Дар пайи фурӯпошии рубл, таваррум ва таҳримҳо, маскавиҳо мегӯянд, ки нигарони поинравии сатҳи зиндагии худ ҳастанд. Албатта бархе иддао мекунанд, ки онҳо барои қудрати Русия омодаи фидокорӣ ҳастанд, аммо дар воқеият мардум худро аз лаззатҳои кӯчаки зиндагии рӯзмара маҳрум мекунанд.
Рӯзи чаҳоршанбе ҳар 107 рубл баробар бо як евро буд. Ҳар як доллар ҳам ба қимати 97 рубл фурӯхта шуд. Як сол қабл, арзиши ин арз дар ҳудуди 60 рубл барои ҳар евро буд, аммо ҳоло хароҷоти русҳое, ки дӯст доранд маҳсулоти воридотӣ масраф кунанд, камтар шудааст.
Дар айни ҳол, таваррум аз ибтидои баҳор шурӯъ ба афзоиш кардааст. Ин вазъият Бонки марказии Русияро маҷбур кард то сатҳи баҳраи худро то 8.5 дарсад боло бибарад. Коре, ки бадеҳитарин роҳ барои мубориза бо афзоиши қиматҳост.
Як тоҷири бознишаста мегӯяд, ки “мо бояд худро аз хеле чизҳо маҳрум кунем.” Ӯ изҳори таасуф мекунад ва идома медиҳад, ки ҳавосаш бояд ба хариди ширинӣ ва ҳамчунин лаззатҳои кӯчаки рӯзмараи зиндагӣ бошад. Ў вазъи феълиро ба хусус барои нафақахӯрон бисёр нигаронкунанда меномад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таъкид дорад, ки иқтисод дар баробари таҳримҳои Ғарб, ки дар посух ба ҳамлаи ин кишвар ба Укроин буда, муқовамат кардааст. Бо ин ҳол, теъдоди афзояндае аз русҳо бо афзоиши ҳазинаҳои зиндагӣ мувоҷеҳ ҳастанд.
Бо миёнгини нафақаи дусадевроӣ, бознишастагон, аввалин касоне ҳастанд, ки таҳти таъсир қарор мегиранд. Онҳо ҳамин алъон ҳам барои пур кардани шикофи ҳазина ва даромади худ ҳамчунон кор мекунанд.
Ин вазъият, барои ҷавонони рус ҳам ноумедӣ ба бор хоҳад овард. Аз нишонаҳои ин тарс ва ноумедӣ ин аст, ки замоне гурӯҳи Вагнер шӯриш карданд, онҳо ба думболи бардошти пасандози худ аз бонкҳо буданд.
Тибқи гузориши Бонки марказии Русия, байни 23 ва 25 июн, онҳо як миллиард рубл (каме бештар аз 9 миллион евро) ваҷҳи нақд аз бонкҳо бардошт карданд, ки тақрибан панҷ баробар бештар аз миёнгини оддии серӯза аст.
Ба гуфтаи коршиносон, агар афзоиши бештари нархи баҳраи Бонки марказии Русия дар миёнаҳои сентябр иттифоқ афтад боз ҳам вазъияти иқтисодӣ боиси ваҳшати бозорҳои Русия дар ин марҳала намешавад. Зеро ин вазъият комилан мавриди интизор будааст.
Арно Дубин, мудири маркази таҳлилии Франко-Рус дар Маскав таҳлил кардааст: “поинравии рубл дар воқеъ комилан қобили интизор буд: ин нишондиҳандаи авзоъи тиҷорати хориҷии кишвар аст, ки таҳти таъсири таҳримҳо қарор дорад.”
Таҳти таъсири таҳримҳо, даромадҳои ҳосил аз фурӯши газу нафти Русия, манбаъи аслии даромади ин кишвар байни январ то июл 41.4 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи вазорати иқтисоди Русия ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки касри будҷаи федерал дар соли ҷорӣ аз 2 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ ҳам фаротар равад.
Аммо ин вазъият боз ҳам ба нафъи Русия хоҳад буд. Ба гуфтаи Дубин, суқути рубл “ба давлат иҷоза медиҳад то хазинаи худро наҷот диҳад ва масрафи ҷангро таъмин кунад.” Зеро ба ивази ҳар доллар ё еврои харидоришуда, давлат рубли бештаре барои пӯшиши масрафҳои худ хоҳад дошт.
Дар ин миён, бисёре аз мардуми Маскав, монанди мақомот умедворанд, ки хурӯҷи бисёре аз ширкатҳои ғарбӣ аз Русия сабаби афзоиши касбукорҳои ин кишвар шавад ва иқтисод битавонад ба нерӯҳои худ такя кунад.