Рубрики Хабарҳо

“Вақте тасодуфҳо зиёданд, пас ҳақиқат аст” ё “коруно дар Тоҷикистон кайҳо сайр дорад”

Сабти гуфтугӯи ду нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки яке аз онҳо худро писархолаи Ҷалолиддин Пиров, додситони чанд рӯз қабл фавтида муаррифӣ мекунад. Ӯ аз вируси коруно ҷон бохтани Пировро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки тамоми афроди хонавода дар карантин фаро гирифта шудаанд. Карантин шудани ин хонаводаро манобеъи дигар низ мекунанд. 

Коршиносоне, ки Паём муроҷиъат кард нафари дуввуми дар сабтбударо корманди расмӣ ё ғайрирасмии мақомоти тафтишотӣ тахмин заданд. Онҳо гуфтанд, ки тарзи суолдиҳии ин нафар бисёр шабеҳ ба кормандони мақомот ё хабаррасонҳои онҳост. Як манбаъи Паём гуфт, ки ин сабт воқеъан дар додситонӣ мавриди тафтиш қарор дорад ва аз ҳамонҷо хориҷ шудаву ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст. 

Хеши Ҷалолиддин Пиров, ки нафари дуввум ба ӯ “шайх Сулаймон” хитоб мекунад мегӯяд, ки вақте ҷанозаи Ҷалолиддин Пировро оварданд, танҳо дари мошинро боз карданду ҷанозааш дар паси мошин хонда шуд. Аввал мақомот иҷозаи ҳаминро ҳам надодаанд, аммо пас аз исрори падараш ба ин шакл адо кардани ҷаноза розӣ шудаанд. 

Нуқтаи ҷолиби дигари ин сабт он аст, ки “шайх Сулаймон” бо истинод ба падараш мегӯяд, ҳангоми гӯронидани Ҷалолиддин Пиров шоҳиди бо ҳамин шакл ва бидуни ҳузури наздиконашон дар кунҷи қабристон гӯронидани беш аз 40 нафар шудаанд. Ҳамчунин ӯ мегӯяд “вирус кайҳо дар Тоҷикистон сайр дорад, аммо мақомот онро пинҳон медоранд”.  

Як сабти дигар дастраси Паём шуд, ки дар он нафаре бо истинод ба як табиби тими мубориза бо коруно мегӯяд дар Хуҷанд низ афроди зиёде аз ибтило ба COVID-19 ҷон бохтаанд ва онҳоро субҳи барвақт ё баъди шом пинҳон аз чашми мардум мегӯронанд. Ӯ мегӯяд “вазъ дар Хуҷанд бисёр бад аст, эҳтиёт кунед”. Ин сабт ҳанӯз дар ҳеҷ шабакае наш нашудааст ва Паём ба хотири пешгирӣ аз таъқиби соҳиби овоз аз тарафи мақомот, аз нашри он муваққатан худдорӣ мекунад. 

Панҷ нафар хонандагони Паём иттилоъ доданд. ки хонаводаашон пурра ё қисман ба бемории нишонаҳояш бисёр шабеҳ ба коруно гирифторанд. Бо камоли таассуф бояд гуфт, ин панҷ нафар аз чаҳор минтақаи кишваранд: ду нафар аз шаҳри Душанбе, як нафар аз Кӯлоб, як нафар аз шаҳри Хуҷанд ва як нафар аз ноҳияи Ваҳдат. 

Хабарҳое, ки расонаҳои дигар низ нашр мекунанд, ҳокӣ аз он ҳастанд. ки тасодуфҳои марги афрод бо нишонаҳои бисёр шабеҳ ба вируси коруно хеле зиёданд. 

Сойти “Ахбор” дирӯз аз марги Абдухалил Ҷӯрабоев, сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов , ки ҷанозаи Ҳабибулло Шодиев, аввалин нафари ҷонбохта бо нишонаҳои коруноро шуставу кафан кардааст. Албатта мақомот марги Ҷӯрабоевро низ аз коруно рад карда, гуфтанд ки ӯ аз пневмония ҷон додааст.

Қаблан манобеъи Паём аз бистари шудани чанд узви оилаи маъруфи Девонаевҳо, ки собиқ вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев низ шомили он аст, гуфта буданд, ки ташхиси ҳамаи онҳо аз коруно мусбат баромадааст.  

Оилаи ду шоири шинохтаи тоҷик Озарахш ва Фарзонаро низ кормандони тиб бо либосҳои махсуси зиддикоруноӣ аз хонаашон бурда буданд. Аз ҳамон рӯз, яъне 19 апрел шоир Озарахш (Толиб Каримов) беҳуш ва зери дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор дошта, танҳо ҳамин рӯз ба худ омадааст. Табибон бемории ӯро пневмония ва ҳамсараш Фарзонаро сармохӯрдагӣ кардаанд. 

Сойти “Ахбор” мавриди марги беморон дар бемористонҳои Тоҷикистон, ки сабаби сару садои зиёд шуд, ҷамъоварӣ кардааст:

1.Ҳабибулло Шодиев, сокини 60-солаи деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Вазорати тандурустӣ гуфт, ки ӯ аз пневмония ҷон бохтааст.

2.Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокини 57-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Вазорати тандурустӣ бемории дил ва фишори хунро иллати марги ӯ номид

3.Мӯъминҷон Мирбаротов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов. Мақомоти тандурустӣ гуфтанд, ки ӯ аз пневмония даргузаштааст.

4.Оишамо Алимова, сокини ноҳияи Кушониён, фарроши беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Бохтар. Мақомот гуфтанд, ки ӯ туберкулёз дошт. Наздиконаш инро рад карданд

5.Шодмон Раҷабов, маъруф ба Шодмони Танӯрикабоб, сокини ноҳияи Шаҳристон. Вазорати тандурустӣ туберкулёз (сил)-ро иллати марги ӯ номид ва гуфт, ки Раҷабов дар пайи «як ҳодисаи ногувор” вафот кард.

6.Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шуъбаи додситонии шаҳри Душанбе. Вазорати тандурустӣ гуфт, Абдуҷабборзода аз бемории зукоми А (H1N1) илтиҳоби дутарафаи шуш фавтидааст ва дар баданашн ҳеҷ нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд. 

7. Абдухалил Ҷӯрабоев, сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба гуфтаи ҳамдеҳагон, дар маросими дафни Ҳабибулло Шодиев ҳамчун мурдашӯй хидмат карда буд. Мақомот қаблан гуфтанд, ки ӯ рӯзи 14 апрел бо ҳарорати баланд бистарӣ карда шудааст.

Садоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо даъвати бастани мактабҳо ва эълони карантин бо суръат меафзоянд. Бисёриҳо мутмаъинанд, ки вирус кайҳо вориди кишвар шудааст ва афроди зиёде ба он гирифторанд. Онҳое ҳам, ки ин итминонро надоранд пешниҳод мекунанд, ки ҳади ақал ба хотири пешгирӣ карантин эълон карда шавад. 

Бо вуҷуди ин ҳама, мақомоти Тоҷикистон вуҷуди вируси коруно дар кишварро бо шиддат инкор мекунанд ва ба ҷузъ бастани масоҷиду манъи ҷашнҳои бузург ҳеҷ иқдоми дигареро анҷом надодаанд. Дарсҳо дар мактабу донишгоҳҳо низ идома доранд.  

Замоне, ки ин навишта ба нашр омода мешуд, хабаргузории Азия Плюс , ки дар маркази саломатии №1 шаҳри Душанбе имрӯз 4 нафар аз пневмония ҷон бохтаанд ва вазъи се нафари дигар вахим аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *