Дар хушунатҳои қавмӣ, ки ин рӯзҳо иёлати Манипери Ҳиндро дар бар гирифта, занон қурбонии ҳамалоти ваҳшиёна шудаанд. Сокинон ва мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки занон ҳамзамон дар хатти муқаддами даргириҳо ҳам ҳастанд, аслиҳа ба даст мегиранд, муқобили нерӯҳои сулҳ меистанд ва ба гуфтаи полис, ҳатто онҳо муҳаррики таҷовузи ҷинсӣ мешаванд.
Иёлатҳои шимолу шарқии Ҳинд аз лиҳози таърихӣ амокини шӯришҳо ва хушунатҳои қавмӣ будааст, аммо даргирии ваҳшиёна байни қабилаи аксарияти “митиҳо” ва ақаллияти “кукиҳо” дар моҳи гузашта дар Манипер ташдид шудааст.
Даргирии ҷадид замоне шурӯъ шуд, ки видеое аз ду зани кукӣ, ки бараҳна дар миёни як гурӯҳи авбош гардонда мешуданд ва мавриди тамасхур қарор мегирифтанд, мунташир шуд.
Дар як шикояти полис, ки тавассути Рейтерз ҳам баррасӣ шуда, яке аз ин занон гуфта, ки мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта ва падару бародараш ҳам кушта шудаанд.
Кукиҳо мегӯяанд гурӯҳе аз занони митии маъруф ба “Мира Пайбис” ё “занони машъалдор” масъули таҳрики бархе аз таҷовузҳо ба занон ин ҷомеаи ақаллият ҳастанд. Митиҳо ин иттиҳомро рад кардаанд аммо ин рӯйдодҳо бар хушунати миёни ин ҷомеъ дар ин иёлати кӯчак дар марзи Миёнмор доман задааст.
Девони олии Ҳинд ин ҳафта эълом кард, ки бар таҳқиқот дар мавриди хушунати ҷинсӣ дар ин иёлат назорат хоҳад кард. Ҳамчунин Маҷлиси Ҳинд рӯзи сешанбе баҳси адами эътимод алайҳи давлати Нарндра Модӣ, нахуствазир Ҳиндро ба далели нотавонӣ дар контроли хушунат оғоз кард. Албатта, ки ин баҳс ҳеҷ таҳдиде барои давлат нахоҳад дошт.
Бар асоси додаҳои давлатӣ, аз оғози ҷанг дар авоили моҳи май, ҳадди ақал 180 нафар аз ҷумла 21 зан кушта шуда ва даҳҳо ҳазор нафар бехонумон шудаанд. Нерӯҳои амниятӣ мегӯянд, ки занон бо суистифода аз қавонине, ки монеъи даргирии физикии сарбозони мард бо занон мешавад, амалиёти ҳифзи сулҳро мутаваққиф кардаанд. Онҳо ҳамчунин бо туфанг сангарҳоеро дар хатти муқаддам ба ишғоли худ даровардаанд.
Як зани 19 солаи қабилаи кукӣ ба Рейтерз гуфтааст, ки 15 моҳи май дар наздикии шаҳри Имфал мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Се мард ӯро назди гурӯҳи “Мира Пайбис” мебаранд ва дар ҳузури онҳо, ӯро мавриди зарб ва шатм қарор медиҳанд. Ў баъд ба полис гуфт: “яке аз ин занони авбош ба чаҳор мард дастур дод то манро бикушанд.” ӯ сипас тавониста буд фирор кунад.
Моирангтен Зиби Деви, яке аз аъзои гурӯҳи “Мира Пайбис” гуфтааст иддаоҳои мабнӣ бар ин ки занони митӣ хушунати ҷинсиро таҳрик мекунад ё ҳатто аз он ҳимоят мекунанд комилан “нодуруст” аст.
Ӯ дар ҷамъи занони митӣ гуфт: “Мира Пайбис” байни кукиҳо ва митиҳо фирқе намегузорад. Модарони кукӣ ҳам дард доранд. Модарони митӣ ҳам ҳамин тавр.”
Онҳо гуфтанд, ки 9 зани митӣ ҳам мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд, аммо ҳеҷ мадраки далолаткунанда бар ин мавзӯъ пайдо нашудааст. Рейтерз ҳам натавонист ҳеҷ қурбонӣ аз ин ҳодиса пайдо кунад. Полис ва ниҳодҳои ҷомеаи мадании митӣ ҳам иттилооте дар ин бора мунташир накардаанд.
Дар муқобил Ниго Инкем, раиси Созмони ҳуқуқи башари занони кукӣ гуфтааст, ки дар моҳи июл номае ба нахуствазири Ҳинд ирсол карда ва дар он навиштааст “хушунати ҷинсӣ ва таҷовузи ҷинсӣ ба унвони як равиш ё тактики ҷангӣ ба таври густурда тавассути митиҳо анҷом мешавад”.
Ӯ идома дод, ки аз 13 мавриди таҷовузи ҷинсӣ ё қатли занони кукӣ иттилоъ доштааст. Ў гуфт, ки “гурӯҳи Мира Пайбис ду занро берун кашиданд ва ба мардони митӣ таҳвил доданд. Сипас ин ду зан, мавриди таҷовузи гурӯҳе қарор гирифтанд ва дар як мошиншуйи кушта шуданд.”
Дар гузориши полис, модари яке аз қурбониён ҷавони ношиноси митиро муқассир унвон карда, аммо номе аз гурӯҳи “Мира Пайбис” набурдааст.
Даргирӣ миёни мусулмонон ва ҳиндуҳо дар наздикии Деҳлии Нав
Илова бар даргириҳои қавмӣ, хушунат ва даргирӣ дар ҷануби Деҳлии нав байни ҳиндуҳо ва мусулмонон ҳам дар ҷараён аст. Авоили моҳи август, дар ҷараёни як роҳпаймоии мазҳабӣ тавассути ҳиндуҳо дар Гуруграм (ё Гургон) даргириҳое рух дод, ки дар рӯзи нахуст ба кушта шудани 4 нафар аз ҷумла ду полис ва захмӣ шудани беш аз 60 нафар анҷомид.
Даргирӣ то чанд рӯз идома пайдо кард то ин ки ҳиндуҳо як масҷидро ба оташ кашиданд ва дар ҷараёни ин ҳодиса як рӯҳонии мусулмон ҳам кушта шуд.
Ҷомеаи ҳинду дар солҳои ахир таҳти ҳукумати Норендра Моди ба шиддат ҷамъияти 200 миллионии мусулмон дар ин кишварро таҳти фишор гирифта ва бо иқдомоти мухталифи худ ин ақаллиятро таҳти озору азият қарор додааст.