Рубрики Хабарҳо

Аз Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода ҳанӯз дараке нест

Бо гузашти 4 ва 3 рӯз аз боздошти Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду журналист ва блогери маъруфи тоҷик, мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ иттилоъ ва изҳориназаре дар ин бора нашр накардаанд ва наздиконашон ҳам аз тақдири онҳо хабаре надоранд.

Завқибек Саидаминӣ шоми арафа, 8 июл аз тарафи афроди номаълум боздошт ва ба шаҳри Ваҳдат интиқол шудааст. Ӯро дар назди як маркази шустушӯи нақлиёт ҳамроҳи  як ҳамсинфаш, ки мехостанд баъди шустани мошинашон барои таҷлил аз Иди Қурбон ба зодгоҳашон, деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун бираванд дастгир кардаанд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба яке аз наздикони Саидаминӣ навиштааст “аз дохили ду мошин одамҳои ношинос поён шуда, ӯ ва ҳамсинфашро боздошт мекунанд. Онҳоро ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат мебаранд. Ҳамсинфашро шаб ҷавоб доданд, вале гуфтаанд, субҳ соати нӯҳ биояд. Ҳанӯз берун нашудааст. Ӯ ба мо чизе нагуфт. Гуфт, забонхат додааст, ки бо касе суҳбат намекунад.”

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бошад рӯзи 9 июл ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат даъват шуда ва баъди он тақдираш номаълум боқӣ мемонад. Мақомот ҳеҷ шарҳ ва иттилоъе дар бораи ӯ намедиҳанд. Наздикони Пирмуҳаммадзода ҳам гуфтаанд дар бораи дар куҷо будани ӯ чизе намедонанд.

Маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 7-уми июл Пирмуҳаммадзодаро «чанд соат» бозпурсӣ ва сипас хонаашро кофтукобу телефонашро мусодира кардаанд. Худаш рӯзи 8-уми июл нахост, дар ин бора гап занад.

Шахсони наздик ба ӯ гуфтанд, мақомот бори охир ҳушдор додаанд, ки танҳо дар масоили сайёҳӣ ва таърихӣ нависад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *