Categories Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР/18.04

Иттиҳодияи ҷаҳони ислом (MWL) ҳамлаи Исроил ба Масҷиди Ақсоро маҳкум кард. Дабири кулли ин созмон, ки мустақар дар Арабистони Саудӣ аст, доктор Муҳаммад бин Абдулкарим Ал-Исо бо нашри як изҳороти хаттӣ ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба Масҷиди Ақсоро шадидан маҳкум кард. Изҳороти мазкур дар вебсайти созмон нашр шудааст. 

Ал-Исо дар мавриди ин иқдоми хатарнок, ки боиси авҷ гирифтани вазъ мешавад, таъкид кард, ки иқдомоти нирӯҳои исроилӣ ба амният ва беҳбудии оромгоҳҳо ва намозгузорони мусалмон таъсир гузошта, ҳамчунин ҳамла ба онҳо ба раванди сулҳ дар саросари Ховари Миёна таъсири манфӣ мерасонад.

Дабири кулл гуфт, ки ҳамла ба Масҷиди Ақсо нақзи меъёрҳои марбутаи байналмилалӣ аст.

Доктор Муҳаммад бин Абдулкарим Ал-Исо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки фавран мудохила кунанд, то танишҳоро сари вақт қатъ ва маҳкум кунанд.

Рӯзи 15 апрел пулиси Исроил ба масҷиди Ақсо ҳамла карда буд, ки дар натиҷа 152 нафарро маҷрӯҳ ва 400 нафар  фаластиниро боздошт карданд.

*****

Аз 24 феврали соли 2022 дар ҷараёни амалиёти низомии Русия дар Украина 21 хабарнигор кушта шудаанд.

Рӯйхати хабарнигорони кушташуда дар амалиёти низомӣ дар гузориши Кумитаи озодии баён дар вебсайти Верховная Радаи Украина нашр шудааст.

Бар асоси ин гузориш, дар даргириҳои миёни Русия ва Украина 21 хабарнигор, аз ҷумла намояндагони расонаҳои хориҷӣ кушта шудаанд.

***

Хунтаи низомии Мянмар ду фармони афв содир кард, то дар маҷмӯъ 1619 маҳбусро афв ва озод  кунад.

MRTV дар ин бора иттилоъ додааст. Ин тасмим ба муносибати ҷашни анъанавии Соли нав дар кишвар гирифта шудааст.

Дар миёни афвшудагон 42 маҳбуси хориҷӣ низ ҳастанд. Онҳо озод ва депорт карда мешаванд.

Кхин Шве, сухангӯи хадамоти зиндонҳои Мянмар гуфт, афроди озодшуда умдатан ҷинояткорони оддӣ ё дастдор ба қочоқи маводи мухаддиранд.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки оё дар ин миён маҳбусони сиёсӣ ҳам ҳастанд, ё на. 

***

Сарвазири Италия гуфт, ки гуфтугӯ бо Путин бефоида аст

Марио Драгӣ, нахуствазири Итолиё, мегӯяд, ки гуфтугӯ бо Владимир Путин дар бораи ҷанг тавассути телефон бефоида аст, зеро онҳо ҳеҷ натиҷае нахоҳанд дод.

«Ман дар як занги телефонӣ бо ӯ дар бораи сулҳ сӯҳбат кардам ва  пурсидам, ки кай бо Зеленский мулоқот мекунад? Ӯ ҷавоб дод: «Вакти он нест.” Ман боз пурсидам, ки дар бораи қатъи тирандозӣ қарор қабул кунанд. Вай ҷавоб дод:” Вақти он нест” Баъд вай дар бораи бо рубл пардохт кардани нархи газ сӯҳбатро идома дод. Мо хайрухуш карда, розй шудем, ки баъди чанд руз вомехурем.

Пас аз он хабари даҳшати Буча расид. Дуруст аст, ки бо ӯ сӯҳбат кардан бефоида аст,  фикр мекунам, ки ин танҳо вақтро беҳуда сарф кардан аст.

***

Покистон аз Толибон талаб кардааст, ки ҳамлаҳои террористиро дар қаламрави худ қатъ кунад

Дар ин бора хабаргузории The News International бо такя ба изҳороти Осиф Ифтихор, сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон хабар додааст. Вай таъкид кард, ки террористон дар Афғонистон ба сарбозони покистонӣ ҳамла мекунанд ва фаъолияти онҳо дар рӯзҳои ахир шиддат гирифтааст.

Ба гуфтаи вай, музокироти тайи моҳҳо бо Толибон анҷомдодаашон  бенатиҷа анҷом ёфтааст. Террористон, аз ҷумла “Таҳрики Толибони Покистон”, ҳамлаҳоро афзоиш медиҳанд, ки дар натиҷа чанд сарбоз кушта шудаанд. Ин имкон намедиҳад, ки сулҳу субот дар минтақа пойдор монад.

Ҳамзамон, Исломобод соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари ҳамсояро эҳтиром мекунад ва ният дорад, ки ҳамкориҳоро бо Толибон идома диҳад.

***

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лин аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки интиқоли силоҳ ба Украинаро суръат бахшанд.

Фон дер Лин ба хабаргузории Bild am Sonntag гуфт: «Ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бояд ба қадри имкон ба Украина силоҳ таъмин кунанд, зеро танҳо дар он сурат Украина ба чунин ҳамла тоб оварда метавонад».

Раиси Комиссияи Аврупо ҳамчунин ишора кард, ки Иттиҳодияи Аврупо бастаи шашуми таҳримҳои зидди Русияро омода мекунад.

***

Туркия амалиёти нави низомиро алайҳи Ҳизби коргари Курдистон дар шимоли Ироқ оғоз кард

Туркия дар марҳилаи аввал паноҳгоҳҳо, бунерҳо, нақбҳо, ғорҳо ва анборҳоро зарба задааст. Гуфта мешавад, ки низомиён ба ҳадафҳои худ расидаанд. Анқара ин амалиётро хоҳиши ҳифзи кишвар аз таҳдиди террористӣ арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи вазорати дифоъ, ҳадафи Туркия танҳо террористҳост.

******

Раисиҷумҳури Яман Мансур Ҳодӣ, ки дар авоили моҳи апрел таҳти фишори Арабистони Саудӣ ваколатҳояшро ба Шӯрои президентӣ супурда буд, ҳоло «дар ҳабси хонагӣ» қарор дорад. Дар ин бора рӯзномаи The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

Ба гуфтаи яке аз мусоҳибон, Ҳодӣ дар ҳоли ҳозир дар манзилаш дар Риёз қарор дорад ва наметавонад аз телефон истифода кунад.

Ба гузориши манобеъи WSJ, Арабистони Саудӣ фармонеро ба валиаҳд Муҳаммад бин Салмон Ҳодӣ супурдааст, ки салоҳиятҳояшро ба шӯро вогузор кунад. Бино ба гузоришҳо, шоҳзода гуфта буд, ки раҳбарони дигар дар Яман ба мувофиқа расидаанд, ки замони истеъфои раисиҷумҳури феълӣ расидааст. Риёз ҳамчунин бо эъломи ҷиноятҳои коррупсионии Ҳодӣ таҳдид кардааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *