Падар — сарвару паноҳгоҳи хона аст. Шахсест, ки фақат вуҷуд доштанаш дар хона фарзандонро дилпуру сарпаноҳ месозад. Падар мардест, ки бо буданаш фарзандон худро асло бекасу танҳо ҳис намекунанд. Чӣ хел марде, ки набошад, ӯ барои фарзандонаш қаҳрамон аст. Албатта, падарони Тоҷикистони мо болотар аз падарони дунё ҳастанд, зеро барои муҳайё сохтани шароит барои кӯдаконашон, заминро тахти хобу ғиштҳои сарду сахтро болини хеш месозанд. Шаҳр ба шаҳр, хона ба хона, он ҳам дар ватани бегона дар ҷустуҷӯи ризқи фарзандакони худ ҳастанд. Албатта, Аллоҳ ин заҳамоти падарони қаҳрамонро беподош намегузорад.
Аксарият фикр мекунанд, ки масъули тарбияи фарзанд танҳо модар аст. Падар бояд танҳо масъули таъмини моддиёти фарзандонаш бошад, кофист. Албатта ин фикр иштибоҳи бузург аст, агарчӣ модар тарбияи фарзандонро ба дӯш дорад, аммо ҷойгоҳи падарро гирифта наметавонад. Дар тарбияи фарзандон хам падар ва ҳам модар нақши хоси худро доранд. Яке наметавонад ҷойи дигареро бигирад.
Вуҷуди падар дар тарбияи фарзандон таъсири худро дорад. Қувват, шуҷоат, ба худ эътимод кардан,эҳсоси амният инҳо ҳама аз таъсири падар аст.
Худи падар дар назди Аллоҳ аз тарбияи фарзандонаш пурсида мешавад. Паёмбар мефармоянд:
و الرجل راع في أهله و مسؤل عن رعيته
Мард масъули зану фарзандони худ аст ва дар назди Аллоҳ аз онҳо пурсида мешавад.(Бухорӣ)
Пурсида шудани мард, танҳо аз лиҳози моддиёт нест. падар аз ҳама пеш аз дину ахлақи фарзандон пурсида мешавад.
Мувозиби забони худ будан, хушгуфторӣ бо дигаронро писарон асосан аз падар меомӯзанд. Падаре, ки дар назди кӯдаконаш ҳақоратгӯйу бадзабон аст, асло мувозиби забонаш нест, ақсаран фарзандонаш низ айни худаш ҳақорагӯю бадзабон мегарданд. Бо дидани ин сифати бад дар падарашон кӯдакон фикр мекунанд, ки бадзабон будан, бадахлоқӣ неву чизи оддӣ аст. Ҳол он,ки паёмбар мегӯянд:
ليس المؤمن بالطعان و لا اللعان و لا الفاهش و لا البذى
Таъна задану лаънат фиристодан, бадзабониву ҳақоратгӯи аз сифатҳои муъминон нест.(Тирмизӣ)
Падаре. ки дар назди фарзандон ҳамсарашро дашном медиҳад, бо номҳои қабеҳ садо мекунад, бо ин амалаш бадтарин дарси ахлоқро ба фарзандон меомӯзад. Кӯдаки ҳанӯз чорсола нашуда ба падар тақлид намуда, модарро бо лақабҳои таҳқиромезу дашномҳои дигар садо мезанад. Вақте бузург шуд, дашноми модар, доду фиғон ба модар барояш як амри маъмулӣ мегардад, дар натиҷа аз эҳтироми модар, ки барояш фарз аст, маҳрум мегарадад. Аз ин бадтар вақте бузург шуд, мисли падар бо зану фарзандонаш сарду дағалона рафтор мекунад.
Падари оқил дар тарбияи фарзандон ҳамеша тавассутро пеша мегирад, на аз ҳад зиёд сахтгиру на аз ҳад зиёд саҳлангор.
Вақте падар аз ҳад зиёд сахтгир аст, фарзандон ба сахтгирии падар тоб наоварда, даст ба пинҳонкорӣ мезананд, вақте падар ба фарзандон фурсати харид намедиҳад ҳамеша ҷайби фарзандонро холӣ мегузорад, фарзандон даст ба дуздӣ мезананд. Вақте фарзандонро аз бозиву баъзе тафреҳҳои кӯдакона доимо манъ мекунад, кӯдак бо роҳи гурез аз хона берун мешавад. Бояд як кам озодиро ба фарзандон дод. Набояд фаромӯш кард, онҳо кудак ҳастанд, дунёи кудакон бе бозиву тафреҳ маъно надорад.
