Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 11 декабр эълон кардааст
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 15 сомониву 32 дирам нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро 11 сомониву 30 дирам арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 69 дирам тарзёбӣ кардааст.
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1836 доллару 20 сент муомила шуд.
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 50 доллару 10 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 46 доллару 73 сент муомила шуд.
Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон соли оянда ба қарзи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Нерӯгоҳи Барқи Обии Сангтӯда-1” аз андоз, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ба Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омадааст, фоиз ҳисоб намекунад. .
Дар ин бора дар Буҷети давлатӣ барои соли 2021 зикр шудааст. Мувофиқи меъёрҳои Кодекси андози кишвар, агар андоз дар муҳлати муқарраршуда пардохт нашавад, барои ҳар як рӯзи таъхир шурӯъ аз рӯзи аввали он фоизҳо ҳисоб карда мешаванд. Қарздор барои ҳар як рӯзи тақвимӣ 0,05 дар сад аз маблағи қарзи андоз фоиз пардохт мекунад.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, неругоҳи “Сангтӯда-1” яке аз қарздорони асосӣ аз андоз ба шумор рафта, то аввали семоҳаи охири соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи он ҳудуди 116 млн сомонӣ, зиёда аз 11 млн долларро ташкил дод.
Ҳаҷми умумии қарз аз андоз бо назардошти солҳои пешин ба ҳолати 1 октябри соли равон зиёда аз 1 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба қарзҳои мунтазам дар ҳоли зиёдшавӣ қарордоштаи ширкати “Барқи тоҷик” ба ин неругоҳ марбут аст. Ҳукумат бастаи пурраи саҳмияҳои ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар ихтиёр дорад.
То аввали моҳи ҷорӣ қарзи ширкат ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба зиёда аз 1 млрд 640 млн сомонӣ муодили беш аз 156 млн доллар бо қурби миёна дар соли 2020 расид, аз ҷумла 275 млн сомонӣ ҳамин сол ба қарз илова шуд.
Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Неругоҳи Барқи Обии Сангтӯда-1” охири моҳи октябр хабар дода буд, ки “Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо на зиёдтар аз ҳадди 44 дар сад аз барқи иниқолёфтаро ташкил дода, ба идомаи афзоиши қарз назди неругоҳ боис мегардад”.
Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1” – 75 дар сад тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25 дар сад ҷамъи 1 саҳмия аст.
Иқтидори насбшудаи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ягона харидори барқи неругоҳи “Сангтӯда-1” Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи тоҷик” мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши барқро ба истеъмолгарон дар Тоҷикистон таъмин мекунад.
Нерӯгоҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба наздики 11 дар сад баробар аст.
Соҳаи кишоварзӣ дар сохтори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон то ҳол пешсаф аст. Ҳарчанд солҳои охир ҳиссаи кишоварзӣ дар сохтори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии ҷумҳурӣ каме коҳиш ёфт, аммо ин соҳа ҳанӯз ҳам аз дигар соҳаҳо пешсаф аст.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар даҳ моҳи соли равон беш аз 27,7 миллиард сомонӣ муодили 2,4 миллиард долларро ташкил дод.
Соҳаи саноат дар ҷои дуюм қарор дорад ва дар ин давра саноат ба маблағи беш аз 24,3 миллиард баробар бо 2,1 миллиард доллар маҳсулот истеҳсол кардааст.
Ҳукумат тибқи Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2016-2030 ният дошт, ки Тоҷикистонро ба як кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад. Барои ин зиёд кардани иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ, коҳиш додани вобастагии иқтисодиёти кишвар аз кишоварзӣ пешбинӣ шуда буд.
Ҳиссаи саноат дар кишварҳои дорои иқтисоди типи индустриалӣ-аграрӣ, ба гуфтаи мутахассисон, нисбат ба ҳиссаи кишоварзӣ бартарӣ дорад.