Рубрики Хабарҳо

Кумитаи замин аз иқдоме хабар дод, аз «сатҳи коррупсия дар соҳа»мекоҳад

Дар Тоҷикистон додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Шаҳодатномаи саҳми замин тасдиқ шудааст. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои кишвар иддао кардааст ин иқдом метавонад ба коҳиши сатҳи коррупсия дар соҳаи идораи замин мусоидат намуда, ҳуқуқҳои раисони хоҷагиҳои деҳқониву фермериро, ки ҳуқуқҳои аъзои хоҷагиҳоро поймол мекунанд, маҳдуд созад.

Гуфта мешавад ҳадаф аз қабули санади нав танзими муносибатҳои марбут ба саҳми замин дар хоҷагиҳои фермерии ҷумҳурӣ мебошад.

Кумитаи идораи замин гуфтааст тартиби нав барои амалисозии ҳуқуқ ба истифодаи замин, таъсиси хоҷагиҳои фермерӣ, муайян кардани андозаи қитъаи замин ва саҳми замин, инчунин ҳалли мушкилот дар ин соҳа шароити муосид фароҳам меорад.

Шаҳодатномаи саҳми замин санадест, ки дар он ҳиссаи узви хоҷагии фермерӣ дар фонди умумии замини Хоҷагии фермерӣ-деҳқонӣ муайян карда мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, то аввали соли 2023 дар Тоҷикистон зиёда аз 172 ҳазор хоҷагии фермерӣ-деҳқонӣ амал мекарданд.

Ин хоҷагиҳои фермерӣ аз ҳиссаи заминҳое иборатанд, ки тибқи қонун ба ҳамаи аъзои хоҷагӣ тааллуқ доранд. Лекин дар амал роҳбарони хоҷагиҳо бо истифода аз мансаб бидуни ягон асос тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохта аъзои хоҷагиро аз ҳиссаашон маҳрум карда, ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ба истифодаи замин риоя намекунанд.

Дар ин робита атрофи мансубияти замин баҳсҳои зиёде ба миён меоянд. Масалан, агар яке аз аъзои хоҷагӣ аз раиси он саҳм (ҳисса)-и худро барои мустақилона пеш бурдани корҳо дар хоҷагии худ ё таъсис додани хоҷагии нав талаб кунад, инро ба ӯ рад мекунанд.

Дар натиҷа ҳамаи замини собиқи колхоз ба дасти раиси хоҷагиҳои фермерӣ гузашта, собиқ колхозчиён бошанд, бе замин мемонанд ва ба муҳоҷират рӯ меоранд.

“Ҷорисозии тарӣтиби нави додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Шаҳодатномаи саҳми замин барои мусоидат ба ҳалии мушкилоти саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ муҳим аст. Роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ ва мансабдорони мақомоти маҳаллӣ наметавонанд худсарона аъзои хоҷагиро аз саҳми заминашон маҳрум созанд”, — шарҳ додааст Кумита.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *