11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Раҳмон агар оқил аст, фавран ба як мусолиҳаи миллӣ рӯ оварад

Ба баҳонаи Ҳафтаи Зайд Саидов

Ин ҳафта бо талоши дӯстон дар КШНГЗС барои зиндонии сиёсӣ ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, Зайд Саидов ихтисос дода шудааст. Дӯстон дар сойти “Зиндониён” ба тафсил дар бораи ин мард ва хидматҳои ӯ барои кишвар ва низ чароии боздошт ва зиндонӣ шуданаш навиштаанд. Барои ошноӣ бо ин зиндонии сиёсӣ, метавонед ба матолиби сойт руҷӯъ кунед.

Ва аммо он чи лозим дидам, дар ин ҳафта ёдовар шавам, бо ин ки чандон иртиботе ба Зайд Саидов надорад, аммо ба назарам, масъалаи хеле муҳим аст, ки азизони хонанда бидонанд. Масъалае, ки ҳам барои режими Эмомалӣ Раҳмон муҳим аст ва ҳам барои мухолифон.

Масъала ин аст: мавзеъи мо, тоҷикистониҳо, дар баробари таҳоҷуми Русия ба Укройн чӣ бояд бошад? Яъне манофеъ ва масолеҳи мо, ба унвони як кишвар ва миллати мустақил, чӣ чизеро аз мо металабад? Хусусан, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷаҳон пас аз таҷовузи Русия ба Укройн, ғайр аз он баъди ин тавоҷуз аст. Ҷаҳон дигар мешавад. Саффбандиҳо комилан дигар мегарданд. Дар ин байн, мо бояд ва воҷиб аст, ки таклифи хешро бидонем.

Матлабро бо зикри чанд нукта баён мекунам:

1) Нуктаи аввал ин ки: Русия, аз ин ба баъд, дигар он кишваре нест, ки пеш аз ин ҷанг буда. Хушбахтона ё шӯрбахтона, Путин ҳамаро ба ҳам зад. Ӯ Русияро ба ганд кашид. Ва ҳатто бар фарзи ин ҳам, ки артиши Русия битавонад, кулли Укройнро ишғол кунад (ки албатта баъид аст), ҳатто дар ин сурат, бозандаи ин моҷаро Русия аст. Дар ин шакке нест. Агар касе дар ин ҳақиқат шак дошта бошад, бояд ба равонпизишк (психиатр) муроҷеа ва дармон шавад; гуфтану фаҳмондану баён кардан барои ӯ фоида надорад.

Зеро, таҷовуз дар қарни 21 мисли он чи дар қарнҳои пешин – ва ҳатто қарни 20 – буда фарқ мекунад. Воқеан ба ҳақ гуфтаанд, ки ҷаҳон имрӯза ба як “деҳкада” табдил ёфта, ба гунае, ки агар моҷарое дар гӯшае аз Омозун (Амазонка) иттифоқ биафтад, гӯ ин ки дар канори мани тоҷикистонӣ рӯй дода ва намегузорад, бетафовут бошам, зеро дар тағйири сарнавишти ман ва кишварам таъсири худро мерасонад.

2) Агар пеш аз ин ҷанг ва то ба имрӯз, Тоҷикистон “ҳаёти хилвати” Русия шумурда шуда ва мо ва кишварамон ба наҳве вобаста ба он будем, баъди ин моҷаро аммо, қатъан масъала аз ин қарор нест, магар ин ки худи мо, тоҷикистониҳо ва зеҳнияти мо чунон гардида бошад, ки гумон кунем, кишварамон ҳанӯз рӯи пойи худ наистода (ва наметавонад, биистад) ва Русия камокон “бародари бузургтар”-и мост, ки дасти моро мегирад, вагарна меафтем. Дуруст мисли бардаҳо дар Юнони бостон, ки вақте аз дасти хоҷаҳояшон озод шуданд, пас аз муддате чун зеҳнияти бардагӣ ва мустақил набудан ҳанӯз дар онҳо ҳоким буд ва гумон мекарданд, ҳеч кора ҳастанд ва бидуни хоҷа ва соҳиб наметавонанд рӯи пойи худ биистанд ва аз гуруснагӣ ва ташнагӣ мемиранд, ба домони хоҷаҳои хеш баргаштанд ва “тавба” карданд, ки мо ғалат кардем, ки алайҳи шумо шӯридем.

Русия чандон бадаш намеояд, ки мақомоти Тоҷикистон камокон бо ҳамин зеҳнияти бардагӣ ва вобаста будан ба “бародари бузургтар” боқӣ монда ва гумон кунанд, бе Русия Тоҷикистон ҳеч аст ва аз ин рӯ, ба “фармонравоӣ” ва “тавсия” додан ба мақомоти тоҷик, ки бояд чунин бикунед ё чунон, идома диҳанд. Аммо дар ин миён, хатаре бузургтар вуҷуд дорад.

