Михаил Саакашвили, собиқ раисҷумҳури Гурҷистон, ки ин кишвари ақабмондаи шӯравиро дар 8 сол ба кишвари пешрафтаи аврупоӣ табдил дод, дар бораи се рӯзи сарвазирии Никол Пашинён изҳори назар кардааст.
Саакашвили навиштааст:
«Инсони ҳалолкор Пашинён бо расидан ба мансаби сарвазирӣ дар се рӯз ҳамаи вазиронро иваз кард. Дар тими нав вазирони 27 ва 29 сола ҳузур доранд.
Пашинён ба гумрукчиҳо муроҷиъат кард ва ба онҳо фаҳмонд, ки аз ин рӯз қоидаҳои нав амал мекунанд. Борҳо давоми як соат ҳуҷҷатгузорӣ мешаванд ва мардум ба Арманистон ҳар чизеро, ки қонун иҷозат додааст, ворид мекунанд. Ҳеҷ имтиёзоте ба олигархҳо дода намешавад. Арманиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки чунин гумруки тезкор ҳеҷ гоҳ дар Арманистон набудааст.
Никол Пашинён
Дар Арманистон мушкили дизели пастсифат вуҷуд дошт, чун танҳо як олигарх ҳақи ворид кардани он ба Арманистонро дошт (ки албатта онро аз Русия мекашонд). Имрӯз ин мушкил ҳал шудааст, чун ҳар касе хост дизели хушсифатро аз Гурҷистон ворид карда истодааст.
Пашинян ба ҷенеролҳо ва модарони аскароне, ки дар артиш хидмат мекунанд муроҷиат кард ва гуфт, ки волидон муваззаф нестанд худашон маводи тозагии аскаронро харидорӣ кунанд ва ба онҳо ғизо фиристанд. Ӯ хост дар бораи ҳар як чунин ҳодиса ба ӯ тавассути фейсбук нависанд. Рӯзи дигар ба паёмҳое аз волидони аскарҳо расиданд, ки бори аввал ба фарзандони онҳо қанду кулча додаанд ва мисли тарабхона зиёфат кардаанд.
Пашинян ҳар як таъиноти кадриашро дар фейсбук ба мардум шарҳ медиҳад. Ӯ ҳар рӯз ба мардум ҳикоя мекунад, имрӯз чӣ гуна, чӣ кор ва барои чӣ кард. Буҷаи Арманистон тағйир наёфтааст. Танҳо инсоне омад, ки мардумашро дӯст медорад ва мехоҳад онҳо озод ва хушбахт зиндагӣ кунанд. Ва мардум ҳам ба ӯ бовар карду атрофаш ҷамъ шуд.
Ҳайвонҳое, ки Арманистонро ғорат мекарданд, ба ларза афтоданд.»