Бар асоси эъломи вазорати дифоъи Лаҳистон, маркази таъмири танкҳои олмонӣ Леопард ки дар хидмати артиши Укроин қарор доранд, дар ғарби Лаҳистон роҳандозӣ шуд. Пештар давлати Олмон аз кундии амали Варшава дар роҳандозии ин марказ интиқод карда буд.
Мариуш Блатшак, вазири дифоъи Лаҳистон эълом кард ки маркази таъмири танкҳои Леопард ки дар хидмати артиши Укроин ҳастанд, дар глиуитса фаъолияти худро оғоз кардааст.
Ин хабар дар ҳоле эълом шуда ки танишҳои лафзӣ миёни Берлин ва Варшава дар ҳафтаҳои гузашта ба далели интиқоди вазорати дифоъи Олмон аз кундии амалиёти роҳандозии маркази таъмири танкҳои Леопард, афзоиш ёфта буд.
Ҳол вазири дифоъи Лаҳистон зимни эъломи роҳандозии ин марказ, дар як Твият навишт: “маркази таъмири Гливитса фаъолияти худро оғоз карда ва ду адад танки Леопард дар ин маркази таъмир қарор доранд.”
Давлати ҷумҳурии федерали Олмон пас аз кашмакашҳои сиёсии дохилии тӯлонӣ, дар поёни моҳи январи соли 2022 эълом кард, ки “сареъан ду гордон бо танкҳои Леопорд-2 ба Укроин ирсол хоҳад кард.”
Барои аввалин бор Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон 27 марти соли ҷорӣ дар як конфронси матбуотӣ, таъйид кард, ки 18 фарванд танки “Леопард-2” ба нерӯҳои мусаллаҳи Укроин таҳвил дода шудаанд.
Борис Писториус, вазири дифоъи Олмон ҳам дар он замон гуфт: “ман мутмаин ҳастам, ки ин танкҳо метавонанд нақши муҳимме дар ҷабҳаи ҷанг иҷро кунанд.”
Аммо тӯле накашид ки баҳсҳо дар мавриди таъмири танкҳои осебдида боло гирифт ва ниҳоятан дар пайи дидори вазири дифоъи Олмон ва Лаҳистон дар авоили моҳи апрел, давлати Варшава мутааҳҳид ба роҳандозии таъмиргоҳи танкҳои Леопард дар дохили хоки худ шуд. Аммо тӯлонӣ шудани роҳандозии ин марказ мавриди интиқоди давлати Олмон қарор гуфт.
Ба гуфтаи коршиносони масоили низомӣ, танкҳои “Леопард-2” аз қобилияти шиллик дар ҳини ҳаракат бархурдоранд. Ин дар ҳоле аст, ки танкҳои русӣ зоҳиран фақат дар ҳолати истода қодир ба ҳадафгирии дақиқ ва шиллик ҳастанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки танкҳои размии модерни “Leopard 2А 6” аз бартарии фаннӣ дар муқоиса бо танкҳои русӣ бархурдоранд ва метавонанд ба ин хотир саҳми қобили таваҷҷуҳе дар касби муваффақияти эҳтимолӣ дар майдони ҷанг дошта бошанд.
Аз оғози таҷовузи низомии Русия ба хоки Укроин то кунун, давлати Олмон аз ҷумла давлатҳои ғарбӣ буда ки аз Киев ҳимояти сиёсӣ, модӣ ва низомӣ кардааст.
Бо ин ҳол то кунун Иёлоти муттаҳида муҳимтарин ҳампаймони Укроин дар дифоъи муқобили таҳоҷуми Русия ба ҳисоб меояд ва аз оғози ҷанги таҳоҷумии Маскав, бо кумакҳои низомӣ ба арзиши беш аз 36.9 милард доллар аз Киев ҳимоят кардааст.