3) Хатари бузургтар он аст, ки Чин бо истифода аз мавқеият ва заъфи Русия, ҷойи ӯ дар Тоҷикистонро пур кунад. Касе, ки сиёсатҳои Чин дар ду се даҳаи ахирро дунболагирӣ кардааст, мефаҳмад, чӣ мегӯям. Ин кишвар – яъне мақомоти он – дар “набарди нарм” моҳиранд; медонанд, чӣ гуна кишвареро вобастаи худ бисозанд, ба хусус ҳамсояҳои худро. Чин ҳаргиз ва абадан бо ҷанг кишвареро ишғол намекунад. Мақомоти Чин оқилтар аз он ҳастанд, ки дар қарни 21 мисли оқои Путин ба кишваре лашкаркашӣ кунанд. Онҳо, бидуни он ки тире ба сӯи касе холӣ кунанд, ӯро вобаста ва бардаи худ ва кишвареро ишғол мекунанд, ба хусус аз тариқи иқтисодӣ.

Ҳоло, таклифи мо чист?

4) Нахустин шарте, ки кишвари мо, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳаёти худаш ҳамчун як кишвари воқеан мустақил идома ва рӯ ба пешравӣ оварад, ин мусолиҳаи миллӣ аст. Инро аз рӯи заъф ва Худой нокарда аз он рӯ, ки илтимосе ба ҳокими феълӣ (Эмомалӣ Раҳмон) карда бошам, намегӯям. Абадан! Роқими ин сатрҳо мутмаин аст, ҳукумати кунунӣ, бо ин шакл ва ин тарзи ҳукумат кардан, меравад. Дар ин шакке нест. Агар имрӯз на, пас фардо.

Балки аз ин назар мегӯям, ки агар қарор аст, тағйир ва дигаргуние эҷод бишавад – ки хоҳад шуд – пас, бидуни рехтари як қатра хун иттифоқ биафтад.

Хуб, мусолиҳаи миллӣ ба чӣ шакл?

а) Эмомалӣ Раҳмон фавран ва бе диранг, авфи умумӣ эълон кунад;

б) тамоми зиндониёни сиёсӣ, бидуни истисно, озод шаванд;

в) ҳукме, ки ҳукумат ба аҳзоб ва гурӯҳҳое додааст, ки “терурист” ва “экстремист” ҳастанд, ба хусус ҲНИТ, лағв гардида ва барои ҳамаи онҳо ба сурати расмӣ иҷозати фаъолият дар дохили кишвар дода шавад;

г) тамоми муҳоҷирони сиёсӣ ба кишвар баргарданд;

д) фавран ва бе диранг, қонуни “Пешво” дар кишвар тавассути порлумон лағв гардад;

е) баъд аз он, ба Қонуни Асосӣ тағйироти решаӣ ворид сохта ва як раъйгирии умумӣ барои таъйиди қонуни ҷадид баргузор гардад;

ё) интихоботи порлумон бо ширкати ҳамаи аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва назорати СММ ва назорати худи аҳзоб – ки қонуни ҷадид замонати онро медиҳад – иҷро шавад;

ж) Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи вобастагони ӯ, аз писару духтару домоду ҳамсояву хешу табораш, аз тамоми имтиёзҳо холӣ ва бо онҳо Худоҳофизӣ шавад;

и) интихоти риёсати ҷумҳурӣ бо ширкати ҳамаи аҳзоб ва гурӯҳҳо баргузор гардад.

5) Агар Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба мусолиҳаи миллӣ наёварад ва дар сояи тағйирот ва саффбандиҳои ҷадид дар ҷаҳон, камар барои эҷоди дигаргуниҳои решаӣ дар Тоҷикистон набандад, мутмаин бошад, ин тағйирот шуданӣ ҳастанд. Агар ӯ ба ақл наояд ва ҳамон тавре, ки ваъда додааст, “бо хун омада, бо хун меравад”, пас, худаш ва ояндаи фарзандон ва наслашро бо маҳрумият рӯ ба рӯ кардааст. Зеро, дар сурати самоҷати Раҳмон барои истодан бар курсӣ ва ё вогузоштани он барои фарзандаш, яқин кунад, ки худ ва фарзандони худро ба дастони худаш соқит кардааст.

Ин тағйирот ҳатман хоҳад шуд ва аз онҳо чорае нест. Тоҷикистон Туркманистон нест.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *