Рубрики Хабарҳо

Раҳмон имсол қариб ним млрд.и буҷаро расман ба киса мезанад

Ҳаҷми Фонди захиравии раисҷумҳур, ки пурра аз буҷаи давлатӣ таъмин мешавад, имсол 438 млн. 540 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Ин маблағ 34,5 млн доллар бештар аз ҳаҷми маблағгузории фонди раисҷумҳур дар соли гузашта мебошад. 

Бо қурби ҳозира 438 млн. 540 ҳазор ба 33,7 млн доллар баробар аст, аммо бо қурби як ҳафта қабл қариб 40 миллион доллар мешавад. Бо дарназардошти ин ки тибқи иттилоъи манбаъи Паём маблағи фонди захиравӣ дар моҳи январ аз буҷа интиқол дода мешавад, раисҷумҳур аллакай $40 млн.-ро ба киса задааст.

Баробари ҷудо шудан, маблағ комилан дар ихтиёри шахси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад ва гуфта мешавад бо салоҳдиди худи ӯ барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд. Дар ҳамин ҳол, то имрӯз ҳамагӣ як маротиба, дар соли 2020, сеяки он масраф шудааст ва дар солҳои дигар аз масрафи ҳатто 20%-и он ҳисоботе вуҷуд надорад. 

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон даъво намуд ба ҳар хонавода 1 китоби “Тоҷикон” ҳадя мекунад ва барои ин кор аз Фонди захиравии раисҷумҳур 136 миллион ҷудо кард. Бори дигар хотиррасон мекунем, ки маблағи фонд аз ҳисоби буҷа ҷудо мешавад ва буҷа аз ҳисоби андозҳои мардум шакл мегирад. Яъне комилан ба мардум таъаллуқ дорад.  Сухан дар бораи ҷудо кардани маблағ барои нашри китоби “Тоҷикон” дар соли 2019 садо дода буд ва маълум нест он аз буҷаи фондии соли 2019 ҷудо шуд, ё 2020. Ҳатто агар пиндошта шавад, ки кулли он аз фонди соли 2020 ҷудо шуда бошад, беш аз 250 миллиони маблағи Фонди захиравӣ дар кисаи Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мондааст. 

Раисҷумҳур бо шурӯъи пандемии вируси коруно ваъда карда аз фонди захиравиаш ба табибон 12 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо мекунад. Тибқи оморе, ки Паём бо назарпурсии зиёда аз 20 табиб дар саросари кишвар ба даст овард, то охири соли 2020 ҳеҷ нафар аз онҳо ин кӯмакпулиро надида буданд. Яъне “пешво” пуррӯёна табибони дастбагиребон бо маргро фиреб кард. 

Аз 385 миллионе, ки дар соли 2019 ҷудо шуда буд, дар бораи масрафҳои бузург мисли нашри китоби “Тоҷикон” ҳеҷ иттилоъе нашр нашудааст. Агар ҳамаи иттилоъи масрафҳои Фонди захиравии раисҷумҳур дар соли 2019 ҷамъоварӣ карда шавад, аз 5%-и ҳаҷми умумии он бештар намешавад! Яъне дар он сол ҳам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 350 миллиони бо нӯги сӯзан ҷамъкардаи мардумро ба кисааш задааст. Ин бар иловаи миллиардҳо долларе, ки аз ҳар тараф медуздад. 

Дар ҳамин ҳол, ҳамаи 136 миллион пули барои нашри китоби “Тоҷикон” ҷудогардида дар соли 2020 дар ихтиёри ширкати “Фароз”-и домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов қарор гирифт ва маълум нест ӯ чӣ қадари онро масраф кардаву чӣ қадар даромади соф гирифтааст. Танҳо ҳамин маълум аст, ки тибқи иттилоъи расонаҳо чопхонаи “Эр Граф” барои нашри ин китоб ҳамагӣ 4,5 миллион сомонӣ пурсида буд. Имкон дорад “Фароз” аз нашри ин китоб беш аз 130 миллион сомонӣ фоида гирифта бошад. Яъне ҳамон маблағи ҷудогардида барои “кори хайр” низ аз доираи оилааш берун нарафт ва на кам аз 80 дарсади ин “хайри ҳимматбаландона”-и “пешво” ба кисаи духтару домодаш ворид шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *