11 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

Озмуни «Роғун – нурбахши роҳи фардои Ватан» баргузор мегардад






ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Озмуни «Роғун – нурбахши роҳи фардои Ватан» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ин ҳизб хабар доданд

Озмун бо мақсади таълифи асарҳои мондагор дар васфи Неругоҳи барқи обии «Роғун», инъикоси воқеии талоши миллати тоҷик барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва зиндагии шоиста, ҳавасмандгардонии шоирон, нависандагон, таърихнигорону рӯзноманигорон, рассомон, блогерон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҷалби аҳолии мамлакат ба ташаббускорӣ ва созандагию ободонӣ доир мегардад.

Озмун аз рӯйи 8 номинатсия баргузор мешавад:

— назми бадеӣ;

— насри бадеӣ;

— асарҳои публитсистӣ;

— санъати аксбардорӣ (ҳаҷми на кам аз А3);

— санъати тасвирӣ;

— суруду оҳанг;

— филмҳои ҳуҷҷатӣ ва мустанад;

— видеороликҳои телевизионӣ:

Асарҳои эҷодшуда бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қабул карда мешаванд.

Дар озмун шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, таърихнигорон, рассомон, оҳангсозон, овозхонҳо ва блогерон иштирок карда метавонанд.

Арзиши асарҳо ва видеонаворҳо аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо дода мешаванд:

— ҳунари баланди эҷоди бадеӣ;

— мазмун ва шакли мутобиқ ба талаботи жанр;

— кушодани моҳияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»;

— инъикоси воқеии талоши миллати тоҷик барои расидан ба зиндагии шосита, пешрафт ва саодат;

— тасвири заҳматҳо ва саҳми Пешвои муаззами миллат ва ҳайати коргарони НБО-и «Роғун« дар раванди бунёди неругоҳ;

— мавқеи сохтмон дар таҳаввули ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллати тоҷик.

Мавод барои озмун то 1 августи соли 2026 қабул гардида, маросими ҷамъбасти он дар арафаи таҷлили ҷанши 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКС:      Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар» 



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *