Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мавъизаи пеш аз намози ҷумъа гуфт, ки ҳар мусалмоне назди фолбину ҷодугар меравад, кофир мешавад ва никоҳаш ботил мегардад.
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз минбари масҷиди марказии Душанбе гуфт, ки дар дини Ислом сеҳру ҷоду ҳаром маҳсуб мешавад ва ҳар касе, ки ба сеҳргарӣ машғул мешавад, аз имон ҷудо мешавад.
“Ҳар касе, ки назди фолбину ҷодугар меравад ва ба гуфтаҳои ӯ бовар мекунад, кофир мешавад. Никоҳаш ҳам ботил мегардад. Махсусан занон зиёд назди соҳирону ҷодугарон мераванд, ки никоҳашон бо шавҳарон ҷудо мешавад. Ин гуна ашхос бояд тавба кунанд ва аз сар никоҳ банданд”,- афзуд муфтии Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube