Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 18 декабр эълон кардааст
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 15 сомониву 41 дирам нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро 11 сомониву 30 дирам арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13 сомониву 83 дирам тарзёбӣ кардааст.
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1879 доллару 78 сент муомила шуд.
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 51доллару 28 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 48 доллару 47 сент муомила шуд.
Болоравии арзиши молу маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонӣ дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ ба нишондодҳои дурақама наздик мешавад. Чунин сатҳи баланди таваррум дар кишвар тӯли 8 соли охир ба қайд гирифта нашуда буд.
Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ аз ҳама бештар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ — ба андозаи 12,5% боло рафт, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.
Нархи маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 5,2% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ — 3,8% зиёд шуд.
Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар тӯли 11 моҳи соли равон дар маҷмӯъ 8,9%-ро ташкил дод.
Сатҳи бештар баландтар тайи даҳсолаи ахир соли 2011 ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон нархҳо ба молу маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ ба андозаи 9,3% боло рафта буданд. Маҳсулоти хӯрокворӣ:
Шакар (қанд) – 41,6%, Равған – 35,3%, Картошка – 20,1%, Тухм – 19,3%, Маснуоти нонӣ – 15,9%, Гӯшт – 6,2%.
Маҳсулоти ғайриозуқа:
Ангишт – 12,9%, Воситаҳои шустан – 10,1%, Маҳсулоти дорусозӣ – 8%, Масолеҳи сохтмон – 7,9%, Қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – 6%, Матоъ – 5,5%, Гази моеъ – 5,4%.
Хизматрасониҳои пулакӣ:
Нархи роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%, Хизматрасониҳои маишӣ – 5,2%.
Танҳо давоми 11 моҳ, Тоҷикистон ба маблағи беш аз 45,1 миллион доллар, ба ҳаҷми 19 ҳазор тонна кумаки башардӯстона дарёфт кардааст
Дар заминаи пандемияи коронавирусӣ, Тоҷикистон аз 60 кишвари дунё кумаки башардӯстона дарёфт кард, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, танҳо дар зарфи 11 моҳ, ҷумҳурӣ беш аз 45,1 миллион доллар бор гирифтааст.
«Кӯмак, бо вазни умумии беш аз 19,2 ҳазор тонна, аз 60 давлати ҷаҳон ба кишвар ворид шуд», — омадааст дар иттилоия.
Аз ҷумла, ба ҷумҳурӣ маҳсулот, аз қабили орд, равғани растанӣ, доруворӣ, инчунин таҷҳизоти тиббӣ ва мошинҳо фиристода шудаанд.
Дар ин давра, Тоҷикистон аз Русия, Чин, Узбакистон, Туркия ва Ҳиндустон кумак дарёфт кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе бо дастгирии Русия лоиҳаи СММ оид ба рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус оғоз гардид.
Русия барои мубориза бо оқибатҳои манфии коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо мекунад.
Қаблан низ барои мубориза бо коронавирус, Роспотребнадзор ба Тоҷикистон системаҳои озмоишӣ ва реактивҳоро барои санҷиши коронавирус супурда буд.
Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи ноябр бо назардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 72,5 млн сомонӣ (наздики 6,4 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Аввали моҳи октябри соли равон ҳаҷми умумии музди меҳнати пардохтнашуда ҳудуди 74,8 млн сомонӣ (6,6 млн доллар)-ро ташкил дода буд.
Афзоиши мунтазами қарз аз музди меҳнат давоми соли ҷорӣ боздошта шуда, аз моҳи ноябр камшавии он сурат гирифт.
Аз моҳи январи соли 2020 то аввали моҳи ноябр корфармоҳо ба коргарони худ аз пардохти музди меҳнат 40,1 млн сомонӣ қарздор шуданд, ки бо назардошти солҳои пешин, 55% аз ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.
Қарзи аз ҳама зиёд дар соҳаи саноати коркард (22,2 млн сомонӣ), сохтмон (18,3 млн сомонӣ) ва истихроҷи канданиҳои фоиданок (15,5 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи ноябр 1478 сомонӣ (130 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) — 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод.
Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи бонкдорӣ ва суғурта (3598 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2721 сомонӣ), бинокорон (2454 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2631 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 624 сомонӣ сабт шудааст.
Моҳи сентябри имсол ҳукумат дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат таъсис дод. Ба ҳайати ситод роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони шаҳрдории Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ шомиланд.
Дар ҷаласаи аввали ситод ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки то охири соли равон мушкилоти мавҷуда дар ин самтро бартараф намуда, дар ин бора ба ситод ҳисобот диҳанд.
Воридоти воситаи нақлиёт имсол ба вилояти Суғд ҳудуди 3 ҳазор адад зиёд шудааст. Давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 16 ҳазору 744 адад нақлиёт ворид шудааст, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 790 адад буд. Бино ба маълумоти Раёсати минтақавии гумрук дар вилоят дар ин давра асосан мошинҳои сабукрав, боркаш ва тракторҳо зиёдтар оварда шудааст.
Маъмулан тоҷикон бештар сабукравҳои “Хундай”, “Мерседес”, “Опел” ва “Тойота”-ро савор мешаванд.
Зиёдшавии воридоти мошин ба вилояти Суғд дар ҳолест, ки бино ба иттилои хабаргузории давлатии «Ховар», дар 9 моҳи соли 2020 воридоти мошин ба Тоҷикистон кам шудааст. «Ховар» бо такя ба Хадамоти гумрук менависад, ки имсол 16 642 адад мошин бо маблағи 87,533 млн доллар ворид шудааст, ки нисбати соли гузашта 1871 адад ё 33,024 млн доллар камтар аст.
Аҳмадҷон Бобоев, сардори шуъбаи ташкили назорати гумрукӣ ба “Азия Плюс” гуфт, ки санаи истеҳсоли ҳамаи мошинҳои воридшуда баъд аз соли 2005 аст, ки асосан аз Литва, Латвия ва Русия ба Суғд оварда шудааанд.
“Имсол назар ба соли гузашта нақлиёти сабукрав 1690 адад, боркаш 1184 адад ва тракторҳо 113 адад зиёд ворид шуд. Аммо мошинҳое, ки барои ҳамлу нақли 10 нафар ва бештар аз он пешбинӣ шудааст, 29 адад ва мошинҳои махсус (мисол мошинҳои оташнишонӣ, тиббӣ ва ғайра) 4 адад воридоташ кам шудааст”.
Манбаъ афзуд, дар маҷмӯъ давоми ёздаҳ моҳи имсол 11 ҳазору 964 адад сабукрав, 4 ҳазору 343 адад боркаш, 401 адад трактор, 25 адад мусофиркаш ва 11 адад мошинҳои махсус ба вилояти Суғд ворид шудааст. Ҳарчанд воридоти мошин назар ба як соли пеш зиёд аст, арзиши гумрукӣ аз воридот бамаротиб кам шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд арзиши гумрукии мошинҳои воридшуда дар ин давра 65 млн 780 ҳазору 53 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн 902 ҳазору 620 доллари амрикоӣ кам аст. Дар ҳамин давраи соли 2019 арзиши гумрукӣ аз нақлиёти воридшуда 70 млн 682 ҳазору 673 доллари ИМА буд.
Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд кам шудани арзиши гумрукии мошинҳоро ба камтар ворид шудани мошинҳои гаронарзиш дар 11 моҳи соли 2020 марбут медонад.