Омодагӣ ба ҷашн ё ҷанг?
Дар ҳоле, ки кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон дубора баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавиро манъ ва карантин ҷорӣ мекунанд, дар Тоҷикистон бо ширкати даҳҳо ҳазор нафар ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият омодагӣ мегиранд. Мақомот мегӯянд тамоми ҷораҳо барои пешгирӣ аз сироят шудани “маршировка”-чиҳоро андешидаанд. Омодагӣ ба ҷашн шабеҳ ба омодагӣ ба як ҷанг аст — бигзор гурӯҳе қурбон шаванд, аммо машқ ҳатмист. Дар ҳамин ҳол омодагии мақомот барои пешгирӣ аз таниш дар марз, ки ҳар рӯз доғтар мешавад, бамаротиб камтар аз омодагӣ ба ҷашн аст. Аммо хатар танҳо марз ва COVID-19 нест.
Дар Узбекистон ситоди фаврӣ оиди мубориза алайҳи коронавирус қарор содир намуд, ки баргузории тамоми маъракаҳои оммавӣ мамнӯъ карда шавад. Дар хабаре, ки дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Узбекистон расонаӣ кардааст, гуфта мешавад, ки «Дар робита ба вазъи эпидемиологӣ дар Ӯзбекистон баргузории тамоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла доир гардидани консерту фестивалҳо ва инчунин тетру толорҳои синамо мамнӯъ карда шуд»..
Ҳаимнгуна маҳдудиятҳо дар Қирғизистону Қазоқистон ҳам ҷорӣ шудаанд. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон эълон кард “вобаста ба хуруҷи мавҷи нави бемории коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд”.
Аммо омодагӣ ба ҷашн аз тамоми маҳдудиятҳои карантинӣ ва чораҳои эҳтиётӣ муоф аст. Тибқи иттилоъи манобеъи Паём танҳо дар як варзишгоҳи Душанбе беш аз ду ҳазор нафар донишҷӯ машқ мекунанд. Чунин машқҳо ҳади ақал дар панҷ варзишгоҳи дигар ҷараён доранд.
Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дирӯз эълон кард марҳалаи бисёр хатарноки вируси коруно фаро расидааст ва дар кишварҳое, ки ваксинзанӣ бо мушкил пеш меравад ба маргумири зиёде дастбагиребон хоҳанд шуд. Тоҷикистон шояд ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки барои хариди воксин ягон тин ҷудо накардааст ва ҳоло, баъди ташдиди шуйӯъи он боз дасти гадоӣ ба ҷаҳон дароз кардааст, то барояш воксини бепул садақа кунанд. Нигарониҳое вуҷуд доранд, ки шиддат гирифтани паҳншавии вирус дарёфти воксин дар ҷаҳонро ба мушкил рӯбаурӯ кардааст. Ҳоло кишварҳое, ки мехоҳанд онро харидорӣ кунанд дар навбатанд, чӣ расад ба садақаталабҳо.
Ҷашни 30-соалагии Истиқлолият, ки қарор аст ба бузургтарин ҷашн дар таърихи Тоҷикистон бошад, бо дарназардошти вируси кушандаи коруно ва мушкили дарёфти воксин метавонад ба фоҷеъабортарин ҷашн дар таърихи кишвар ҳам табдил шавад. То ҷашн беш аз ду моҳ замон ҳаст, аммо коршиносон ба ин назаранд, ки ҳамин маршировкаҳо бо ҳузури донишҷӯён аз тамоми манотиқи кишвар метавонад фоҷеъаро суръат бахшад.
На танҳо зз донишҷӯён, ки бояд дар тобистон ба таътил раванд ҳамчун ғулом истифода мешавад, балки хатари гирифтории саросарии онҳо ба вирус ва интиқоли он ба зодгоҳашон дар манотиқ бисёр болост. Аммо мақомот мегӯянд донишҷӯёш дар “маршировка” ихтиёрӣ ширкат мекунанд ва миннат ҳам мениҳанд, ки бо ғизои бепул ва стипендияи 200-300 сомонӣ таъмин мешаванд. Аз масъулиятношиносии мақомот, ки ба хотири ҷашн ҷони миллионҳо нафарро ба хатар андохтаанд, бигзарем. Дар ин бора зиёд гуфта шудааст. Мақомот риски гирифтории донишҷӯ ба коруно ва интиқоли он ба хонаводаашро, ки имкон марги яке аз онҳо ҳам вуҷуд дорад, 200-300 сомонӣ ва ғизои бепул нарх кардаанд ва даъво доранд, ки донишҷӯён ихтиёран ба ин риск рафтаанд.
Дар посух ба 5 суоли рӯзноманигор Раҷаби Мирзо сухангӯи Вазорати маориф пуррӯёна посух медиҳад, ки “барои донишҷӯёне, ки дар “маршировка”-ҳо ширкат мекунанд, вобаста ба имконоти муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ҷараёни “маршировка” ҳатман 200 – 300 сомонӣ маблағ ва ҳамарӯза ғизои ройгон дода мешавад”.
Раҷаби Мирзо аз посухи сухангӯи Вазорати маориф ба суолҳои ҳуқуқиаш 8 хулоса берун овардааст:
- Аксари донишҷӯён бо хоҳиши худ ба «маршировка» мераванд;
- Ин маънои ватандӯстиро дорад;
- Донишҷӯенро бо ғизои бепул таъмин мекунанд;
- 200 -300 сомонӣ ҳар моҳ пул медиҳанд;
- Бо хобгоҳ таъмин менамоянд;
- Дар вақти имтиҳону санҷишҳо кӯмак мекунанд;
- Ҳеч касро барои иштирок накардан дар «маршировка» хориҷ накардаанд, мушкил пеш наовардаанд ва накарданду намеоранд;
- «Маршировка» ҳарчанд мафҳуми ҳуқуқӣ нест, аммо ба қонунгузории Тоҷикистон ва ҷаҳон мухолифат надорад..
Ва аз донишҷӯён хоҳиш кардааст, ки дар баҳс ширкат кунанд, то ҳақиқат равшан шавад. Вале баъзе ҳақиқатҳо аз , ки рӯзноманигорони Азия Плюс бо донишҷӯён дар “маршировка” гирифтаанд ошкор мешавад. Дар ин мусоҳиба донишҷӯе мегӯяд ба онҳо 100 сомонӣ ваъда кардаанд, аммо ҳамонро ҳам то ҳол надидаанд.
Дар ин мусоҳиба ҳақиқатҳои дигаре низ ошкор мешавад — ихтиёрӣ ё маҷбурӣ будани ширкати донишҷӯён ва таъсири он ба саломатиашон. Табибе, ки мегӯяд ҳар рӯз барои муробиқати донишҷӯён аз соати 6-и субҳ то 10 дар майдон ҳузур дорад, иқрор мекунад ҳар рӯз чанд донишҷӯ аз ҳуш меравад.
Дар посухи сухангӯи Вазорати маориф як нуктаи дигар низ ифшо мешавад: ин вазорат донишҷӯёнро бо амри мақомоти дигар ба “маршировка” ҷалб кардааст. дар посух омадааст: “дар ин гуна чорабиниҳо Вазорати маориф ва илм танҳо рисолатеро анҷом медиҳад, ки бо дархости ниҳоди ташкилкунандаи чорабинӣ теъдоди муайяни иштирокчиёнро таъмин месозад”. Яъне эътироф мекунад “бале, мо дорем ҷиноят мекунем, аммо бо амри боло”.
Бояд гуфт ин машқҳо дар гармои 40 дараҷа зери офтоб баргузор мешаванд. Баровардани донишҷӯён барои машқ дар майдонҳо дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон аз мардум хостааст бинобар гармиҳои шадид то ҳади имкон аз баромадан ба кӯча худдорӣ кунанд. Тибқи итилоъи ин ниҳод рӯзҳои наздик гармии +45 то +47 дараҷа ҷануб ва +39 то +44 дараҷа дар водиҳо дар назар аст. Ҳамчунин гармиҳо боиси обшавии пиряхҳо ва баланд шудани оби дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшонро дар пай хоҳанд дошт.
Аммо баландшавии оби дарёҳо ба “маршировка” чӣ рабт дорад? Посух ин аст, ки рабти мустақим дорад ва хатари дигаре, аммо ба ҷони хонандагони мактаб дар ноҳияи Айнӣ эҷод кардааст. Бархе аз волидони хонандаҳои чанд мактаби миёнаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз он шикоят доранд, ки мақомоти ноҳия фарзандони онҳоро барои пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон, ки қарор аст ба ин ноҳия сафар кунад, ҳар субҳ мебаранд ва бегоҳӣ меоранд. Ин волидон мегӯянд, ки шурӯъ аз 3 июни соли равон дар ноҳияи Айнӣ, бештар аз 1000 мактабхон ба хотири пешвози Эмомалӣ Раҳмон ба “маршировка” ҷалб шудаанд.
Нигаронии волидон аз он аст, ки сафари раисҷумҳур ба ин ноҳияи кӯҳистон дақиқ нест ва фарзандони онҳоро бештар аз як моҳ аст, ки мебаранду меоранд. Хусусан дар замони хуруҷи дигарбораи коронавирус, масъалаи таъмини амнияти саломатии фарзандон онҳоро ба ташвиш андохтааст. Ҷалби хонандаҳои мактаб дар ин ноҳия ба хотири пешвози раисҷумҳур дар ҳолест, ки ҳоло таҳсил дар мактабҳо таътил шудаву дарсҳо хатм шудаанд.
Ин хонандагон ҳамарӯза аз канори дарёи Зарафшон ва аз пулҳои болои он убур мекунанд ва баландшавии оби дарё хатари мустақим ба ҷони онҳо ҳангоми равуо ба “маршировка” аст.
Аммо чаро режим бо ин ҳама риск ба ҷони миллионҳо нафар аз тасмими баргузории ҷашн дастбардор нест ва оё ҷуз бесалоҳиятӣ сабаби дигаре ҳам дорад? Дар мо яке аз сабабҳояшро зикр карда будем — Раҳмон мехоҳад ҳукумати 30-солаашро бо триумф ҷамъбаст кунад. Ҳоло мепардозем ба сабаби дигараш:
Раҳмон чун ҳеҷ дастоварде дар 29 соли ҳукмрониаш надорад, мехоҳад бо сохтани парчами баландтарину баргузории ҷашнҳои ҳангома аз худ бузургтарошӣ кунад. Ин ҷашнҳо ягона саҳнаеанд. ки “пешво”-ро даҳҳо ҳазор нафар бо кафкӯбиву ҳаёҳӯ пешвоз мегиранд ва ба ӯ фурсат медиҳанд худашро пешвои воқеъӣ эҳсос кунад.
Аммо бо вуҷуди эйфорияи чандсоата, ҳамеша ин бузургтарошиҳо бар зарараш тамом шудаанду мутассифона ба худ намеояд. Ҷашни бакорандозии чархаи аввали Роғунро ба хотир оред. Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷашн мисли як шоҳи асримиёнагӣ зуҳур кард ва камтар саҳнае дар 50 соли охир дар ҷаҳон пайдо мешавад, ки як нафарро ин қадар тақдис карда бошанд. Ӯ хост ягона нимадастовардаш — бакорандозии чархаи НОБ Роғунро ба 26-солагии расиданаш ба қудрат рост орад то триумфе дошта бошад. Аммо бинобар шитоб дар бакорандозии чарха, моҳе пас он аз кор монд ва даҳҳо миллион доллар хисорот овард. Ҷуз хисорот эътимоди мардум, сармоягузорони чӣ хориҷиву дохилӣ ва коршиносон ба сохтмони Роғун аз даст рафт. Бо вуҷуди кӯшишҳои беохири ҳукумат дигар ҳеҷ касе ҳозир нест ба ин нерӯгоҳ сармоягузорӣ кунад. Мардум ҳам дигар умеди камтаре ба “рӯшноии Роғун” доранд.
Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони вуруди вируси коруно, ки сабаб шуд он ба тамоми кишвар паҳн шуда боиси гирифтории миллионҳо ва марги даҳҳо ҳазор нафар шавад, рейтинги бе ин ҳам поини Эмомалӣ Раҳмон байни мардумро поинтар бурд. Тахмин мешавад яке аз сабабҳои бедоршавии мардум дар як соли ахир баргузории ҳамин ҷашни кушанда буд.
Ҳоло қарор аст ҷашне даҳҳо баробар бузургтар аз он ҷашни Наврӯз баргузор шавад. Бе гумон ин ҷашн хисороти зиёде ба саломативу ҳаёти мардум ворид хоҳад кард ва бо гумони ғолиб ба фоҷеъае камназир табдил хоҳад шуд. Танҳо суоли матраҳ ин аст, ки мардум ин дафъа ҳам мунтазир мемонад то фоҷеъаи бузурге аз доманаш бигирад, ё билохира дастбакор мешаваду ҳади ақал ҷашни кушандаро лағв мекунад?