Сафар Абдуллоҳ, адабиётшинос
Сухан гуфтан аз Қодири Рустам барои ман бисёр гуворост,зеро ӯро чун бародар дӯст медорам ва ба ӯ ҳамчун як нависандаи фозил ва пижуҳандаи доно эҳтиром мегузорам. Қодири Рустам ба хубӣ дарёфта аст,ки аввалин абзор барои нависандагӣ чашми боз аст,ки нигоҳ кунад ва бинад,ки дар атроф чӣ мегузарад.
Кишвари азизи мо, ва даврони мо, пур аз масоил аст ва агар чашм барои дидан боз бошад, нахустин гом бардошта шуда аст! Дувумин абзори муҳим пайванд бо фарҳанги миллии мост, фарҳанге ки таърихи чандҳазорсола дорад,ва моя гирифтан аз он чӣ ки дигарон гуфта ва навиштаанд. Ва агар чашм боз ва ошнойӣ бо осори гузаштагон бошад, асбоби кор муҳайё хоҳад шуд. Вале расидан ба ин поя аз офаридгори осори адабӣ ва ъилмӣ низ халлоқияти адабӣ, ҳуши пӯё ва нубуғи зотӣ ва кӯшишу талош мехоҳад.
Хушбахтона Қодири Рустам аз ҳамаи ин сифот бархурдор аст. Ӯ барои анҷоми ҳар коре омодагии ҷиддӣ мебинад ва ин омодагӣ ва истеъдод аст, ки хамирмояи халлоқият ба кор афтад ва кушост, зеро медонад, ки ҳама гуна дастоварди фаръ(ҷудошуда) аз кушишу кунҷковӣ аст. Қодири Рустам барои ман нумоди тоҷики наҷиб ва асил аст бо нигоҳи жарф ва кунҷков ва тезбин ва бо диққати шигарф бар ҳама чиз менигарад ва ба хотираш месупорад ва он гоҳ ки менависад, бисёр дақиқ ва дилнишин менависад. Ба забони ширини мо, порсӣ мусаллат аст ва ҳар китобе ки то кунун чоп карда аст, аз ин сифоте ки гуфтам бархурдор мебошад. Достонҳои кутоҳ, қиссаҳо ва румони ӯ «Пойҳо ва Рӯйҳо» бо вежагиҳои хосси худ аз навиштаҳои дигарон тафовут дорад, ки ба назари ман ҳанӯз нақди адабии мо ӯро нашнохта аст.
Дар навиштаҳояш чунин ба назар мерасад, ки мағзи зиндагиро, жарфои таъриху фарҳангу адаби моро ковида, пеши чашмони мо меоварад ва фарқ намекунад, ки ӯ дар бораи Рӯдакии Самарқандӣ менависад ва ё Чингизхон, дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд менависад, ё масоили забону луғоту фарҳанги миллӣ, ҳама ҷо бо назокат ,дақиқ,огоҳона ва муҳақиқона хома меронад. Девони Рӯдакии Самарқандиро, ки ӯ таҳия ва тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошӣ навишт ва ин китоб дар Олмоти ва Теҳрон(ду бор) ва Душанбе чоп шуд, дар ҳоли ҳозир беҳтарин чопи матни интиқодии Рӯдакист, ки аслан кори як муассисаи ъилмиро Қодири Рустам ба танҳоӣ анҷом дод. Номи инсонҳо тасодуфӣ нест ва ӯ Қодирест, аз табори Рустам, ки ҳам бо қудрати хеш ва ҳам бо нерӯи хеш иншоаллоҳ боз солҳо барои ин марзу бум офаридгорӣ ва фидокорӣ хоҳад кард…
Китоби “Рӯдакӣ, Фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар” (соли нашр2003) ва китоби “Чойхонаи Роҳат” ( соли нашр 2010) ва румони “Пойҳо ва Рӯйҳо” бидуни тардид маҳсули хомаи ҳунарманди нотакрор ва нависандаи донишманд аст, ки дар навиштаҳои ӯ ҳама чиз дар ҷои худ ва ҳисобшуда аст. Ва ба назари ман аз хаёл ва эҳсос ва огоҳии нависанда моя гирифтааст. Ин аст, ки ин китобҳо ва муҳтавои онҳо дар ёд монданист ва бар отифа ва эҳсоси хонанда таъсиргузор аст.
Достони Рӯдакӣ бидуни тардид як падидаи ҷадид дар адабиёти тоҷик аст . Дар ин достон нависанда устод Рӯдакиро зинда мекунад ба хотири он ки мо ҷомиъаи кунуниамонро хубтару беҳтар бишносем. Дар ин қисса ҳама чиз дар ҷои худаш аст ва нависанда огоҳона чунон забонеро ба кор мебарад ва чунон саҳнаороӣ мекунад ва тасвирҳову ташбеҳҳоеро ба кор мебарад,ки тавасути он таъсири бештаре ба отифа ва эҳсоси хонанда бигзорад. Мебинем, ки нависанда дар саҳнасозӣ (ба вежа дар оғози қисса С.А.) ва шахсиятпардозӣ тавоноии фавқулодда дорад. ..
Ин достон бидуни тардид таваҷҷӯҳбарангез аст. Аз оғоз, ки донишомӯзон ба зиёрати мақбараи устод Рӯдакӣ меоянду шеърхонӣ мекунанд ва ногаҳон устод зинда мешаваду аз гӯри хеш бармехезад, нависанда хонандаро ба ҷаҳони аҷибу ғарибе мебарад ва сеҳри суханаш чунон аст, ки ҳамагонро саргарм мекунад ва ҳар хонандае ки оғози қиссаро мехонад, бетардид мехоҳад ҳаводиси баъдиро дунбол кунад. Нависанда он тавониеро дорад, ки хонандаро таҳти таъсири асари ягонае, ҳаводис ё ҳодисае, ки асароти дигари мудавани ӯ бошад, қарор диҳад.
Достон дар асл гузориши ҳаводисест, ки оканда аз ҳаракоти паёпай ва ботадриҷ ва ғайримунтазира ва ба шакли саргармкунанда ба авҷ мерасад. Тасаввур кунед пас аз ҳазору саду анд сол зинда шудани нафаре, ки мояи ифтихору обрӯ ва эътибори тоҷикон ва ҳамаи порсизабонон аст, чӣ шӯре ба по мекунад ва чи нобовариҳоеро эҷод мекунад ва нависанда бояд хеле тавоноӣ дошта бошад, ки хонанда ба ҳарфаш эътимод дошта бошад. Ба назари ман Қодири Рустам достони дилангезе навишт, ки қобили пазириш ва эътимод аст. Ин достон дар асоси ангезаҳои воқеъӣ ва ҳаводиси ҷолибе бино шуда ва робитаи “ъилал ва маълул” миёни ҳаводис ва воқеъоти қисса барқарор аст. Вале ин воқеъиятро ин ҷо, бояд дар ҳаводиси рӯзгори мо ҷуст… Воқеъияти марбут ба таҳаввули азими зиндагии мардум дар остонаи фурӯпошии шӯравӣ,замоне ки ба қавли худованди сухан Фирдавсӣ “Ҳунар хор шуд,ҷодӯи арҷманд”! Ин унсурест, ки ҳамбастагии ҳаводиси қиссаро ба тасвири ақлонӣ ба вуҷуд меоварад ва ба достон ягонагии ҳунарӣ медиҳад. Шигифтзадагии мардум аз чунин ҳодисаи ғайримунтазира ва адами тафоҳум миёни Рӯдакӣ ва муъосирин ва бархурди масъулин ба чунин воқеъа ва адами тафоҳум миёни ҷомеъа, шикоятнависӣ ба хотири он ки гурӯҳе мабодо устод Рӯдакиро ба “дини” худ дароваранд, ба Панҷекату Душанбею Маскав номанигорӣ кардану намоянда фиристодан ба манзури дарёфти роҳи ҳалли “дурусти” масъала ва ғайра…ҳама бо ҳам пайванд дорад ва аз илал сарчашма мегирад
…Ин ҷомеъаест,ки ҳолати беморӣ дошт ва ниёз ба табобат дошт ва беҳуда набуд,ки Кашпировскию Чумакҳо асаргузор буданд. Дар чашми ин тоифа ҳар падидае ғайриоддӣ менамуд ва роҳи ҳалро дар сеҳру ҷоду медиданд. Албатта зинда шудани мурда дар адабиёти ҷаҳон сухани тоза нест… Ва Қодири Рустам аз аз ривояти маъруфи Достоевский “Бозҷӯи бузург” аз румони “Бародарон Карамазовҳо” илҳом гирифта аст.
Ман вақте навиштаҳои Қодири Рустамро мехонам, нохудогоҳ ба ёди бузургмарде меафтам, ки ба қавли устод Восифи Бохтарӣ, (шоъир ва донишманди бузурги ҳамқавми мост, ки ҳоло дар Лос Анҷелоси Амрико ба сар мебарад С.А.) “Бозмондаи дафтарҳои таърихаш, на мурдареги мурдашӯён ва ганҷи бодовардаи меросхорони озманди муфтхӯр ва мероси азими он бинои амҷади (бузургу бо азамат) фарҳанги мо ва ганҷинаи анбошта аз гавҳарони беши баҳои миллати мост. Ин шахсияти бузург Муҳаммад Ҳусейни Байҳақӣ аст,ки гуфта буд: “Дар таърихе ки мекунам, сухане наронам ки он ба таъассубе ва тазайюде кашад ва хонандагони ин тасниф гӯянд: Шарм бод ин пирро! Балки он гӯям ки хонандагон ба ман андар ин мувофиқат кунанд ва таъне назананд”.
Ва эй кош ҳама касоне ки хома бармедоранд,роҳи баргузидаи ин бузургмардро идома медоданд ва наменавиштанд он чӣ навиштанро нашояд…
Дар муҳити адабии мо ки даҳҳо тан рисолати қалам ва ва нависандагиро ба фаромӯшӣ дода ва камари хешро барои санохонию тамаллуқу таъаллуқ бастаанд ва гоҳо “иблиси лаъинро бар авранги покизаи ҷабраили амин мешинонанд ва Ҷабраили аминро бо чеҳраи шайтони раҷим менамоёнанд” ( Восифи Бохтарӣ), Қодири Рустам аз маъдуд нависандагонест, ки тамоми ъумр кӯшидааст, воқеъияти зиндагии мардуми моро бо ҳама шабу фарозҳо ва маъойибу маҳосинаш таҷассум бикунад ва сафедро сафед сиёҳро сиёҳ бигӯяд. Қалам бод қаламе ки чунин бикунад ва зинда хоҳад монд соҳибқаламе ки барои дифоъ аз адолат ва дифоъ аз ҳақ ва дифоъ аз мардум ва ватан қад алам кунад!
Ва аммо бархондани таърихи мо ва ба вежа таърихи муосири мо ба қавли устоди сухан Фирдавсӣ,”яке достонест пур оби чашм”!
Қодири Рустам ба таҳқиқи воқеъиятҳои рӯзгори мо пардохта аст. Ӯ ҳамеша талош карда аст,ки дар навиштаҳояш жарфнигар ва гавҳаршинос бошад. Ин аст, ки навиштаҳои ӯ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хонандагони огоҳ ва андешаманд аст..
Насри дилнишини ӯ аз як сӯй либоси ҳарири зебое ба бар дорад ва аз сӯи дигар ба шеваи баёни наққодон ва ривоятгарон шабоҳат дорад. Гузашта аз ин, он чӣ ки мавриди таваҷҷуҳи афроди андешаманд аст талоши нависанда барои ибнулвақтӣ набудан,ҷони гапро гуфтан ва ошиқона суруданӣ ӯст! Яъне ба ҳар чизе ки менависад, садоқат ва эътимод дорад. Ба як калом агар мо ба ҳар сатри навиштаҳои ӯ бингарем ,ва агар мунсиф бошем, мебинем, ки ин каломи пурмағз то куҷо хонандаи додгузинро ба ситоиши қалами додхоҳонаи Қодири Рустам бармеангезад.
Идома дорад
Манбаъ: Фейсбук