11 июня, 2025
# Tags
#Pressa

Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон ҳамкориҳои Тоҷикистону Франсияро баррасӣ карданд


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, ки дар шаҳри Нис (Фаронса) баргузор шуд, бо Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон мулоқот анҷом доданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо изҳори таваҷҷуҳ карданд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва технология, инчунин истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок густариш диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *