутааллиқ ба раиси гурӯҳи муздури “Вагнер”, Евгений Пригожин аст, ки дар таҳоҷуми низомӣ ба Укроин фаъолона ширкат дорад. 

То ҳол ҳеҷ иттилоъе дар борам ангезам ин инфиҷор мунташир нашудааст. Бар асоси ёфтаҳои аввалияи тафтишот, моддаи мунфаҷира дар муҷассамае ҷой карда шуда буда, ки пеш аз оғози нишаст ба Татарский тӯҳфа шудааст.

Номи аслии Владлен Татарский Максим Фомин аст. Ӯ барои ғорати бонк дар Донетск зиндонӣ шуда ва соли 2014 бо фирор аз зиндон ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи зиддиукроинӣ пайвастааст. Соли 2017 тарки нерӯҳои низомӣ карда ба Маскав меравад ва онҷо ба блогери шурӯъ мекунад. 

Аввали соли 2022 дубора ба артиш бармегардад ва ҳамчунин фаъолияти блогериашро идома медиҳад. 

30 сентябри соли 2022 ӯ дар маросими имзои фармон аз ҷониби Владимир Путин дар бораи пайвастани ДНР, ЛНР, вилоятҳои Херсон ва Запорожье ба Русия ширкат кард. Вай баъди хориҷ шудан аз толор гуфта буд: “Мо ҳамаро мағлуб мекунем, ҳамаро мекушем, ҳар касеро, ки лозим аст, ғорат мекунем, ҳама чиз ҳамон гуна хоҳад буд, ки мо дӯст медорем».

Саҳифаи Telegram-ии «Владлен Татарский» тақрибан 563 ҳазор муштарӣ дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *