11 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA U-20. Рақибони дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) муайян гардиданд






ДУШАНБЕ, 10.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20), ки аз 10 то 17 июн дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода баргузор мешавад, муайян гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи  Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи маросими қуръакашии мусобиқот,  мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Афғонистон (10 июн) ва Қирғизистон (14 июн) бозӣ  мекунад.

Дар гурӯҳи «В» тимҳои ҷавонони Эрон, Узбекистон ва Туркманистон рақобат менамоянд.

Бозиҳои мусобиқа дар ду варзишгоҳ – Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки асоси дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) аз бозигарони мунтахаби наврасони мамлакат (U-17) иборат аст, ки моҳи ноябр дар Ҷоми ҷаҳон-2025 иштирок менамояд.

АКС: Федератсияи футбол Тоҷикистон



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *