Агар бигӯем диктаторҳо он девонахое хастанд, ки ба дунё куллан аз тангии фаҳмиши носолими худ менигаранд, шояд як иддаи хонандагон бо мо розӣ нашаванд. Диктаторҳо дар баробари он ки болои ҳама нафарони/гурӯҳҳои ба идеология ва тарзи идоракунии онҳо зид фишор меоваранд, боз ҳангоми роҳбарияшон ҳамеша аз доираи қонун берун амал менамоянд ва дар аксари маврид сабабгори реппрессияҳо ва мавҷи калони муҳоҷирати мардум аз кишвари худашон мегарданд.
Барои раҳбарони ангуштшумори курсибемори асри ҷадид танҳо мисоли роҳбарии ро аз кишвари пешрафтае чун Эрон бо аҳолии наздики 80 миллион овардан кофӣ мебуд то бифаҳманд, ки рисолати раҳбари хуб ғорат кардани мардуми кишвари худаш нест. Ва роҳбари аз ҷониби мардум ба мӯҳлати муайян интихобгардида набояд худро аз дигар шаҳрвандон боло гузорад.
Савганд хурдан ба номи президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар санаи 15 декабри соли 2020 бори дигар номардумӣ ва худхоҳона будани сиёсати президенти 68-солаи Тоҷикистонро, ки ҳамзамон дарозумртарин диктатори фазои пасошӯравист, Албатта, ин ҷо ягон ҳодисаи ҳайратоваре ҳам ба вуқӯъ напайвастааст. Он ки раҳбарони аҳди Эмомалӣ Раҳмон на дар асоси маълумоти мувофиқашон, таҷрибаи андӯхтаашон ва ё нишондодҳои профессионалиашон, балки танҳо аз рӯи як нишона – садоқат ба шахси худи Эмомалӣ Раҳмон таъин мегарданд, ба касе пӯшида нест. Ин ҳодисаро бемуҳобо метавон ташбеҳ дод ба берун баромадани фасод аз пучаки идоракунии Раҳмон, ки ҷисми аппарати идоракуниро дар тӯли 28 соли роҳбарии бетанаффусаш дарун ба дарун пӯсонидаву мамлакатро хароб кардааст. Дар ҳолати сари қудрат қарор доштани як гурӯҳи сиёсатмадорони ғайрипрофессионалӣ натиҷаи аз ин беҳтарро низ чашмдор шудан соддагӣ мебуд.
Системаи идоракуние, ки Эмомалӣ Раҳмон аз аввали сари қудрат омаданаш то ба ҳоло бунёд намуд, асосан ба мустаҳкамкунии қудрати гурӯҳи дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳукумат расида ва аз миён бурдани ҳама нишонаҳои ҳукумати мардумӣ равона гардида буд. Мутамарказонидани қудрат дар дасти як нафар ва ё як гурӯҳ, парҳез аз асли демократия – мусобиқаи созандаи сиёсӣ, бӯғӣ намудани озодии сухан ва пешгирӣ аз ширкати фаъоли шаҳрвандон дар қабули қарор албатта оқибат ба чунин тавозӯъ ва дастбӯсӣ оварда мерасонид. Вақте раиси шаҳру навоҳӣ, вилоят ва ҳатто раисони суд аз ҷониби президент таъин мегарданд, доир ба хизмати ин вазифадорон ба мардум ва адолати судӣ метавон фикр ҳам накард. Зеро раҳбаронро на шаҳрвандони интихобкунанда, балки як нафар ба вазифа таъин ва ҳам аз вазифа сабукдӯш мекунад. Ва табиист, ки ин роҳбари таъиншуда на ба халқ, балки танҳо пеши президент ҳисобот медиҳаду мекӯшад ба ӯ содиқона хизмат кунад.
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба қудрат расиданаш ба системаи қадимаи шоҳигарии роҳбарӣ рӯй овард ва тадриҷан худро ба ҳамин дараҷа овард, ки ӯро рӯирост подшоҳ меноманду ӯ низ худро акнун ҳокими мутлақи кишвар эҳсос мекунад. Аз рӯи таҷрибаи бадастомада, имрӯз вақте як роҳбар дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва ё вилоят таъин мегардад, барои дар вазифа дарозмуддат монданаш пеш аз ҳама рӯихати хешу табори “Ҷаноби Олӣ” ва нафарони ба президент наздикро дар қаламраваш тартиб медиҳад, то аз нофаҳмӣ яке думи кадоме аз онҳоро ногаҳон зер карда намонад. Яъне думи шерро. Ва шумораи чунин “дум”-ҳо дар баробари афзоиши доираҳои хешовандони Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар босуръат афзуда истодааст. Ва иерархияи ин хешутабориро тахминан чунин метавон тасаввур намуд:
- Узви бевоситаи оилаи президент
- Домоду келини президент
- Бародару хоҳаронаш
- Қудоҳояш
- Қудоҳои қудоҳояш
- Нафарони боваринокаш ва ё “дӯстдоштааш” ба мисли Шералӣ Кабиров дар ноҳияи Дарвоз ва ҳоказо.
Ягон раиси ноҳияву шаҳру вилоят ва ё ягон раиси суд қудрати зидди ин “дум”-ҳо қарор бароварданро надорад. Масалан вақте касе раиси вилояти Хатлон таъин мегардад, бояд пеш аз ҳама бо Зоир Соҳибови домоди президент забон ёбад. Ё агар касе раиси ноҳияи Хуросон таъин гардид, бояд дар назар дошта бошад, ки дар ин ноҳия беш аз 1000 гектар заминҳои Тахмина Раҳмон — дехтари президент мавҷуд аст ва бояд зиёдтар аз ҳама ба пешравии ин “хоҷагии деҳқонӣ” мусоидат намояд. Дар ноҳияи Данғара раиси ноҳия ҳеҷ гоҳ раис набуд ва нест то он рӯзе ки бародари калонии президент – Нуриддин зинда буд ва дигар авлодчаҳояш ҳоло ҳам зиндаанд. Ва ё дар ноҳияи Дарвоз кай ягон раис метавонад аз Шералӣ Кабиров – яке аз муқаррабони Оила болотар гап занад?
Охири охирон бо чопи суратҳои савгандёдкунии аъзои ҳукумат назди Эмомалӣ Раҳмон ин беморӣ ба чашми мардуми қаторӣ ҳам рӯ заду намоён шуд. Ба ҷои системаи ба ном демократӣ, ки акнун танҳо дар қонунгузории кишвар мушоҳида мегардаду халос, Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳукумати қариб шоҳияшро ба намоиш гузошт ва гуфт, ки кист сарчашмаи қудрат дар Тоҷикистон. Ва акнун Раҳмон конкурси хушомадгӯӣ барои соҳиб гардидан ба вазифаи давлатиро рӯирост эълон намуд.
Акнун ҳар узви таъингардидаи ҳукумати “нав”-и Раҳмон савганди садоқатро на пеши мардуми Тоҷикистон, ки ба ном сарчашмаи қудрат аст, балки пеши шахси президент ёд мекунад ва то ғафсии шикамаш имкон додан пешаш сар хам менамояд. Ҳарчи бештар хам кардани гардан пеши роҳбаре, ки ба ту вазифа медиҳад. Ба маънои томаш. Вазифаро тақсим мекунад, мефурӯшад. Чун мулки бобоияшро миёни фарзандону муқаррабонаш. Дар аҳди Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии вазоратҳо, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ба хешу табор ва нафарони содиқаш ва ё компаниёнҳояш ба муддати маҳдуд ва бо шарти ягона ба иҷора дода мешаванд: “мехӯриву ба Оила ҳам медиҳӣ!”. Нафаре, ки чун Нуриддин Саид, ки аз ин имтиҳон ба хубӣ гузаштааст, одатан дар доираи вазифагирҳо давр зада меистад. Нафари дигари номуваффақ чун Шамсиддин Орумбеков, ки аҷдодан дар порадиҳӣ чандон малакаи зиёд надорад, аз давра оҳиста берун карда мешавад.
Ин ҷо аз ҳама малакаи муҳим чоплусӣ аст. Яъне, сафедро сиёҳ ва сиёҳро сафед гуфта тавонистан. Ва бо ҳар роҳе, ҳатто бар ивази сӯзонидани виҷдон ва принсипҳои инсонӣ сиёсати Раҳмонро асоснок намудан. Хулоса, обсофкунаки хуб будан нафари вазифахоҳро дар ин зинаҳои ба пуррагӣ аз хишти коррупсия бунёдгардида боло бурда метавонад. Вазифадори таъиннамудаи аҳди Раҳмон бояд чун мор печон ва лағжонак бошад то аз дасти ҳар журналисти шилқин ё рақиби сиёсии кунҷкоб ба осонӣ раҳоӣ ёбад. Ва ҳар замон, вақте қофия танг меояд, ба қонунгузор ишора намуда, бо як донотарошии сунъӣ гуфта тавонад: “Бубинед, қонунгузор чунин гуфтааст. Ин ҷо ман бароятон коре карда наметавонам! Дар мо волоияти қонун риоя мегардад!”. Бо ин баҳона ҳам ҳуқуқбунёдӣ ва қонунмеҳварии системаи сохтаи Раҳмонро таъкид месозад, ва, аз ҳама муҳимаш, аз вазъияти ногувор мебарояд.
Ба назар чунин мерасад, ки ғайрикасбӣ будани роҳбарон ва ё обрӯи ҳукуматро резонидани эшон дар аснои баромадҳо пешорӯи мардуму журналистон чандон ҳам ғаши Раҳмонро намеорад. Чун сатҳи касбии худаш ҳам аз ин болотар нест. Авлавият бештар ба порадеҳи хуб будан (мисоли вазири маорифу раиси кумитаи телевизион — Нуриддин Саид) ва ё хеши наздик будан (мисоли Бег Сабур) дода мешавад. Кӯшишҳои ба дастгирии сиёсати Раҳмон “баромади хуб” кардани як вазир ҳам наметавонад ӯро дар ин курсии аз ҷониби “ҷаноби олӣ” инъомгардида дарозмуддат нигоҳ дорад. Масалан, вақте вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков дар мусоҳибааш бо журналистон занҳои сатрдорро “бӯйнок” ва “хатарнок” номидаву тавҳин карда бошад ҳам, дигар соҳиби вазифаи равғанине нагардид.
Эмомалӣ Раҳмон — як депутати курсипуркуни аҳди шӯравӣ, то аз тарафи Сангак Сафаров ба курсии роҳбари аввали кишвар шинонида шуданаш миёни сиёсатмадорон ягон мавқеъ надошт ва, новобаста аз вакили Шӯрои Олӣ буданаш, дар сатҳи ҷумҳурӣ ном набароварда буду касе намешинохташ. Аз ин рӯ, ин нафари дар сиёсат тасодуфӣ майли зиёде дошту дорад ба бузургманишӣ. Яке аз аввалин нишонаҳои бузургманишии Эмомалӣ Раҳмон дар он зуҳур гардид, ки нахост ҳеҷ роҳбари дигареро ба ғайр аз худаш дар кишвар “президент” ном бубаранд. Бо ин роҳ Раҳмон мехост бартарияшро нисбати дигар шаҳрвандони қаторӣ таъкид созад. Ва ҳангоме Маҳмасаид Убайдуллоев, яке аз ҳамсафони наздикаш, ки рӯирост ба рафтори ночаспони ӯ назди публика бо назари истеҳзо менигарист, боре Эмомалӣ Раҳмонро бо киноя “ҷаноби олӣ” гуфт, ӯ ба ин шӯхӣ бовар кардаву ба ин ном сахт часпида гирифт. Ва прессаи давлатӣ ҳам дар навбати худ ин номро дар таърифи президенти як кишвари демократӣ он қадар то ҳадди иғроқ расонид, ки акнун дар Тоҷикистон мардум “ҷаноби олӣ” гуфта танҳо президентро дар назар доранд.
Эмомалӣ Раҳмон нисбати маҳбубияти пешвоёни динии эътирофгардидаи кишвар миёни мардуми тоҷик рашки зиёд дорад. Аз ин рӯ ҳамеша болояшон фишор меовард ва бо кӯмаки бевоситаи КДАМ ва шахсан Ятимов шахсиятҳои машҳуреро чун оилаи Тӯраҷонзодаҳо ва ҳоҷӣ Мирзо аз ҳаққи баромад кардан миёни мардум дағалона маҳрум намуд. Худаш якҷоя бо аҳли оилааш намоишкорона адои ҳаҷ кард то худро мазҳабӣ нишон додаву ба маҳбубияташ миёни мардум ягон холаке зам кунад. Тамоми муфтиҳои асилро аз вазифаҳояшон гирифтаву ба ҷояшон дастнишондаҳои худашро таъин кард то ҳангоми намозҳои ҷумъа аз ҷамъомади мардум истифода бурда, сиёсати Раҳмонро тарғиб намоянд. Кор то ҷое расид, ки ҳатто дар маҷлисҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ домуллоҳои гапшунавро маҷбур сохт, ки гуфтаҳои предидентро “аз рӯи китоб” гуфта тасдиқ кунанд.
