Рубрики Хабарҳо

Қоидаи вуруду будубош дар Русия тағйир кард

Барои вуруд ва ё будубоши дарозмуддат дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд санади ягона бо як ҳомили электронӣ дарёфт мекунанд.

Ба иттилои нашрияи  , ин нукта дар  лоиҳаи қонуни аз ҷониби ВКД Русия таҳиягардида зикр шудааст.

Гуфта мешавад, “ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия бо ҳомили электронии маълумот ба ӯ тибқи аризааш ба мақомоти федералии минтақавии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи умури дохилӣ бевосита тавассути воҳиди зертобеъ ё дар шакли электронӣ ба расмият дароварда мешавад”.

Дар назар аст, ки муҳлати амали ин ҳуҷҷат 10 сол хоҳад буд.

Барои гирифтани он дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба Русия супурдани изи ангуштон (дактилоскопия) ва аксбардорӣ зарур аст. Ғайр аз ин, муоинаи тиббии мавҷуд набудани бемории вобастагӣ ба нашъамандӣ, ВНМО (ВИЧ) ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки барои атрофиён хатардоштаро тасдиқ намояд, бояд муҳоҷир дошта бошад. 

Ҳамчунин шаҳрванди хориҷӣ бояд полиси ихтиёрӣ ё ҳатмии суғуртаи тиббӣ дошта, боҷи давлатӣ пардохт кунад ва дар кабинет (ҳуҷра)-и худро ба расмият дарорад.

Дар ҳамин ҳол, дар лоиҳаи қонун ҳолатҳое низ зикр шудаанд, ки муҳоҷир ҳуҷҷати ягона гирифта натавониста, амали он ғайриқонунӣ эътироф мегардад ё боздошта мешавад. Масалан, чунин тадбирҳо дар ҳолатҳое амалӣ мешаванд, ки агар муҳоҷир дар бораи худ маълумоти бардурӯғ диҳад ё ҳуҷҷатҳои сохта пешниҳод кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *