Categories Хабарҳо

Нишасти зиддиисломӣ дар масҷид

Ҳафтаи гузашта дар яке аз масоҷиди Истамбули Туркия вохӯрии намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр бо гурӯҳи тоҷикон, ки аксарияташ аъзои “Ҷамоъати таблиғ” буданд баргузор гашт.

Макони вохӯрӣ масҷиде дар ноҳияи Кайнарҷаи Истамбул (дар акс) будааст ва дар он ҳудуди 10 нафар ширкат карда, тақрибан 3 соат тӯл кашидааст.  Ин вохӯрӣ, ки қаблан бо ягон  гурӯҳи тоҷикон баргузор нашуда буд, гуфтумон ва тахминҳои зиёдеро байни тоҷикони Туркия ба бор овардааст.

Аввалан, “Ҷамоъати таблиғ” дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шуда,  ба ҳар нафаре аз аъзои он, аз ҷумла онҳое, ки дар ин нишаст ширкат кардаанд, дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон боздошт ва ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад.

Сониян, ҳадафи вохӯрӣ ва мавзӯъи баҳси он гӯё “пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ” будааст. Дар ҳоле, ки худи “Ҷамоъати таблиғ” дар Тоҷикистон ифротӣ ва ҳатто террористӣ шинохта мешавад.

Саввум, “гурӯҳҳои ифротӣ”-и мавриди назари намояндагони консулгарӣ кадом гурӯҳҳо бошанд? Зеро онҳо дар суҳбат ишора кардаанд, ки ҳамон гурӯҳҳое, ки ҳукумат онҳоро мамнӯъ кардааст. Яъне агар манзур ҲНИТ бошад пас Ҷамоати таблиғ чӣ? Оё
намояндагони консулгарӣ мамнуияти онро қабул надоранд?

Хуб, ҳадафи ҳукумат, ки мехоҳад як гурӯҳро алайҳи гурӯҳи дигар истифода кунад, маълум аст. Ҷун дар Тоҷикистон ҳам ҳамин корро карда буд. Аввал ҷавонони салафиро зидди ҲНИТ истифода намуд сипас аввалин шуда ҳамин гурӯҳро террористӣ
эълон кард. Дар ҳоле, ки  ҷамоъати таблиғ  танҳо ба даъват машғул буда, пайваста аз сиёсат парҳез мекард, онро ҳам мамнуъ ва экстримистӣ эълон кард.Ба ёд дорам, ки парвандаи чандин нафар аз ҷавонони таблиғӣ ба додгоҳ рафту ҳоло  ҳам теъдоди зиёди онҳо дар зиндон қарор доранд. Танҳо ба хотири он ки мардумро ба сӯи дин даъват мекарданд. Онҳо на ба сиёсат кор доштанду на ба ҳукумат, аммо ҷанги ҳукумати Тоҷикистон бо дин аст. Ҳар касе мардумро ба сӯи дин даъват кунад, ҳукумати Тоҷикистон ӯро душмани худ медонад.

Аз тарафи дигар дар дар Истанбул танҳо гурӯҳе, ки байни ҳам назму тартиб ва инсиҷом доранд ҳамин бародарони таблиғӣ ҳастанд. Намояндагони консулгарӣ ҳам инро фаҳмидаанд ва мехоҳанд бо ин роҳ вориди ин гурӯҳ шуда ҳам инсиҷоми онҳоро аз байн баранд ва ҳам онҳоро ба муқобили дигар гурӯҳҳо истифода намоянд. Зеро ин стратегияи КДАМ дар баробари ҳама гурӯҳҳои исломӣ аст. Ҳар як тоҷик ҳақ дорад аз намояндагони консулгариҳои кишвар дар хориҷ ҳуқуқҳои худро талаб кунад. Аммо дар баробари фитнаҳои пинҳони КДАМ дар миёни худашон бояд хеле эҳтиёт намоянд. Зеро яке аз барномаҳои стратегии КДАМ имрӯз эҷоди  фитна ва тафриқа дар миёни мардуми муҳоҷир аст. Новобаста аз гурӯҳ, ҳизб, минтақа ва ё созмонашон.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *