Дороии яке аз ширкатҳои машҳури “Умед 88”, ки ба тиҷорати сӯзишворӣ сару кор дошт ба музояда гузошта шуд.
Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, мақомот барои фурӯши дороии ширкати “Умед 88” музояда эълон карда, гуфтаанд, маблағи аз фуруши амволи ин ширкат ба даст омада барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун сарф хоҳад шуд.
Ба музояда чанд нуқтаи фурӯш ва анбори нигоҳдории сӯзишворӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд гузошта шудааст, ки дар умум арзишашон 1 миллиону 600 ҳазор доллар нархгузорӣ шудааст.
Тибқи хабарҳо музояда аллакай дирӯз 25-уми феврал баргузор шуд, аммо аз касоне, ки ба амволи ширкати “Умед 88” дар шимоли кишвар соҳиб шудаанд, маълумоте вуҷуд надорад.
Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед-88”, барои барнагардонидани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дуздии моликияти давлатӣ ва исрофкорӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.
Пушти панҷараи зиндон шудани Раҷабалӣ Одинаев ва ғасби моликияти ӯ аз ҷониби мақомот суолҳое зиёде ба миён овардааст. Замони боздошти ӯ ва маҳкум ба зиндон шуданаш вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳокӣ бар он буд, ки нафарони наздик ба оилаи раисҷумҳур аз кайҳо мехостанд, моликияти Раҷабалӣ Одинаевро аз худ кунанд. Ба ин хотир чандин домҳо низ гузошта будаанд.
Ба канали мо дар Телеграмм обуна шавед: