Categories Хабарҳо

Маърифат ва мантиқи арбобкамолӣ

Аз замони шурӯъи нишастҳои матбуотии вазорату ниҳодҳои давлатӣ баҳси “маршировка” доғтар шуд. Ба посухҳои булъаҷаби вазиру раисҳо дар бораи фаъолияташон, ки қаблан моҳҳо баъди нишастҳо мавзӯъи латифаву фелетонҳо мешуд, нигоҳи “мантиқии” онҳо ба “маршировка” илова шуд. Зоҳиран, то нишастҳои матбуотии охири сол гуфтовардҳо аз вазирону раисон дар ин бора мавзӯъи асосии баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳад буд.

Дар ҳоле, ки рсонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз интиқоду эътирозҳо аз “маршировка” ҳастанд, мақомдорон ба ин вокуниши мардум бо ҳайрат менигаранд ва намефаҳманд, ки чаро мардум аз як чизи ба гуфти вазири маориф “хасакӣ” ин қадар муаммо сохтаанд. Ва аз маърифати мардуми интиқод мекунанд.  

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода, ки зоҳиран аз танқидҳои ахир ба маршировкаи донишҷӯён хаста шудааст, ба суоли хабарнигорон дар ин мавзӯъ бо тундӣ посух дод ва баҳсҳои атрофи ин мавзӯъро “як чизи хасакӣ” номид. 

Вазир аз ин ки мардум масоили марзиро нодида мегиранду ба “маршировка” мечаспанд барошуфт, онро бемаърифатӣ хонд ва гуфт: “Ин қадар мушкиле, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, касе намешунавад. Бачаҳо омада машқ мекунанд мераванд пагоҳӣ, мераванд футбол бозӣ мекунанд. Пеши роҳи ӯро ҳам бигирем? Як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс, на ба низоми таълимӣ халал намерасонад, берун аз дарс аст. Ба сатҳи маърифати мову шумо ҳамин чиз мувофиқ нест”. 

Аз маърифати ”баланд”-е, ки бо он менозад, вазир зоҳиран ба дарки ин нарасид, ки дар ибораи “маърифати мову шумо”-аш калимаи “шумо” зиёдатӣ буд. Зеро солҳост, ки хабарнигорон, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандиву мардум ва худи донишҷӯёну хонандагони макотиби миёна аз маршировка розӣ нестанд ва интиқод менамоянд. Пас ба маърифати онҳо ин интиқоду эътирозҳо мувофиқ асту ин вазирону мақомдорон ҳастанд, ки маърифаташон аз боқӣ фарқ мекунад. 

Вазири маъориф зоҳиран истифодаи калимаи “маърифат”-ро, ки аз қазо масдари калимаи “маъориф” аст, дӯст медорад. Дар идомаи посухи пурэҳсосаш гуфт:  «Истиқлол истиқлоли миллӣ аст, давлат, ватан аст ва ифтихори мо аст. Ҳар касе инро ба таври дигар қабул мекунад, ин ба маърифати худи ҳамон одам дахл дорад. Мактаббача баъд аз маршировка рафта дар саҳро ба падару модараш кӯмак мекунад, рафта пеши роҳи инашро ҳам гирем?».

Зоҳиран вазире, ки масъулияти вазораташ ҳамин маърифати мардум аст, қабл аз он ки ин мисолро бизанад фикр накардааст, ки ба футболбозӣ рафтани донишҷӯ ихтиёрӣ асту ба “маршировка” маҷбурӣ ҷалб мешавад. Ё падару модар ҳақ доранд фарзандонашонро бе иҷозаи давлату вазорати маориф ба кори саҳро бибаранд, аммо давлату вазорат ҳақ надоранд бе иҷозаву розигии падару модар фарзанди онҳоро дар маъракае, ки ба таҳсил дахл надорад, ҷалб намоянд.  

Дар масалзанӣ вазири маърифатноки маъориф дуртар рафт ва аз карнавалҳо дар кишварҳои амрикои ҷанубӣ мисол зад:

“Биёед онҳоро ҳам танқид мекунем. Ман бисёр хоҳиш мекунам, ки нисбати ин масъала камтар бошуур, бомаърифат бошед. Ин ихтиёрӣ ва берун аз дарс аст. Як соат аст. Машқи ҷисмонӣ аст. Тамоми иштирокчиёни ин маъракаҳо ваксина қабул карда истодаанд. Мо ба ягон роҳи бад ба роҳи ҷиноят ҳидоят накарда истодаем”.

Зоҳиран вазири “бошуур” ба дарки ин намеравад, ё қасдан фаромӯш кардааст, ки мардуми амриқои ҷанубӣ ба карнавалҳо ихтиёрӣ ва ҳатто бо шавқу шӯр мераванд ва ташбеҳи маршировка бо карнавал ташбеҳи хониши кабки қафасу кабки кӯҳ аст: яке аз асорат менолад, дигаре суруди озодӣ месарояд.

