Имоми ҷамоати масҷиде дар «Штутгарт»-и Олмон бар асари ҷароҳати ношӣ аз заработи корд аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос ба қатл расид.
Ба гузориши шабакаи телевизиюнии “Rasha Today TV “, дафтари додситонии Олмон имрӯз панҷшанбе бо судӯри баёнияе аз кушта шудани имоми ҷамоати масҷиде дар “Штутгарт”, аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос хабар дод.
Бар асоси хабар, дафтари додситонии Олмон дар ин бора эълом кард, ки 2 фарди ношинос ба имоми ҷамоати масҷиде дар шаҳр “Штутгарт”, ҳамла карданд ва бо силоҳи сард чанд зарба ба ӯ заданд.
Ин дар ҳолест, ки муҷримон пас аз ин иқдоми ноҷавонмардона фирор карданд.
Полиси Олмон то кунун иттилооти бештаре дар ин бора эълом накарда аст .