Рубрики Хабарҳо

«Гулнора Каримова кушта шудааст»

Духтари бузурги Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Ӯзбакистон Гулнора Каримова тариқи заҳролудкунӣ кушта шудааст. Дар ин бора сомонаи бо такя ба манбааш дар Хадамоти бехатарии миллии Ӯзбакистон хабар додааст.

Марги Гулнораи 44-сола 5 ноябр дар натиҷаи заҳролудкунӣ фаро расида, худи ҳамон шаб ҷасади ӯ дар гӯристони “Минор”-и Тошканд ба хок супорида шудааст. Як корманди ХБМ (Хадамоти бехатарии миллӣ)-и Ӯзбакистон, ки аз зикри номаш худдорӣ намудааст ба Центр-1 гуфтааст, баъди ба хок супоридани гулнора Каримова, гӯри ӯ бо замин яксон карда шудааст.

Ин корманди ХБМ-и Ӯзбакистон гуфтааст, ки шахсан дар гӯронидани Гулнора ширкат кардааст. Ин амниятӣ гуфтааст аз тақдири писар ва духтари  Гулнора — Ислом ва Имон нигарон аст, ки дар Тошканд қарор доранд.

Центр-1 навиштааст, нафаре аз номи Гулнора дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад мекард, аммо чанд рӯз пеш аз тарафи гурӯҳи рӯзноманигорон қалбакӣ буданаш исбот шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери шиори “Гулнораро нишон диҳед”, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ талаб доранд, ки агар Гулнора зинда аст, нишон дода шавад ваё ҳадди ақал як сабти видеоии тоза аз ӯ нашр шавад.

Тақдири талхи Гулнора як анъанаест қадима, ки фарзандони шоҳони золим ва мардумгурез баъди марги падарашон аз тарафи дарбориёни қудратталаб кушта мешуданд. Ин анъана ҳарчанд дар кишварҳои демократӣ роиҷ нест, дар кишварҳои диктотурӣ ва расиҷумҳурони якумрӣ то ҳол бо муваффақият идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *