Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Вашингтон ҳатто дар сурати дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Сипоҳи Посдоронро ҳифз хоҳад кард.
Роберт Мали, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон рӯзи якшанбе дар ҳамоише дар Қатар бо таъктд бар ин, ки ҳусули тавофуқ на “хеле наздик” аст ва на “иҷтинобнопазир”, гуфт: “онҳо (Сипоҳ) тибқи қонуни Амрико ҳамчунон таҳти таҳрим хоҳанд буд. Ва бардошт ва тасаввури мо аз онҳо ҳамоне хоҳад буд, ки то кунун будааст.
Бо ин ҳол Мали таъкид кард, ки Теҳрон ва Вашингтон муддатҳост, ки ба нуқтаи ниҳоии тавофуқ бисёр наздик шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон дар охирин мавзеъгирии худ бо наздик донистани тавофуқ, рафъи таҳрими Сипоҳро аз мавзӯъоти аслии боқимонда дониста буд.
Камол Харрозӣ, вазири собиқи пешин ва мушовири раҳбари Эрон, ки ӯ ҳам дар ҳамоиши Қатар ҳузур дорад низ бо ишора ба ҷойгоҳи Сипоҳи Посдорон гуфт, ки Сипоҳ артиши миллии Эрон аст ва артиши миллии як кишварро наметавон дар зумраи созмонҳои террористӣ маҳсуб кард.
Ҳамзамон Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дирӯз шанбе 26 март дар Қатар гуфт, ки Эрон ва Ғарб ба расидан ба тавофуқ бар сари барномаи ҳастаӣ бисёр наздик ҳастанд. Энрике Мора, муовини вай ҳам барои дидор ва ройзанӣ бо мақомоти эронӣ шаби гузашта вориди Эрон шудааст.
Мора ҳадафи сафар ба Теҳрон ва дидор бо Алӣ Боқириро рафъи шикофҳои боқимонда эълом кардааст.
Албатта бахше аз суханони Амир Абдуллоҳиён дар мавриде “аз худгузаштагии Сипоҳ” ва ин ки мақомоти олирутбаи ин ниҳоди низомӣ ба вай ёдоварӣ кардаанд, ки мавзӯъи Сипоҳ набояд монеъ барои шумо дар музокирот бошад, бо интиқоди ҷараёниҳои муҳофизакор рӯ ба рӯ шуд.
Ҳусайн Шариатмадорӣ, мудири масъули “Кайҳон” ва аз афроди наздик ба раҳбари Эрон, вазири хориҷаи кишварашро ба надоштани дониши кофӣ бар масоили сиёсати хориҷӣ муттаҳам кард ва гуфт: “Ин суханон аз шахсияте дар ҷойгоҳи вазири хориҷа бисёр аҷиб ва ғайримунтазира аст. Чӣ гуна метавон амнияти кишвар ва мардумро бо Амрикои ҷинояткор тохт зад?”
Албатта Амир Абдоллҳиён гуфта аз сӯҳбатҳояш дар мавриди Сипоҳ дуруст бардошт нашудааст ва аз ин возеҳтар намешуда дар мавриди ҷойгоҳи меҳварии Сипоҳ сӯҳбат кунад. Вазири хориҷаи Эрон тавсия карда барои рафъи суъифаҳм мусоҳибаи ахираш дубора мурур шавад. Вай изофа кард: “Он чи гуфта шуд рӯйкарди фармондеҳони олӣ аст ва илло чунин тавофуқе бо риояти комили хатҳои қирмиз ва бадеҳиёт, чунин тавофуқе метавонад ҳосил шавад.”
Аз сӯи дигар Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико ҳам барои ҳузур дар нишасти дурӯза бо ҳадафи оддисозии равобити Исроил ва кишварҳои арабӣ ба Исроил рафта ва қарор аст дар мавриди музокироти ҳастаӣ ҳам бо мақомоти ин кишвар ройзанӣ кунад. Исроил ба тозагӣ дар вокуниш ба эҳтимоли ҳазфи Сипоҳ аз феҳристи таҳримҳои Амрико, чунин иқдомеро як “иштибоҳи бузург” тавсиф карда буд.