Як рӯз қабл аз вазири маориф ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода ҳам аз «маршировка» ҳимоят кард ва ҳеҷ чизе аз нақзи ҳуқуқи инсон дар он наддид. Ӯ ҳам дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин маврид гуфт, ки ин кор на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳо низ зимни чорабиниҳои муҳими давлатӣ сурат мегирад, Ва аз қаҳрамониҳои ҷаҳонии футбол мисол зад, ки ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон ба “маршировкаҳо” ҷалб мешаванд.

— Ин барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад. Набояд фаромӯш кунем, ки дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ аз давлатҳои дигар меҳмонон меоянд. Дар сурати иштирок накардани ҷавонон мо наметавонем ин чорабиниҳоро баргузор намоем,-таъкид кард Бобозода.

Дар ҳамин ҳол омбудсмен, ки вазифаи асосиаш ҳимояти ҳуқуқи инсонҳост, фарқи ҷалбкунии ҷавонон ба маъракаҳои сатҳи давлатиро дар кишварҳои дигар ва Тоҷикистон, ки дар яке ба ҷавонон ҳуқуқ дода мешаваду дар дигаре ҳуқуқи онҳо поймол мешавад, нагуфт. Фарқ инаст, ки дар кишварҳои дигар ҷавонон ба ин гуна маъракаҳо бо пешниҳоди музди меҳнат ҷалб мешаванд, ки сатҳаш аз сатҳи миёнаи музд баландтар аст. Барои мисол, ҳатто муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ барои нигоҳдории тартибот дар мусобиқоти футбол ҷалб мешаванд, барои 4-5 соати ин кор на камтар аз 100 евро музд мегиранд.  Ҳамин аст, ки дар ин кишварҳо касе ба ҷалби ҷавонон ба маъракаҳо эътироз намекунад, чун ҷалбшудаҳо ихтиёрӣ ва барои гирифтани музд мераванд, на ба хотири ифтихори дурӯғини ватану миллат.

Бобозода дар идомаи посухаш гуфт “маршировка”-ҳо дар доираи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мегузаранд ва на ҳамаи донишҷӯён ба ин чорабинӣ ҷалб карда мешаванд. “Онҳое, ки беморанд ва ё сабаби дигар доранд, ба маршировка ҷалб намешаванд” — гуфт ӯ. Ва фаромӯш кард, худи ҳамин ба маршировка бурдан ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи донишҷӯёну мактаббачагон аст. 

Вақте вазирону раисон ба суолҳову эътирози мардум ба ин гуна мавзӯъҳо посух медиҳанд, самимӣ ба назар мерасанд. Яъне онҳо самимона намефаҳманд, ки ҷалби донишҷӯёну мактаббачагон ба маъракаҳои давлатӣ, пешвозгирии “пешво”-ву пасвоҳо чӣ бадӣ дорад. Дар бораи пешвозгирии “пешво” посухашон ин аст, ки “мардум пешворо дӯст медорад ва бо ифтихор ба пешвозаш меравад”. Ин ки онҳо ин ҳарфҳоро самимона мегӯянд, далел дорад: худашон пешвояшонро дӯст медоранду расидан ба дастбӯсиаш бузургтарин орзуяшон аст ва фикр мекунанд, ки мардум ҳам айнан ҳамин орзуро дорад. Аммо ба дарки ин намераванд, ки “пешво” ба онҳо қудрату мансаб ва ҳуқуқҳои зиёд додааст, то пулу мол ба даст оваранд, аммо ҳамин ҳуқуқҳо ва пулу мол аз мардум гирифта ба онҳо дода шудааст ва мардум ҳеҷ далеле барои дӯстдории “пешво” надорад. Баръакс далоили нафраташ ба ӯ бамаротиб бештар аст.  

Маърифати (шинохти) мансабдорон аз мардум ҳам аз ҳамин дидгоҳ маншаъ мегирад. Чун барои худашон ҳарчи “пешво” гуфту хост қонун аст, чӣ он хоста тибқи қонунҳои кишвар аст ё алайҳи он, фикр мекунанд барои мардум ҳам бояд чунин бошад. Ва чун онҳоро худи “пешво” интихоб кардаасту мансаб додааст, пас мардум бояд аз онҳо ба ҳайси намояндаи “пешво” бечунучаро итоат кунанд. Суоли ҳамешагии онҳо аз норозиён ба ин маърифату мантиқашон ҳам ин аст: шумо ба сиёсати хирадмандонаи пешвои муаззами миллат зид ҳастед?

Сиёсати қудрати мутлақи “пешво”, ки ба қудрати мутлақи ҳар мансабдор дар соҳаи худаш расонидааст, бо гузашти се даҳсола ин маърифат ва мантиқ аз сиёсату ҳукуматдориро дар мансбадорон шакл додааст, ки мардум ҳама ғуломи онҳову пешвояшон аст. Яъне маърифату мантиқи арбобкамолӣ.  

Ва он ба сатҳе расидааст, ки вазири маориф эътироз алайҳи истифодаи донишҷӯёни мактаббачагон дар маршировкаро бемаърифатӣ меномаду омбудсмен ҳеҷ қонуншикание дар он намебинад. дар ҳоле, ки ҳар сол аз марги ҷанд донишҷӯ ё мактбабача дар ин гуна ҷорабиниҳо хабар мерасад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *