Рубрики Хабарҳо

Пирӯзии наврасони тоҷик дар бозии футбол бо дастаи мунтахаби Уммон

Дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Уммон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Бозии мазкур 24 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, голи ягонаро Рустам Соиров дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонидааст.

Маврид ба зикр аст, ки бозии дуюми дӯстона миёни наврасони Тоҷикистону Уммон  27  апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 доир мешавад. Дастаҳои футболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Уммон моҳи сентябри соли равон дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *