Рубрики Хабарҳо

Қимати нафту тилло боло рафт

Қимати нафту тилло рӯзи душанбе дар муъомилоти бурсҳои (биржа) муҳимми ҷаҳон афзойиш ёфт.

Нархи миёнгини фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар бурсҳои Inter Continental Exchange (ICE) – ICE Brent Crude Futures-и Лондон $59,74 (+1,1) муъомила шуд.

Нархи миёнгини ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар бурсҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк $56,21 (+1,34) муъомила шуд.

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти шоми миёнбонкии Лондон 1515,25 доллар муъомила шуд.

Арзиши ҳар унс тилло дар муқойиса бо тасбити субҳи ҷумъа 6,2 доллар афзойиш ёфт.

Арзиши ҳар унс тилло ба арзҳои муҳимми хориҷӣ, аз ҷумла, евро 1367,82 (+6,36) ва пунди инглис 1246,14 (+3,59) муъомила шуд. 

Тасбити нархи миёнбонкии тилло ҳар рӯзи муъомилоти тиҷорӣ дар соъати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич анҷом меёбад. Натоиҷи тасбит ба ъунвони маҳак дар муъомилоти шимши тилло дар саросари дунё мавриди истифода қарор мегирад. Барои муъайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *