Маҷаллаи “Садои Хуросон”, марбут ба ДОИШ, ба Толибон ҳушдор додааст, ки ҷангҷуёни “Давлати исломӣ” дар нуқоти марбут ба “Хуросон” ҳузур доранд ва Толибон “рӯзҳои сахт”” пеши рӯ хоҳанд дошт.
Ин маҷалла дар бистусеюмин шумораи худ ба забони пашту Толибонро “шибҳинизомиён” хитоб кард.
Ин шумораи маҷаллаи ДОИШ ду рӯз пеш мунташир шудааст.
Дар ҳафтаҳои охир ҳамалоти гурӯҳи ДОИШ бар Толибон афзоиш ёфтааст.
Ҳафтаи қабл, дар ду ҳамлаи ҷудогонаи интиҳорӣ дар вилояти Бадахшон, ду фармондеҳи аршади Толибон кушта шуданд. Толибон дар ҳамлаи рӯзи сешанбе кушта шудани муовини пешини волии ин гурӯҳ дар Бадахшон ҳамроҳ бо ронандааш ва захмӣ шудани шаш тани дигарро таъйид кард.
Рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни маросими фотиҳаи Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини пешини волии Толибон дар масҷиди “Набавӣ” воқеъ дар Файзободи Бадахшон инфиҷор рух дод. Дар ин ҳамла низ Толибон гуфтанд, ки 11 нафар аз ҷумла Сафиуллоҳ Самим, фармондеҳи пешини пулиси Толибон дар Бағлон кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд. Бо ин ҳол, манобеъ гуфтанд, ки теъдоди талафот бештар аст.
Дар моҳҳои гузашта, Толибон пайваста аз ҳамла ба мавозеъи ДОИШ дар нуқоти мухталифи Афғонистон хабар додаанд. Бо ин ҳол, бархе мақомҳои Толибон иддао кардаанд, ки ДОИШ дар Афғонистон “шикаст хӯрда” ва тавоноии анҷоми ҳамалоти густурдаро надорад.