Рубрики Хабарҳо

Пешравӣ! Тоҷикистон дар рушди ҷалби сайёҳон мақоми худро 12 зина боло бурдааст

Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод эълом кардааст, ки Тоҷикистон аз нигоҳи суръати рушди ҷалби сайёҳони хориҷӣ бо беш аз панҷ дарсад пешрафт дар соли 2016, ҷойгоҳи хешро аз мақоми 119 дар соли 2015 ба 107 дар соли 2016 расонида мақоми хешро 12 зина боло бурдааст.

Бар ин асос, дар соли 2016 беш аз 413 ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат як миллион доллар даромад ворид шудааст.

Ин гузориши МҶИ нишон медиҳад, ки аз нигоҳи таъмини амният ва беҳдошти сайёҳони хориҷӣ, Тоҷикистон дар соли 2016 пешрафти беш аз панҷ дарсадиро касб карда ва ҷойгоҳи худро беҳбуд бахшидааст, аммо аз нигоҳи таъсисоти зербиноӣ ва омодагии марокизи фарҳангӣ ва бостонӣ, барои пазириши сайёҳони хориҷӣ дар ин кишвар ҳанӯз мушкилоти зиёде вуҷуд дорад.

Қаблан Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон эълом карда буд, ки барномаи ҷалби як миллион сайёҳ дар соли 2020-ро амалӣ хоҳанд кард.

Ҳамасола теъдоди зиёде аз сайёҳони хориҷӣ, ба хусус аз Русия ва Аврупо аз табиати зебои Тоҷикистон дидан мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *