Олими тоҷик дар Корея соҳиби медали тилло гардид

Рухшона Аловиддинзода, муовини директори Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор «KIWIE- 2025», ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, бо медали тилло сарфароз гардонида шуд.
Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ 445 намунаи ихтирооти занони ихтироъкори 15 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда буданд. Тоҷикистонро 10 нафар ихтироъкорзан намояндагӣ карданд, ки бо ихтирооти инноватсионӣ ва муҳим дар соҳаҳои гуногун баромад намуданд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода, зимни як ҷаласа иштироки фаъол ва муваффақонаи Аловиддинзодаро дар ин намоишгоҳ арзишманд дониста, ӯро табрик ва қадрдонӣ кард.
“Медали тиллои бадастовардаи Рухшона Аловиддинзода бозгӯи сатҳи баланди дониш, маҳорати илмӣ ва кӯшиши пайвастаи олимони тоҷик, махсусан занон, дар роҳи рушду густариши илму технология мебошад”,- таъкид дошт ректор.
Ин дастовард баёнгари он аст, ки саҳми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии илм ва ихтироъҳо рӯ ба афзоиш аст ва доимо мавриди қадрдонӣ қарор мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube