Рубрики Хабарҳо

Селҳои ҳалокатовар дар Эрону Афғонистон (навор)

Дар чанд минтақаҳо ва вилоятҳои ҷумҳурии исломии Эрон дар натиҷаи боришоти шадид, 35 нафар ба ҳалокат расиданд.

Меҳрдоди Алибахшӣ, ҷонишини роҳбари  буҳроншиносии Созмони пизишки қонунии Эрон марги 26 нафарро дар пайи боришоти шадиди ахир ва омадани сел дар вилоятҳои гуногуни ин кишвар таъйид кард.

Меҳрдоди Алибахшӣ гуфт, дар мавҷи дуввуми боришоти шадид дар Эрон, ки аз рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта оғоз шуд, 18 нафар дар шаҳри Шероз, устони Форс, як нафар дар устони Хузистон, як нафар дар устони Кӯҳкилуя ва Буйр-Аҳмад, се нафар дар устони Гулистон, ду нафар дар устони Луристон ва як нафар дар устони Симанон бар асари вуқӯи сел, ҷони худро аз даст доданд.

Алибахшӣ афзуд, дар мавҷи аввали боришот низ, ки се рӯз пеш аз  Наврӯз оғоз шуд, мунҷар ба ҷорӣ шудани сел шуда, 9 нафар дар устонҳои шимоли Эрон шомили Мозандарон, Гулистон ва Хуросони Шимолӣ ҷон бохтанд.

Ҳамчунин, бар асари боришоти шадид борон ва омадани сел дар Афғонистон беш аз 25 нафар ба ҳалокат расидаанд.  Бар замми ин аз маҷрӯҳ шудани зиёда аз 100 нафар дар расонаҳои афғонӣ гузориш нашр шудааст. Ҳукумати Афғонистон дар гузориши худ гуфтааст, ки эҳтимол дорад шумораи қурбониён афзоиш ёбад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *