Чӣ гунае, ки зикр карда будем то замоне, ки инсон ба синни булуғ намерасад, ба гарданаш ягон воҷиботи Ислом ҳатмӣ нест, зеро Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Абудовуд мефармоянд:
رفع القلم عن ثلاث عن النائم حتى يستيقظ و عن الصبي حتى يحتلم و عن المجنون حتى يعقل
Қалам аз се тоифа бардошта шудааст, (ба ин се тоифа гуноҳ навишта намешавад) шахсе, ки хоб аст, то замоне, ки бедор нагардад, шахсе, ки аз ақл бегонааст, то замоне, ки ба худ наояд ва кӯдаке, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидааст, то замоне, ки ба синни булуғ нарасад.
Ҳадис ба он далолат мекунад, ки кӯдакони ба балоғат нарасида, барои тарки воҷиботҳои динӣ гунаҳкор намешаванд. Аммо барои он, ки барои иҷрои воҷибот омода бошанд, аз ҳафтсолагӣ таълими воҷиботҳои динӣ шурӯъ мешавад, чӣ гунае, ки боқимондаи одобу усулҳои ҳаётро аз ҳафтсолагӣ ба фаҳмиши кӯдак нигоҳ карда, омӯзонданро шурӯъ мекунанд.
Чӣ тавре, ки пештар муфассал баён карда будем, волидоне ҳастанд, ки кӯдакони ба балоғат нарасидаро маҷбур мекунанд, то аҳкомҳои шариатро ба пуррагӣ риоят намоянд. Махсусан дар масъалаи намоз, рӯза, сатри духтаракон, ҳол он, ки марҳалаи то ба балоғат расидан, марҳалаи таълими фарзҳои Илоҳӣ аст ва бо тариқаи омӯзиши бо услуби муносиб ба ақлу бардошти кӯдак нигоҳ карда бояд таълим дод. Тавре таълим дод, ки кӯдак дилгир нагашта бо шавқу умед ибодатҳои Парвардигорро анҷом диҳад.
Баръакси волидони муташаддид, мутаассифона волидон ҳастанд, ки дар масъалаи тарбияи динии кӯдакон комилан бепарво ҳастанд. Кӯдак ба намозу фарзҳои дигар то куҷо побанд аст, оиди дини худ то куҷо хабардор аст, барояшон муҳим нест. Ҳар вақто ки бузург гашт, худаш роҳашро пайдо мекунад, гӯён худро аз масулият озод кардаанд. Ҳол он, ки ин амал хиёнат ба амонат мебошад.
Ҳар як падару модар масъули тарбияи фарзандаш мебошад, фарзандон дар дасти мо амонати Парвардигоранд. Масъулияти худро дар назди фарзандон адо накардан, хиёнат ба амонат аст. Паёмбар дар ҳадиси худ мегӯянд:
Ҳар яки шумо масъулият доред, масъули зердастони худ ҳастед. Мард масъули хонаводааш, ҳамсару фарзандонаш аст, дар назди Аллоҳ аз хонаводааш пурсида мешавад. Зан масъули хонаи шавҳар ва фарзандонаш аст, аз масъулияташ пурсида мешавад. (Бухорӣ ва Муслим)
Болотарин масъулият нисбати фарзанд ин шинохти Аллоҳ ва амал кардан мутобиқи гуфтаҳои Аллоҳ мебоашд. Албатта ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст, аммо падару модар сабабгори аслии ҳидояти фарзандон мебошанд. Кӯдак аввалин эътиқоди худро, ҳаёти рӯҳии хешро аз падару модар меомӯзад. Волидон масъули таълими ҷонибҳои эътиқодии кӯдакон ҳастанд. Аҳкомҳои Шариат, шинохти Холиқ, шинохти Паёмбар, заруриётҳои динӣ инҳоро кӯдак бояд аз волидон омӯзад. Табиати кӯдак, ҳамчун оина пок аст, дар айёми кӯдакӣ ҳарчӣ волидон мекунанду мегӯянд, саҳеҳ медонаду қабул мекунад. Волидон бояд ба ин амонатҳои дар дасташон буда, адои масъулият кунанд.
Шинохти Парвардигор, имон ба Охират, муждаи Ҷаннат, тарс аз Оташи Ҷаҳаннам инҳо ҳама шахсияти кӯдакро мустаҳкам мегардонад. Ҳанӯз аз кӯдакӣ оғоз карда, дар баробари ноадолатиҳои дар ҳаққаш мешуда, бо умеди фардо худро ба даст мегирад. Мо аввалин шикастҳои худро, таънаву таҳқирҳои дигаронро ҳанӯз дар кӯдаки таҷриба мекунем. Шахсоне ҳастанд, ки дар кӯдакӣ азият шудаанд ва ҳатто бузур гаштаанду ба худ наомадаанд. Албатта, даст ба худкушӣ задани кӯдакону ба худ зарар расонидани онҳоро борҳо шунидаед.
Солҳои охир ҷавоне бо номи Николас Джеймс дар тамоми шабакаҳои иҷтимоиву барномаҳои телевизёнии ҷаҳонӣ баромад мекунад. Ҷавони Австролӣ, ки бо бемории модарзодӣ таваллуд шуда, ду дасту ду по надорад, ҳамеша мардумро ба сабру дар ҳаёт қавӣ будан даъват мекунад. Албатта, Николас масеҳӣ аст, аммо чӣ гунае, ки маълум аст, моён ҳақро ҳатто аз забони кофир ҳам қабул мекунем. Боре ин ҷавон дар яке аз сӯҳбатҳояш чунин гуфта буд:
“Аз кӯдакӣ ба қалби фарзандонатон вуҷуд доштани Холиқро, будани Ҷаннату Дӯзахроро ҷой диҳед. Бигзор онҳо бидонанд, ки поёни мусибатҳои дунё роҳат аст. Имон доштан ба Ҷаннат ба инсон умеди фардо мебахшад. Дар баробари ноадолатиҳои мардум сабр мекунанд, медонад, ки умри инсон бо ҳаёти дурӯза ба поён намерасад. Ман борҳо дар кӯдакӣ даст ба худкӯшӣ зада будам, зеро гумон мекардам, ҳаёт танҳо дунёи чандрӯза аст. Ҷавонон вақте ба будани Ҷаннату дӯзах имон доранд дар баробари шикастҳо худро аз даст намедиҳанд”.
Албатта ақли кӯдак маҳдуд аст, аммо волидон бояд ба ақли кӯчаки фарзанд нигоҳ карда, ба кӯдак арконҳои Шариатро, имон ба ғайбиётро омӯзонанд.
Кӯдак вақте дарк мекунад, ки ба ҷуз волидон дар болояш Аллоҳ истодааст, фариштагон ҳамеша дар атрофаш ҳастанд, ба хатогиҳои пинҳонӣ низ даст намезанад.
Аз тарафи дигар ҳамеша боварӣ дорад, ки ба ҷуз волидон зоти дигаре аст, ки метавонад тамоми хостаҳои ӯро иҷро кунад.
Равоншиносон мегӯянд, кӯдак замоне, ки тамоми умедҳояшро аз даст дод, кӯшиш мекунад балое болои сари дигарон ва ё болои худаш биёрад. Вақте чизеро хеле хост, аммо аз бузургон рад дид, бузургон аз ӯҳдаи хостааш набаромаданд, бадтарин зарбаи равонӣ мебинад. Кӯдаконе ҳастанд, ки танҳо ба хотири дучарха нахаридани волидон рӯзҳо бемор шудаанд. Чаро? Барои он ки падару модар ва ё бузургонро дар ақли худ шахсони хаёлие тасаввур мекард, ки аз ӯҳдаи тамоми хостаҳояш мебароянд. Вақте кӯдак дарк мекунад, ки ҳатто волидон ва ё шахси эътимоднокӣ дигар дар баъзе корҳои оддӣ ба кӯдак ёри карда наметавонад, якбора зарбаи рӯҳӣ мебинад. Дунёро ба ҷуз майдони беадолативу ноумедӣ чизи дигаре тасаввур намекунад.
Аммо вақте кӯдак яқин медонад, ки фавқа кулли азизонаш Холиқе дорад, ки раҳматашро ҳадду канор нест, тамоми хостаҳояшро метавонад амалӣ кунад, болотар аз ҳама барояш неъматҳои фаровоне дар ивази некиҳояш омода кардааст, кӯдак ба зарбаҳои равонӣ дучор намегардад.
Ба масъалаи марг нигоҳ кунед. Аксари кӯдакон, пас аз марги яке аз наздикон, махсусан падар ва ё модар муддате бемор мешаванд. Баъзеҳо якбора тамоми сулукаш тағйир меёбад. Кӯдакҳое ҳастанд, ки ба касе чизе гуфта наметавонанд, аммо саволҳои пай дар пайи беҷавоб ҳамеша зеҳни онҳоро машғул мекунад. Пеш аз ҳама дарди фироқ мекашанд. Инчунин оиди мариг ин шахс куҷо шуд, чаро рафт, магар бо ҳамин ман ӯро асло ва асло намебинам, агар ин гуна инсон нобуд гардад, пас чаро мо дар инҷо ҳастем, чаро офарида шудаем, агар ман ҳам бимирам чӣ, ин гуна саволу шубуҳот ва боз дигару дигар.
Кӯдакҳое, ки дар оила оиди маргу охират маълумот гирифта набуданд, бо аз даст додани яке аз наздикон муддате ҳаёти кӯдакии худро низ аз даст медиҳанд. Албатта бо рафти замон ба худ меоянд, аммо он эҳсосоти пур аз ҳузну ноумеди то охири умр, ҳамчун филмҳои даҳшатафкан ба пеши назарашон меояд.
Аммо вақте волидон кӯдакро аз ҳақиқати маргу зиндагӣ, албатта ба ақли кӯдак нигоҳ карда хабар додаанд. Кӯдак медонад, ки бо вафот кардан инсон хок шуда намеравад. Балки ба ҳаёти абадӣ ва иншоаллоҳ ба роҳати беохир сафар мекунад. Ин сафар фироқи абадӣ нест, рӯзе дигарон низ ба сафар мебароянд ва рӯзе ҳам дар пеш аст, ки ҳама якҷоя хоҳем буд. Кӯдак вақте медонад, ки инсон бо вафот кардан, нобуд намегардад, инсон дунёи дигар дорад, накӯкорон ба неъмати ҷовидон ноил мегарданд ва бадкорон сазои аъмоли худро мебинанд, марги дигаронро сабуктар таҳамул мекунад.
Дар ҳаёти имрӯза бо ин ҳама технологияи ҷадид, телефону планшету, компютерҳо фазои маънавӣ дар оилаҳо хеле заъиф аст. Модар метавонад то панҷ соат дар сари телефон бо қилу қол, хабарҳои ҳамсояву хешутабор вақташро гузаронад, аммо понздаҳ дақиқиа вақти худро барои таълими кӯдакон коштани маънавиёту этиқодоти динӣ барои кӯдаконаш сарф намекунад. Падар низ ҳамин тавр, соатҳо метавонад оиди мушкилиҳои молӣ суҳбат дошта бошад, соатҳо вақти худро бо тамошои футболу ҷангҳои бидуни қонун гузаронад, аммо дар хотир надорад, ки кай ба фарзандонаш оиди эътиқоди динӣ, вуҷуди Ҷаннату Охират сӯҳбат дошт.
Масъулияти худро фаромӯш сохтаем, кӯдакон дар дасти мо амонат ҳастанд, танҳо моддиёти кудакон, хӯронидану пӯшонидан масъулияти мо нест, маънавиёти кӯдак, имони кӯдак бар гардани мост.
Муслимаи Аҳмадӣ