11 июня, 2025
# Tags
#Ozodi

Аз моҳи сентябр муҳоҷиронро дар Маскав тавассути телефон таъқиб мекунанд



Аз оғози моҳи сентябри имсол муҳоҷирон баробари расидан ба Маскав бояд дар телефони худ замимаеро насб кунанд, ки тавассути он макони ҷойгиршавии онҳо назорат хоҳад шуд.

Дар пойтахти Маскав барномаи озмоишии назорати рақамии муҳоҷирон роҳандозӣ мешавад. Бо ин замимаи мобилӣ ба пулис дар бораи макони будубоши муҳоҷирон маълумот дода мешавад.

Ҳадаф мубориза бо ҷинояткорӣ гуфта шудааст, вале созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ин барнома амалан боз як воситаи таъқибу саркӯби муҳоҷирон хоҳад шуд. Муҳоҷироне, ки аз иҷрои ин дастур саркашӣ мекунанд, мумкин аст ба рӯйхати шахсони зери назорат ворид ва аз кишвар хориҷ шаванд.

Касоне, ки аз додани маълумот дар бораи макони будубоши худ саркашӣ мекунанд, аз ин кишвар ронда мешаванд. Қарор аст ин қонун, ки аз сӯи Думаи давлатӣ тасвиб шудааст, аз якуми сентябр ба кор дарояд.

Дар аввал роҳандозии чунин таъқиб барои ходимони ҳифзи қонун хусусияти озмоишӣ хоҳад дошт. Озмоиш тамоми хориҷиёнеро фаро мегирад, ки бе виза ба Маскав меоянд. Ба истиснои ноболиғон, диломатҳо ва оилаҳои онҳо ва ҳамчунин шаҳрвандони Беларус.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд: “Таъқиби муҳоҷирон, ин дар асл ба маънои таъқиби ҳар каси дигар аст. Ин назорати шахсони нохушоянд аст. Онҳо метавонанд бар пояи шаҳрвандӣ ё бо далелҳои мазҳабӣ ё барои эътиқоди сиёсии худ номатлуб дониста шаванд. Ин назорати саросарӣ аст. Боз такрор мекунам, ин бисёр гарон аст. Вале дар нисбати ҳар як шахс дар алоҳидагӣ метавон ин корро анҷом дод. Яъне агар шуморо хоҳанд, назорат мекунанд.”

Ҳоло аз муҳоҷирон талаб мешавад, ки пайи ангушт супоранд, аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва суроғаи иқомати худро ба мақомот пешниҳод кунанд. Бе иҷрои ин шартҳо ба онҳо иҷозаи кору зиндагӣ дар Русия дода намешавад.

Қонуни нав истифодаи замимаи мобилиро ҳатмӣ мекунад. Онҳое, ки намехоҳанд макони будубошашон назорат шавад, ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид гашта, хориҷ карда мешаванд.

Виктор Тепляков, раиси ҷамъияти узбекони Маскав мегӯяд: “Ман тасаввур карда наметавонам, ки ин қонун чӣ гуна иҷро хоҳад шуд. Ба назарам ин қонун дуруст таҳия нашуда, иҷрои он душвор хоҳад буд. Ба ин тартиб бояд қисми зиёди муҳоҷиронро якбора ба руйхати шахсони назоратшаванда ворид карда, хориҷ кунанд.”

Мунақидон мегӯянд, ин қонун чун як роҳи нави фишор ба муҳоҷирон истифода хоҳад шуд ва иҷрояш ҳам серхарҷ аст. Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқ мегӯяд:

“Симкортҳое, ки дар Маркази муҳоҷирон қариб маҷбурӣ медиҳанд ва мегӯянд, “агар нагиред, ба шумо паём дар бораи омода будани натиҷаҳои ташхиси тиббӣ ва патент ё иҷозатномаи корӣ намеояд”, бо ана ҳамин симкортҳо мехоҳанд онҳоро назорат кунанд. Ин ниҳоят гарон аст ва ман фикр намекунам, ки онҳо тавонанд ҳамаро назорат кунанд. Онҳо ҳамеша роҳи гирифтани ришваро пайдо мекунанд.”

Интизор меравад, иҷрои ин барнома тақрибан то сентябри соли 2029 идома ёбад.



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *