Додситони кулли девони кайфари байналмилалӣ муҷаввизи оғози таҳқиқот дар бораи ҷароими иртикобшуда алайҳи мусулмонони Роҳиниёро содир кард.
Девони кайфари байналмилалӣ бо интишори баёнияе дар робита бо ҷиноёти артиши Миёнмор алайҳи мусулмонони Роҳиниё эълом кард, ки додситони кулли ин девон муҷаввизи оғози таҳқиқот дар бораи ҷароими иртикоб шуда алайҳиин мардумро содир кардааст.
Дар ин баёния омадааст: Миёнмор дар девони кайфари байналмилалӣ узвият надорад, аммо ҷиноёти мазкур то ҳудуде дар Бангладеш, ки яке аз аъзои ин Созмон ба ҳисоб меояд, иртикоб шудаанд ва ба ин далели девони байналмилалии кайфарӣ метавонад эъмол салоҳият кунад.
Гуфтанист Фоту Бансудо, додситони кулли девони кайфари байналмилалӣ дар 4 июл 2019 дархости оғози таҳқиқот дар бораи ҷиноёти артиши Миёнмор алайҳи мусулмонони Орокон карда буд.