Расонаҳои маҳаллии Индонезия аз балъида шудани як зан дар устони Ҷамбии Индонезия воқеъ дар ҷазираи Суматраи ин кишвар хабар доданд.
Гурӯҳи ҷустуҷӯ баъд аз ин, ки шиками мори 7 метриро шикофтанд ҷасади ин зани 54 соларо, ки Ҷаҳра ном дошт дар он ёфтанд ва берун кашиданд.
Ҷустуҷӯ барои ёфтани Ҷаҳра вақте оғоз шуд, ки ӯ аз мазраъи дарахтҳои коучук, ҷое, ки дар он кор мекард боз нагашт ва шавҳараш асри рӯз якшанбе гум шудани ӯро ба ҳамсоя иттилоъ дод.
Тавлиди коучук яке аз бузургтарин саноеъи Индонезия аст, ки беш аз 1.3 миллион нафар дар он машғули коранд.
Ба гуфтаи пулиси Индонезия, шавҳари Ҷаҳра, ки вақте ҳамсараш ба хона бознагашт ба думболи ӯ рафт ва ибтидо кафш, русарӣ, ва либосу васоилеро, ки ӯ бо худ ба сари кор мебурд пайдо ва дигаронро бо хабар кард, то ин ки субҳи душанбе море аз навъи питон дар он наздикиҳо дида шуд.
Раиси пулиси маҳаллӣ мегӯяд: “вақте ба ҳамроҳи сокинони маҳаллӣ дар атрофи мазраъи дарахтони коучук ҷустуҷӯ мекардем мори питуни 7 метриро пайдо кардем. Ин мор буд, ки қурбониро балъида буд ва ҷасади қурбониро дар шикамаш ёфтем.”
Дар соли 2018 низ зане дар ҷазираи Мона дар Индонезия тавассути мори питун балъида шуда буд. Яксол қабл аз он низ кишоварзе дар ҷазираи Сулавеси Индонезия тӯъмаи мор шуда буд.