Баръакси ин, саҳлангории зиёд низ падидаҳои хеле бад дорад. Вақте кӯдак тамоми вақташро ба бозӣ сарф мекунад ва ё дар хонаи ҳамсояву ёру дӯстон аксари вақташро мегузаронад, барои тарбияи хубу таълиму тадрис ҷойе намемонад. Бозӣ вақти худро дорад. Зиёрати ёру дӯстон низ бояд вақти муайян дошта бошад. Таълиму донишомӯзӣ бояд аз авлавиятҳои кӯдак бошад.
Асабӣ будани падар, ҷангҷолҳои оилавӣ сабаб мегардад, кӯдак тарсончак ва ё баръакс асабӣ ба воя расад. Ақибмондагӣ дар сӯхан кардан, лағжишҳоии забонӣ, зуд ба эҳсосот дода шудани кӯдакон ҳамааш натиҷаи ҷангҷолҳои оилавӣ аст.
Падар бояд табиати фарзандонашро омӯзад. Агар фарзандаш табиатан тарсончак бошад, ба ӯ қуввату шуҷоатро таълим диҳад. Бо хондани қиссаҳои бузургону нақл кардани саргузашти ҷасурон метавон шуҷоатро дар дили кӯдак ҷой дод.
Падар ҳатман бояд аз дӯсту рафиқони фарзандонаш огоҳ бошад. Бо кӣ дӯсти мекунанд, куҷо мераванд, дар телефонҳои дастии худ чӣ доранд. Дӯстони бад таъсири бад мерасонанд. Фарзандатон хоҳ духтар бошад, хоҳ писар ҳатман аз рафиқонашон огоҳ бошед.
Падар бояд дастовардҳои кӯдаки худро нодида нагирад. Қадрдонии падар фарзандро қуввати дарунӣ мебахшад. Ба худ бовар мекунад. Вақте падар пешравии фарзандашро нодида мегирад, фарзанд ҳисси нотавонӣ пайдо мекунад. Барои дастовардҳои ҷадид кӯшиш намекунад.
Яке аз мушкилии аксари падарон сиёсату қаҳру ҷаҳли аз ҳад зиёд аст. Дуруст аст, фарзанд бояд аз падари худ яккам тарс дошта бошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки кӯдакро он қадр тарсонӣ то сухани даҳонашро гуфта натавонад. Баъзе кӯдакон ҳатто бо шунидани калимаи падар вуҷудашонро тарс фаро мегирад. Ин сабаб мегардад, ки фарзандон ягон чизро бо падар маслиҳат намекунанд. Ҳар коре, ки мекунанд бе маслиҳату машварати падар анҷом медиҳанд.
Падаре, ки ба фарзандонаш дар баъзе умурҳои шахси ҳаққи ихтиёр карданро медиҳад, фарзанди соҳибиродаеро ба воя мерасонад, Фарзанде, ки хостаҳои худро натарсидана баён мекунад
Намунаи насиҳати падарӣ ки дар Сураи Луқмон омадааст ин:
Аввалин насиҳати Луқмон ба писарашон бо لا تشرك بالله шурӯъ мешавад.
Мегӯянд:
Асло ба Аллоҳ ширк наовар.Чун ширк сабаби бадбахтии дунёву ворид гаштан ба ҷаҳаннам мегардад.
Дуввум насиҳаташон ёдовар шудан аз назорати Аллоҳ аст. То фарзандашон бидонад, ки Парвардигор ҳамеша бандаҳоро назорат мекунад, ҳар амале, ки мекунӣ хоҳ ошкорову хоҳ дар пинҳонӣ, аз чашми Аллоҳ пинҳон нест. Хубонро ба хубӣ подош медиҳад, аммо бадонро азоби дарднок омодааст.
Севвумин насиҳаташон барпой доштани намоз аст. Албатта фарзанди намозхон ҳаққи Холиқи худро медонад ва қадрдони волидонаш мегардад. Дар як рӯз панҷ маротиба намоз мехонад. Панҷ маротиба Раббиғфирли ва ли валидайа
Парвардигоро маро ва падару модарамро бубахш гӯён дуо мекунад.
Чорумин насиҳаташон мардумро ба корҳои хуб амр кардану аз бадиҳо барҳазар доштан аст, то фарзандашон барои ислоҳи ҷомеъа низ саҳмгузорӣ кунад.
Панҷум насиҳаташон сабр кардан ба мусибатҳои дунёст, чун сабр калиди ҳама кушоишҳои оянда аст.
Охирин насиҳаташон ахлоқи ҳамида, дур будан аз кибру ғурур, худро аз дигарон боло надонистан ва дигаронро ҳақир нашуморидан аст. Инчунин овоз баланд накардану то тавон хоксориро пешагирифтан мебошад.
Албатта амал кардан ба ин насиҳатҳо сабаби наҷоти инсон дар дунёву охират мебошад.
Муслимаи Аҳмадӣ