Эҳтироми хосаи пешвоёни динӣ дар фарҳанги тоҷикӣ решаҳои чуқур дорад. Пешвои диниеро чун домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ мардум аслан барои илмашу хизматҳояш дар тарбияи шогирдони бешумор ва инчунин ахлоқи ҳамидааш эҳтиром қоиланд. Вақте ӯ ба ҷое сафар мекунад, гурӯҳҳои калони мардум худашон ихтиёрӣ ба зиёраташ мераванд ва барои боре фишурдани дасти мубораки ӯ соатҳо навбат мепоянд. Онҳоро КДАМ ва ё кадом ҳукуматҳои маҳаллӣ маҷбуран пеш-пеш карда намебаранду дар дасташон байрақча додаву як моҳ пешакӣ машқашон бидиҳанд, ки чи гуна дастафшонӣ кунанд, ҳангоми вохӯрӣ чи гуна либос пӯшанд ва ё бо кадом алфоз домуллоро хайрамақдам бигӯянд. Ин маҳбубияти табиист, ки дар натиҷаи заҳматҳои дурударози як домулло ба даст омадааст.
Ташкилкунандагони сафари охирини Эмомалӣ Раҳмон ба ВАБК аз раиси ҳукумати вилоят Ёдгор Файзов хоҳиш намуданд, ки барои хира нанамудани табъи Раҳмон болои навиштаҷоти калони шодбошӣ нисбати пешвои динии исмоилиҳо – Оғохони чорумро бо матои махсус пӯшонанд. Бояд қайд намуд, ки ин навиштаҷот болои кӯҳ бо ҳарфҳои калони насб гардидаву ҳангоми парвоз тариқи вертолёту самолёт баръало намоён аст. Ҳаҷми ин навиштаҷот аз ҳаҷми навиштаҷоти шодбошии ҳама меҳмонони дигари Бадахшон бамаротиб калонтар аст, ки аз маҳбубияти Оғохони чорум миёни ин мардум дарак медиҳад. Ва ин, албатта рашки Эмомалӣ Раҳмони бузургманишро наоварда наметавонад. Бо ин кораш Раҳмон, ки мехост муҳим будани худро таъкид созад, ба эҳсоси динии мардуми исмоилимазҳаби Бадахшон сахт расидаву Ёдгор Файзовро пеши мардуми вилоят забонкӯтоҳ сохт.
Таҷрибаи таърих тасдиқ месозад, ки ягон пешвои аз зӯрӣ ва ё таҳдид коргирифта маҳбуби мардум нагардидааст. Маҳбубиятро сазовор бояд буд, на ин ки аз мардум маҷбуран талаб кард. Аз ин рӯ, ин таъзимкуниҳои соҳибмансабон, ки худро пеши “ҷаноб” рӯгарму назди мардум рӯйхунук гардониданд, ҳаргиз маънои садоқат ба Эмомалӣ Раҳмонро надорад. Балки ин садоқат ба вазифаест, ки аз Эмомалӣ Раҳмон харидаанд. Бо ин таъзимкуниҳои нафратоварашон пеши президент аъзои ҳукумати Тоҷикистон бори дигар тасдиқ намуданд, ки на ба халқи тоҷик, балки ба Эмомалӣ Раҳмон содиқанду дар оянда танҳо барои ӯву аъзои оилааш хизмат хоҳанд кард.
Шарҳи яке аз хонандагони Радиои Озодӣ бо номи Ориф аз санаи 16.12.2020 муносибати мардумро ба ин таъзимкунии вазирҳо возеҳан баён месозад: “Мардуми точик боз чи корхоеро медида бошад? Намурдему таъзимкунии вазирхоро ҳам дидем. Вазирхо шаб хонаба рафта, чи фикр мекарда бошанд? Шаб пеши Худоба зорӣ мекарда бошанд? Шарманда шуданд назди Худову халки Худо. Муттахамҳо”.
Анвар Мунавваршоев,
таҳлилгари сиёсӣ