Рубрики Хабарҳо

Идомаи «чархиш ба ғарби»Ереван; Арманистону Амрико размоиши низомӣ баргузор мекунанд

Вазорати дифоъи Арманистон мегӯяд ҳафтаи оянда мизбони як размоиши низомии муштарак бо Иёлоти муттаҳида хоҳад буд. Иттифоқе, ки мӯҷиботи нигаронии Русияро фароҳам мекунад. 

Давлати Арманистон бо эъломи ин матлаб таъкид карда, ки ҳадаф аз ин размоиш, ки байни рӯзҳои 11 то 20 сентябр сурат хоҳад гирифт, омодасозии нерӯҳои ин кишвар барои ширкат дар маъмуриятҳои байналмилалии ҳифзи сулҳ аст. 

Як сухангӯи артиши Иёлоти муттаҳида ҳам эълом карда, ки дар ин размоиш 85 сарбози амрикоӣ ва 175 арманӣ ҳузур хоҳанд дошт. Ба гузориши Рейтерз амрикоиҳое, ки дар ин размоиш ширкат хоҳанд кард ба туфанг мусаллаҳ хоҳанд буд ва аз таслиҳоти сангин истифода намекунанд. 

Бо вуҷуди миқёси кӯчаки ин размоиш, Русия аз интишори ахбори марбут ба он нигарон шуда ва таъкид карда, ки ин размоишро бо диққат зери назар хоҳад дошт. 

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар ин робита гуфт: “табиатан чунин ахборе ба вижа дар шароити кунунӣ боиси нигаронии мо мешавад бинобар ин, мо амиқан ин ахборро таҷзияу таҳлил ва авзоъро расад хоҳем кард.” 

Русия як пойгоҳи низомӣ дар Арманистон дорад ва худро қудрати бартар дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ медонад, ки то соли 1991 бахше аз иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ буд. Ин кишвар як нерӯи ҳофизи сулҳро низ дар минтақа дорад, ки вазифа дорад шароит дар минтақаро байни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба сурате, ки пас аз ҷанги соли 2020 дар омада ҳифз кунад. 

Интишори ахбори марбут ба баргузории ин размоиши муштарак байни Арманистон ва Иёлоти муттаҳида дар ҳоле сурат мегирад, ки Никол Пашинян, нахуствазири ин кишвар ҳафтаи гузашта дар гуфтугӯ бо як рӯзномаи италиявӣ гуфта буд такяи сирфи Арманистон ба Русия як иштибоҳи роҳбурдӣ будааст. 

Ӯ ҳамчунин дар он мусоҳиба, ки бисёре онро чархиш ба ғарби Ереван тафсир карданд, таъкид карда буд, ки ҷанги Русия боис шуда Русия натавонад ниёзҳои амниятии Арманистонро таъмин ва аз Ереван дар баробари он чи ӯ “таҷовузоти Боку” хонда ҳимоят кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *