МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани олуча хобро ба танзим дароварда, организмро барқарор мекунад

ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Олучабандак ё олуча меваи серғизо ва шифобахш буда, онро метавон дар шакли тару тоза, хушкшуда ё ҳамчун шарбату мураббо истифода бурд. Ҳамзамон хӯрдани ин мева хобро ба танзим дароварда, организмро барқарор мекунад. Дар таркиби олуча витамини C мавҷуд аст, ки барои баланд бардоштани масуният ва муқовимат ба бемориҳои сироятӣ кумак мерасонад.
Тавре мутахассисон иброз медоранд, олучабандак метавонад барои беҳтар кардани сифати хоб ва барқарорсозии организм пас аз фишор ва кори ҷисмонӣ муфид бошад.
Тибқи тавсияи табибон, истеъмоли олуча ё шарбати он пеш аз хоб метавонад ба беҳтар шудани сифати хоб кумак кунад. Дар як таҳқиқоти соли 2011 собит шудааст, ки одамони калонсол, ки дар давоми ду ҳафта ду маротиба дар як рӯз як стакан шарбати олучаи табииро менӯшиданд, беҳбудии назарраси хобро изҳор доштаанд.
Олуча ба беҳтар шудани мубодилаи моддаҳо кумак мерасонад. Нахи ғизоие, ки дар ин намуди мева мавҷуд аст, ҳисси сериро зиёд мекунад ва кори рӯдаҳоро беҳтар менамояд. Ин метавонад ба кам шудани иштиҳо ва назорат бурдан ба ҳаҷми хӯрданӣ мусоидат намояд. Ғайр аз ин, олуча дорои антиоксидантҳои зиёде мебошад, ки метавонанд ба суръат бахшидани мубодилаи моддаҳо ва самаранокии сӯзонидани равған кӯмак расонанд.
Кислотаи аскорбин (витамини C) дар якҷоягӣ бо витамини PP ба рагҳо таъсири мусбат мерасонанд, зеро гузариши деворҳои рагҳоро беҳтар мекунанд. Дар таркиби олуча ҳамчунин моддаҳое бо номи кумаринҳо мавҷуданд, ки дар танзими раванди лахтасозии хун нақши фаъол доранд. Онҳо аз ташаккули тромбҳо ҷилавгирӣ мекунанд ва ба тунук шудани хун мусоидат мекунанд.
Агар хоҳед, ки аз олучабандак мураббо омода созед, пас нахуст онро тоза карда шустан лозим меояд. Онро хуб шуста, поя ва доначаҳояшро ҷудо кунед (агар хоҳед бо донача — ҳам мешавад). Дар дег об ва шакарро якҷо карда, то ҳал шудани шакар ва пайдо шудани шарбати тунук ҷӯшонед. Олучаро ба шарбат илова кунед ва 5–10 дақиқа дар оташи суст ