Дар мақолаҳои қаблӣ гуфта будем, ки гурӯҳе соҳаи ҳавопаймоии кишварро ба манбаъи даромади худ табдил додааст. Ин гурӯҳи муташакккил ҳамаи мансбаҳои калидии соҳаро дар ихтиёр гирифта, бо сӯистифода аз он миллионҳо сомонии давлатро ғорат мекунад.
Азбаски аксари узви ин гурӯҳи муташаккил мутахассисосни соҳа нестанд, бо ибтикори онҳо даҳҳо мутахассис тарки соҳа карда, ба кишварҳои дигар рафтаанд. Танҳо зараре, ки давлат аз ҳиҷрати мутахассисон дидааст, ба миллионҳо доллар мерасад. Чун барои омодасозии як мутахассиси ин соҳа 50-100 ҳазор доллар масраф мешавад.
Дар мақолаи имрӯза ба муаррифии ин гурӯҳ мепардозем.
Роҳбари гурӯҳ Холиқов Рустам Исуфович аст. Ӯ, ҳарчанд зикраш дар расонаҳо каматр меравад, яке аз наҳангҳои бузурги кишвар аст. Қудраташ то ҳадест, ки метаовнад дар таъини вазири нақлиёт ва ҳамаи мансабҳои ин вазорат дахолат кунад. Чун тамоми корномаҳои ӯ дар навиштаи умумӣ ҷой намегирад, Паём тасмим гирифт дар бораи ӯ дар як мақолаи алоҳида нависад.
- Ҷураев Сӯҳроб Муқимович
Ҷураев ба соҳаи авиатсионӣ, аниқтараш ба Тоҷик Эйр соли 2001 омад, аммо бидуни ихтисос. Ихтисосро дар ҷараёни кор дар Доникадаи авиатсионии Маскав гирифт. Бинобар корчаллониаш тавонист диққати Холиқовро ба худаш ҷалб кунад ва зуд узви тими ӯ шавад.
Аввалин “амалиёти муваффақ”-и ӯ, замоне ки дар вазифаи ҷонишини раҳбари техникӣ оид ба азхудкунии техникаи ғарбӣ кор мекард, дарёфт ва харидории ду ҳавопаймои Боинг 737-500 буд, ки аз ширкати литвонии «FL Technics» бо лизинг харида шуд. Он замон ин ду тайёра дар бозор аз 3 то 5 миллион доллар нарх доштанд. Вале барои “Тоҷик Эйр” ҳар кадоми он 9 миллион долларӣ тамом шудаанд. Бо вуҷуди пардохти 18 миллион доллар барои ин ду тайёраи фарсуда, то ҳанӯз кашмакашҳои додгоҳӣ нисбати он давом доранд. Ҷониби фурӯшанда 3 миллион доллари дигар талаб дорад.
Вале кор бо ин тамом намешавад. Барои он ки ин ҳавопаймоҳо ба ихтиёри “Тоҷик Эйр” гузаранд, бояд 2 миллион долларии дигар барои ҳар кадоме масраф шавад. Ниҳоятан ду тайёрае, ки қимати миёнаашон дар бозор аз 4 миллион доллар боло нест, барои ширкати миллии ҳавопаймоӣ 12,5 миллион ҳар кадоме тамом мешаванд.
Амалиёти дигари “муваффақона”-и Гурӯҳ бо дасти Сӯҳроб Ҷӯраев хариди як агрегат бо номи “Автомат перекоса” дар соли 2011 ба чархболи раисҷумҳур буд. Тафтиши ин агрегат маълум кард, ки он тақаллубӣ аст ва аз васл кардани он ба чархбори Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ гардид. Додситонӣ алайҳи Ҷӯраев парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард, вале он ба зудӣ бо дахолати Холиқов қатъ гардид.
Ба Гурӯҳ муяссар шуд боз ҳам бо дасти Ҷураев С. бо ширкати лизингии “Авиагейт” шартномаи иҷораи лизингӣ барои ҳавопаймои Боинг 767-300 банад. Тибқи шартнома тайёра бояд бо шурути “лизинги тар” (мокрый лизинг) истифода мешуд. Яъне иҷорадеҳ бояд ҳамроҳ бо тайёра гурӯҳи парвозӣ (халабонҳову стюардессаҳо)-ро медод, ва таъмини техникии он, аз ҷумла кормандони техникӣ ва қисмҳои эҳтиётии онро ба дӯш мегирифт. Вале то имрӯз тайёра бо шурути “лизинги хушк” истифода мешавад. Яъне гурӯҳи парвозӣ, таъмир ва таъминоти техникӣ пурра ба дӯши “Тоҷик Эйр” аст.
Нархи бозории лизинги тари як Боинг 767-300-и кӯҳна ҳудуди 100 000 доллар барои як моҳ аст. Лизинги хушк 15-20 дарсад арзонтар тамом мешавад. Яъне гурӯҳ аз иҷораи Боинг 767-300 моҳона 15-20 ҳазор доллар даромад мегирад. Ин ҳам агар ин тайёра бо нархи миёнаи бозорӣ ба иҷора гирифта шудааст.
Дертар Ҷӯраев ба мансаби ҷонишини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёт расид ва амалиёти дигареро роҳандозӣ кард: ду тайёра ва ду чархболи хориҷӣ дар “Тоҷик Эйр” ба қайд гирифта шуданд, ки Тоҷикистонро надидаанд. Онҳо дар куҷо парвоз мекунанд, чӣ мекашонанд, маълум нест. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки бо парчами “Тоҷик Эйр” парвоз мекунанд ва ба Гурӯҳ моҳона ҳақи қайд пардохт мекунанд.
Айни ҳол Ҷӯраев боз ҳам бо тавсияи Холиқов ҷонишини Раҳбари кулли Сомон Эйр таъин гардидаст ва назорати фурӯши билетҳои ин ширкатро ба дӯш дорад.
- Шералӣ Ганҷалзода
Ҷуғрофиёяш ва дастгирии Холиқов ба Ганҷалзода имкон дод, ки яке аз бузургтарин ҷаҳишҳо дар зинаҳои мансабиро анҷом диҳад. Дар соли 2009 ӯ тавонист аз мансаби муовини раиси ноҳияи Синои пойтахт ба курсии муовини вазири нақлиёт “биҷаҳад” ва ҳамагӣ ним сол пас вазири нақлиёт таъин гардад. Вале карераи вазириаш ҳамон тавре, ки ногаҳон оғоз шуда буд, ба итмом расид.
Дар муддати кӯтоҳи вазириаш тавонист ҳади ақал як амалиёти бузург роҳандозӣ кунад, ки наздик ба 1 миллион доллар фоида овард. Албатта ба худаш. Ӯ ба лоиҳаи сохтмони роҳи Ванҷ 40 миллион сомонии иловагӣ ворид кард.
Дар баҳси Тоҷикистону Русия оиди парвозҳо байни шаҳрҳои Тоҷикитсон ва фурӯдгоҳи “Жуковский”-и Маскав ҳам бештар аз ҳама Ганҷалзода бурд кард. Хонандагони гиромӣ бояд ба хотир дошта бошанд, ки бар сари ин парвозҳо ҷанҷоли калоне сурат гирифт, ки дар натиҷа даҳҳо парвоз ҳазф шуда, ҳазорон мусофир саргардон шуданд. Ҷониби Тоҷикистон намехост ба ин парвозҳо иҷоза диҳад ва паритет талаб мекард. Баъдан Ширкатҳои русии “Уралские авиалинии” ва “Ямал” иҷозати парвозро дастрас карданд. Уралсикие авиалинии то ҳол бидуни паритет парвоз мекунад ва ягона ширкати парвозкунанда Жуковский ба Душанбеву Хуҷанд аст. Тибқи маълумоти як манбаъ, Ганҷалзода барои додани иҷозат ба парвози ин ду ширкат 100 ҳазор доллар пора гирифтааст.
- Хайрулло Раҳимов
Собиқ раҳбари Тоҷик Эйр, ки намоиш дод фасоди идориро то кадом сатҳ мешавад боло бурд. Дар ҳоле, ки дар ширкати ҳавопаймоӣ ҳамагӣ ду (!) тайёра пурра истифода мешуд, ин “менеджери муваффақ” ҳафт (!) муовин дошт. Ва дар назди худ дастгоҳи раҳбари ширкатро таъсис дода буд. Мисли раисҷумҳур.
Замони роҳбарии Раҳимов қарзи 17 миллионсомонии ширкати “Мутриба” аз Тоҷик Эйр ғайб зад. Ин ширкат замони раҳбарии Рустам Холиқов дар “Тоҷик Эйр” фармоишгари хатсайрҳои чартерӣ ба шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Сургут буд. Тибқи маълумотҳо маблағи парвоз, ки бояд ба хазинаи Тоҷик Эйр ворид мешуд, рост ба дасти Холиқов мерафт ва боис шуд “Мутриба” аз Тоҷик Эйр 17 миллион сомонӣ қарздор шавад. Ин маблағ ба ивази 25 дарсаде, ки Раҳимов аз Холиқов дарёфт кард, “фаромӯш” шуд. Маълумоти бештарро дар бораи ширктаи “Мутриба” ва ҳамкориаш бо Холиқов дар мақолаи оянда бихонед.
Иҷораи ҳавопаймои Боинг 767 низ бо лизинги “тар” ва истифодааш бо лизинги “хушк”, ки дар натиҷа барои ин гурӯҳ даҳҳо ҳазор доллар фоида меорад ва зикраш дар мақолаҳои қаблӣ рафта буд, дар замони Раҳимов иттифоқ афтодааст. Тибқи баъзе маълумотҳо ин ҳавопаймо ба Холиқов таъаллуқ дошта бо ҳамон 17 миллиони “Мутриба” харида шудааст.
4. Исматулло Абдуллозода
Раҳбари кулли фурӯдгоҳи Душанбе. Бузургтарин “амалиёт”-и Абдуллозода, ки ҳамроҳ бо Холиқов анҷом додааст, пӯшонидани қарзи ширкати русии “ЮТ Эйр” аст, ки барои ин ду 900 000 доллар фоида овардааст.
Холиқов замони раиси фурӯдгоҳи Душанбе буданаш аз “ЮТ Эйр лизинг” техникаи махсус барои фурӯдгоҳ харидорӣ мекунад. Аз замони оварда шуданаш ба Душанбе маълум буд, ки ин васоити техникӣ аслан корношоям ва барои фурӯдгоҳи Душанбе нолозим аст. Дар аввал ба назар мерасид ин васоити техникӣ бо лизинг ва таъмини талаботи фурӯдгоҳ гирифта шудааст. Вале анҷоми кор ва корношоямии васоит маълум сохт, ки ин як амалиёти бузурги ғорати буҷаи кишвар аст.
Исматулло Абдуллозода дар байн
Раҳбари Гурӯҳ, ки солҳо раисии фурӯдгоҳи Душанберо ба дӯш дошт, замони раёсати худаш ҷуръат накард ин амалиётро роҳандозӣ кунад. Танҳо баъди ба курсии худаш шинондани Абдуллозода ин амалиёти бузургро бо дасти ӯ амалӣ сохт. Ин васоити техникӣ гӯё 4,5 миллион доллар нарх дошт. Аҷобати дигари кор дар ин буд, ки қарзи ширкати ҳавопаймоии ЮТ Эйр ҳам аз фурӯдгоҳи Душанбе ҳамин қадар буд. Дар натиҷа ин қарзи бузург ба ивази техникаи корношоям пӯшонида шуд. Ҳақи Абдуллозода ва Холиқов аз ин амалиёт 20 дарсад буд.
Дар ҳоле, ки фурӯдгоҳи Душанбе ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар сурати доштани қарзи бештар аз 30-40 ҳазор доллар иҷозаи нишаст намедиҳад, қарзи 4,5 миллиондолларии ЮТ Эйр аз куҷо пайдо шуд? Дар ин бора дар матлаби оянда, ки ба Рустам Холиқов бахшида хоҳад шуд, бихонед.
Абдуллозода ба Тоҷик Эйр аз “Роҳи оҳани Тоҷикистон” омадааст. Ва дар кӯтоҳтарин муддат собит кард, ки на танҳо мутахассиси соҳаи авиатсия нест, балки камтарин қоидаи ин соҳаро намедонад. Ӯ беҳтарин мутахассисон ва сутуни асосии Тоҷик Эйрро бо дӯстону наздиконаш, ки аслан тасаввуре дар соҳаи ҳавопаймоӣ надоранд, иваз кард. Ин кори ӯ боиси бо шиддат поён рафтани сатҳи бехатарии парвозҳо дар хидматрасонии ҳавопаймоҳо ва мусофирон гаштааст. Қобилияти бо сифат ва тахассус анҷом додани кори худро надоштани баъзе аз кормандони нави Тоҷик Эйр боиси ба таъхир афтодани парвозҳо ва ҳатто зарар дидани тайёраҳо шудааст.
5. Қурбон Алимардон
Роҳбари кулли фурӯдгоҳи байналмиллалии Хуҷанд. Баробари расидан ба мансаб ба сохтмони терминали нав шурӯъ кард. Албатта сохтмони терминал хуб аст, ҳам барои мусофирон, ҳам барои имиҷи фурӯдгоҳ. Вале инҷо ду “аммо” вуҷуд дорад:
1. Фурӯдгоҳи Хуҷанд бо шумори мусофироне, ки дорад, ба терминал нав ниёз надорад. Баъди сохтани терминали “Нур”, терминали кӯҳаи ин фурӯдгоҳ тақрибан истифода намешуд. Ба терминали саввум аслан ниёзе набуд.
2. Сохтмони ин терминал бо ҳеҷ як муассисаи лоиҳакашӣ тавофуқ нашуда, тибқи нақшаву ҳисоботи раҳбари фурӯдгоҳ бунёд гардидааст.
Муҳимтраин ҳадаф аз ин сохтмон, албата пулшӯӣ аст.
6. Лоиқ Ашуров
Раҳбари “Тоҷикаэронавигатсия”, ки бо вуҷуди талаботи ихтисос дар ин мансаб, мутахассиси ин соҳа нест. Бо эътирофи худаш аз ӯ Рустами Эмомалӣ пуштибонӣ мекунад. “Қоидаҳои нав”-и ҷорӣ кардаи Ашӯров боис шудааст, мутахассисони соҳа тарки ин ниҳод карда, рӯ ба хориҷ оваранд.
Дар як муддати кӯтоҳ ӯ қисмате аз заминҳои мутааллиқ ба “Тоҷикаэронавигатсия”-ро азхуд карда ба сохтмони хонаи истиқоматӣ барои худаш оғоз кард. Ин хонаи истиқоматии 4-ошёна албатта аз ҳисоби моҳонаи Лоиқ Ашӯров сохта намешавад. Барои ин сохтмон хазинаи “Тоҷикаэронавигатсия” вуҷуд дорад.