Давлати Ироқ дар пайи ташдиди ихтилофоти дипломатик бо Суид бар сари оташ задани Қуръон дар ин кишвар ба сафири Суид дастур дода то хоки он кишварро тарк кунад. Ироқ ҳамчунин кордори худро аз Суид фаро хондааст. Дар Теҳрон ҳам сафири Суид ба вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шудааст.
Дафтари нахуствазири Ироқ эълом карда, ки ин иқдомот дар посух ба он чи “иҷозаи батакрори мақомоти суидӣ барои сӯзондани Қуръон, тавҳин ба муқаддасоти исломӣ ва парчами Ироқ” хонда, анҷом шудааст.
Пас аз ҳамла ба сафорати Суид дар Бағдод ва оташ задани қисмате аз он, ин сафоратхона ҳам эълом карда, ки то иттилоъи баъдӣ фаъолиятҳояшро мутаваққиф кардааст ва имкони тамос бо сафорат вуҷуд надорад.
Шаби гузашта мӯътаризони ироқӣ дар эътироз ба сӯзонда шудани Қуръон дар берун аз масҷиде дар Стокголм, ба сафорати Суид дар Бағдод ҳамла карда ва бахшҳое аз ин сафоратро ба оташ кашиданд.
Гузоришҳо аз Бағдод ҳокӣ аз он аст пулиси ин шаҳр ҳамлакунандагон ба сафорати Суидро бо истифода аз мошинҳои обпошӣ пароканда кардааст.
Давлати Ироқ ба Суид иттилоъ дода, ки дар сурати такрори сӯзонидани Қуръон, равобити дипломатики худро бо ин кишвар қатъ мекунад.
Муқтадо Садр, рӯҳонии пурнуфузи шиъа ҳам дар твитте хоҳони бархурди қотеътари давлатҳои Арабистон ва Эрон бо Қуръонсӯзӣ шуд.
Дафтари нахуствазири Ироқ эълом кардааст додани иҷоза ба чунин иқдомоте ба баҳонаи озодии баён, “таҳрикомез” талаққӣ хоҳад шуд.
Дафтари нахуствазири Ироқ дар айни ҳол ҳамлаи шаби гузашта ба сафорати Суид дар Бағдодро ба шиддат маҳкум кард ва онро як нақзи амниятӣ донист, ки бояд фавран ба он расидагӣ шавад.
Вазири умури хориҷаи Суид низ ҳамлаи шабона ба сафорати кишвараш дар Ироқ тавассути тазоҳуроткунандагон алайҳи оташ задани Қуръон дар Стокголмро маҳкум кард.
Тавбиос Белструм ҳамла ба сафоратро “комилан ғайри қобили қабул” хонд ва гуфт комилан возеҳ аст, ки мақомоти ироқӣ дар масъулияти худ барои ҳифозат аз сафорат дар Бағдод кӯтоҳӣ кардаанд.
Давлати Суид гуфта, ки ҳамаи коркунони сафорат дар саломат ҳастанд ва давлати Ироқ эълом карда бо авомили пушти пардаи ин ҳамла бархурд хоҳад кард.
Бархе расонаҳои хабарӣ гуфтаанд, ки ҳамлаи шаби гузашта ба сафорати Суид аз сӯи тарафдорони Муқтадо Садр сурат гирифта буд.
Шомгоҳи панҷшанбе (ба вақти маҳаллӣ) расонаҳои эронӣ аз эҳзори сафири Суид дар Теҳрон ба вазорати хориҷаи Эрон хабар доданд.
Ба гузориши расонаҳои расмӣ дар Эрон Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, ба сафири Суид гуфта: “такрори беҳурматӣ ба Қуръони карим ва муқаддасоти исломӣ дар Суидро ба шиддат маҳкум мекунем ва масъулияти комили паёмадҳои таҳрики эҳсосоти мусулмонони ҷаҳонро мутаваҷҷеҳи давлати Суид медонем.”
Бар ин мабно Канъонӣ муҷаввиз ба сӯзондани Қуръон дар Суидро “бетаваҷҷӯҳии давлати ин кишвар ба мусавваботи ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ” тавсиф кардааст.
Худуди ду ҳафтаи пеш полиси Суид ба марде иҷоза дод то сафаҳоти Қуръонро дар муқобили масҷиди аслии шаҳри Стокголм ба оташ бикашад.
Слован Мумикои 37 сола, ки масеҳӣ ва асолатан ироқӣ аст, аз полиси Суид муҷаввизи эътироз гирифт ва чаҳоршанбеи ду ҳафтаи пеш, ҳамзамон бо Иди қурбон, чандини сафҳа аз Қуръонро дар муқобили бузургтарин масҷиди Суид оташ зад.
Пулиси Суид гуфта буд, ки дар ростои ҳимоят аз озодии баён иҷозаи ин иқдомро дода ва ҳамзамон таҳқиқотеро дар мавриди ин мард ба иттиҳоми “таҳрик алайҳи як гурӯҳи қавмӣ” оғоз кардааст.
Чанд рӯз пас аз он ҳам фарде, ки пулиси Суид ба ӯ иҷозаи оташ задани Инҷил ва Тавротро дода буд аз анҷоми он сар боз зад ва гуфт паёмаш ин аст, ки ҳамаи адён баробаранд ва ба ҳеҷ дин ва мазҳабе набояд тавҳин шавад.
Мумико дубора, ин дафъа муқобили сафоратхонаи кишвараш дар Стокголм пойтахти Суид, нусхае аз Қуръони карим ва парчам Ироқро зер по гузошта ва шиорҳое алайҳи дини ислом сар дод.
Мумико ин иқдомро таҳти тадобири шадиди амниятии полис ва алорағми вокуниши манфии афроди ҳозир дар маҳалл анҷом дод. Ў ҳамчунин поҳои худро бо акси Муқтадо Садр, аз раҳбарони шиъёни Ироқ пок кард ва парчами Ироқро ба оташ кашид.
Мумико пештар барои сӯзондани Қуръони карим муқобил парлумони Шветсия аз полиси ин кишвар дархости муҷаввиз карда буд, аммо ин муҷаввиз тавассути полис содир нашуд.
Ҳамали дирӯз дувумин ҳамла ба сафорати Суид дар Бағдод аз замони сӯзонда шудани сафаҳоти Қуръон аст.
Дар ҳамлаи аввал тарафдорони Муқтадо Садр, рӯҳонии пурнуфузи шиа дар муқобили сафорати Суид дар Бағдод даст ба таҷаммӯъ заданд ва мӯътаризони хашмгин, дақоиқе вориди сафорати ин кишвар шуданд.
Дар он замон нахуствазири Суид вуруди мӯътаризон ба сафоратхонаи ин кишвар дар Бағдодро комилан “ғайриқонунӣ” ва “ғайри қобили қабул” донист.
Ҳамзамон вазорати хориҷаи Ироқ бо эҳзори сафири Суид, тасмими ин кишвар барои эътои муҷаввизи оташ задани Қуръонро иқдоме “ифротӣ” хонд ва гуфт ин иқдомот “эҳсосоти мусулмонон дар саросари ҷаҳонро шӯълавар мекунад ва нишондиҳандаи як таҳрики хатарнок аст”.
Ҳамчунин дафтари Оятуллоҳ Алӣ Систонӣ, марҷаъи тақлиди шиа дар номае ба дабири кулли Созмони милал, муҷаввизи пулиси Суид ба далели “озодии баён” барои Қуръонсӯзиро “шармовар” хонд ва гуфт ин иқдом “тааррузи ошкор ба муқаддасоти беш аз ду миллиард мусулмон дар ҷаҳон аст ва ба эҷоди фазои муносиб барои паҳншавии афкори ифротӣ ва рафторҳои ғалат мунҷар мешавад”.
Дар бисёре аз кишварҳо мусулмонони мӯътариз дар хиёбонҳо алайҳи Суид шиор доданд ва сарони бисёре аз ҳукуматҳои исломӣ аз ҷумла Эрону Арабистон ва Туркия ҳам қуръонсӯзиро маҳкум карданд.
Ҳукумати Толибон ҳам дар эътироз ба қуръонсӯзӣ дар Суид, дастури таваққуфи тамоми фаъолиятҳои ин кишвар дар Афғонистонро содир кард.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон гуфт то замоне, ки Суид аз мусулмонон бобати “тавҳин ба Қуръон” узрхоҳӣ накунад тамоми фаъолиятҳои ин кишвар дар Афғонистон мутаваққиф хоҳад буд.
Ҳамчунин Созмони конфронси исломӣ ҷаласаи фавқулъодае дар Ҷидда ташкил дод ва бо судури баёниае қуръонсӯзиро маҳкум кард.
Пеш аз ин ва дар моҳи январи имсол, як фаъоли ростгаройи ифротӣ як нусха аз Қуръонро дар баробари сафорати Туркия дар Стокголм сӯзонд, ки хашми Раҷаб Таййиб Урдуғон, раис ҷумҳури Туркияро барангехт.