Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дирӯз 1 октябр тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонунҳо “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “Дар бораи маориф” дастгирӣ намуд. Аслан кам воқеъ мешавад, ки парлумон ягон тарҳи пешниҳодкардаи ҳукуматро баргардонад.
Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд мудирони маорифи вилоят ва шаҳру навоҳии кишварро на раисони ҳукумати маҳаллӣ, балки вазири маориф таъин мекунад.
Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, ки ин тарҳро дар парлумон муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ки дар сурати дастгирӣ ёфтани тарҳ аз ҷониби вакилон, зимни таъини мудирони раёсат ва шуъбаҳои маориф Вазорат номзадҳоро бо раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ мувофиқа месозад.
Ноибвазир гуфт, аз соли 2014 таъини мудирони шуъбаи маориф ба дӯши раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ вогузор гардида буд, аммо таҷриба муваффақ нашудааст.
“Дар 26 шаҳру ноҳияҳо (28,2%) ба вазифаи мудирони шуъбаи маориф шахсоне таъин шуданд, ки аз низоми маориф хеле дур буданд. Тағйирот ба қонунҳо “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “Дар бораи маориф” ба беҳбуди вазъ ва тақвияти мубориза бо коррпусия дар соҳаи маориф равона шудаанд”, — қайд кард М.Салоҳиён.
Дар ҳамин ҳол Саломиён шарҳ надод, ки аз раиси ноҳия гирифта ба вазири маориф додани салоҳияти таъини мудири шӯъбаи маориф ба фасод дар соҳаи маориф чӣ бастагӣ дорад ва чӣ гуна ин кор мубориза бо фасод дар соҳаи маорифро тақвият медиҳад. Дар ҳоле, ки таъини як мансабдор, ки яке аз омилҳои фасод дар ҳама сохторҳои давлатӣ аст, аз салоҳияти ҳукумати маҳаллӣ кам карда, ба вазири маориф илова мешавад.
Ба ин назар вакил Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ҳам розӣ аст. Ӯ гуфт ин тағйирот, яъне аз ҷониби вазорат таъиншудани мудирони раёсату шуъбаҳои маориф, баръакс, метавонад ба афзоиши коррпусия дар ин соҳа боис гардад.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард: “Маҳдуд кардани ваколати раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ ба он оварда мерасонад, ки онҳо ба як маъмур (администратор)-и одӣ табдил меёбанд. Роҳбарони маҳаллӣ номзадҳо ба ин ё он мансабро хубтар медонанд. Шахсан ман бар ин назарам, ки барои мудири шуъбаи маорифи шаҳр ё ноҳия доштани маълумоти омӯзгорӣ шарт нест, ӯ бояд сифату малакаҳои дигар, аз ҷумла қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад”, — изҳор дошт Усмонзода.
Аммо ба ин фикри Усмонзода ҳам намешавад розӣ шуд. Таъин шудани ҳар мансабдоре аз тарафи мансабдори дигар, аввалин омил ва қавитарин далел ба вуҷудиоии фасод аст. Бо дарназардошти вазъи фасод дар соҳаи маориф, ки қариб ҳамеша фасодзадатарин ниҳод эътироф мешавад (ҳарчанд ин ҳам ҷои баҳс аст), метавон гуфт, ки таъини мудир чӣ аз ҷониби раиси ҳукумати маҳаллӣ ва чӣ аз ҷониби вазири маориф, фасодро дар ин соҳа танҳо афзоиш медиҳад.
Аз тарафи дигар ин пешниҳоди ҳукумат ба парлумон, ки бо гумони ғолиб аз ҷониби худи Вазорати маориф ба ҳукумат расидааст, метавонад талоши ин вазорат барои ба даст гирифтани як роҳи даромади иловагӣ, ки то ин замон дар дасти раисони ноҳияҳо қарор дошт, бошад. Мусаллам аст, ки вазифаи мудири маорифи ноҳия мисли ҳар вазифаи дигар дар Тоҷикистон харидуфурӯш мешавад. Мудири маориф на танҳо вазифашро мехарад, балки ҳар замон ба “боло” “доля” пардохт мекунад.
То соли 2014 ҳам дар мактабҳо бо даҳҳо баҳона аз хонандагону волидони онҳо пул меситониданд ва баъди 2014 ҳам, яъне аз замоне, ки таъини мудирони маориф ба дасти раисони ноҳия гузашт, пул меситонанд. Яъне чизе тағйир накардааст. Бовар кардан ба ин ки ин пулҳо ҷоқеъан барои бӯру парда, латтаи тахтатозакуниву ҳезуми мактаб масраф мешавад, содагист. Барои мисол пуле, ки барои бӯр ҷамъ мешавад даҳ баробар бештар аз қимати бӯрҳоест, ки масраф мешавад. Аз тарафи дигар барои ин бӯру, латтаву, пардаву дигар лавозимот аз буҷаи давлат, яъне боз ҳам аз кисаи волидон.
Ва пул танҳо барои лавозимоте, ки зикр шуд ҷамъ намешавад. Даҳҳо баҳонаи дигар барои пулҷамъкунӣ аз қабили ревизия, ҷашнҳо, парчам, брошюраҳо ва ғайра мавҷуд аст, ки зикрашон ҳам шарт нест, чун ҳама, куллан ҳамаи ҷомеъаи Тоҷикистон аз он огоҳанд. Хонае нест, ки аз он нафаре ба мактаб наравад ва вақте ба мактаб рафт, ҳатман пул мепурсанд. Бовар кардан ба ин ҳам, ин пулҳо аз раҳбари мактаб болтар намераванд ё дар сатҳи мудири маориф тамом мешаванд, содагӣ аст. Агар чунин буд, аксари кулли раҳбарони мактаб ё мудирони маориф барои тамаъҷӯӣ аз кор ронда мешуданд. Вале чун пулҳо то боло мераванд, то ҳол ҳеҷ раҳбари мактаб ё мудири маориф барои пулситонӣ аз хонандагон ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
Хомӯшии волидон фасод дар ин соҳаро ба ҳаде расондааст, ки вазорат ё ҳукуматҳои маҳаллӣ мардумро барои иҷораи даҳ сол қабли китоб низ қарздор карда аз онҳо пул меситонанд. Барои мисол чанд сол қабл мақомоти идораи маорифи ноҳияи Рашт дар як тасмими ғайриодӣ аз хонандагони мактабҳои миёнаи минтақа хоста буданд, ки дар ивази чормағзу хуч ва коғазпораву оҳанпора биоранд. Мақомот гуфтанд, ки мактабҳои Рашт аз соли 2000 то 2009 аз пули иҷораи китоб 482 ҳазор сомонӣ (тақрибан 50 ҳазор доллар) қарздор шуда, бояд ба ҳар шакле ин маблағро пардохт кунанд.
Ба ин монанд муттаҳамсозии хонандагон бо ҳар баҳона ва пулситонӣ аз онҳо дар аксари ноҳияҳои кишвар ҷой дорад. Барои мисол соли гузашта бо супориши шӯъбаи маориф хонандагони дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат вазифадор шуда буданд ҷамъовар намуда фурӯшанд ва маблағи муайяне ба мактаб супоранд. Сабабашро раиси шӯъбаи маориф қарзи мактабҳо аз китоб ва дигар лавозимот гуфта буд.
Агар Вазорати маориф ё ҳукумат мехост фасод дар ин соҳаро камтар кунад, ба назари мо аввалин коре, ки натиҷа медод ин буд, ки вазифаҳои раҳбари мактаб ва мудири маорифро интихобӣ мекард. Яъне раҳбари мактаб аз ҷониби муаллимон ва мудири маориф аз ҷониби раҳбарони мактаб ё шӯрои муаллимон интихоб мешуд. Дар ин сурат каматр раҳбари мактаб, ки медонад муаллимон барояш овоз нахоҳанд дод, ҷуръат мекард муаллимро маҷбур ба пулҷамъкунӣ аз хонандагон намояд. Мудири маориф ҳам инҷунин.
Маълум нест вакилони парлумон зимни баррасии ин тарҳи қонун чунин пешниҳоде ба вазорат ва ҳукумат кардаанд ё на. Албатта дар гумон аст. Чун худи вакилон интихобӣ нестанд, онҳоро ҳамоне таъин мекунад, ки вазири маорифу раисони навоҳиро. Ва вакилон медонанд, ки дар сурати муқобилият нишон додан ба пешниҳоди таъинкунанда дигар “интихоб” намешаванд. Ҳамчунин медонанд, ки интихобӣ шудани мансабе дар кишвар метавонад ин равандро роҳ андозад ва мансабҳои дигар, аз ҷумла вакилони парлумон интихобӣ шаванд.
Агар ҳоло интихоботи парлумон мебуд, шумо ба ягон нафар аз вакилони имрӯзаи парлумон овоз медодед?