Рубрики Хабарҳо

Боз як иқдоми хайрхоҳонаи тоҷикони Варшава (аксҳо)

Субҳи рузи якшанбе, 13 март бо ташаббуси Ҷамъияти тоҷикон дар Лаҳистон боз як амали хайр бо иштироки зиёда аз 30 нафар пиру ҷавони тоҷикони муқими Варшава  роҳандозӣ шуд.

Тоҷикони муқими Варшава ба қабристони мусалмонони ин шаҳр рафта, баъди дуову фотеҳа ба руҳи мадфунони ин қабристон ба рӯбу чин ва тоза кардани он пардохтанд.

Онҳо қабристони мусалмонҳоро, ки дар канори Варшава ҷойгираст аз хазон, шохҳои афтодаву хушки дарахтон тоза карданд.

Як рӯз қабл ситоди таъсисдодашуда аз ҷониби Паймони миллии Тоҷикистон дар Варшава ба гурезагони укроинӣ дар ин шаҳр палави тоҷикӣ омода карда буд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *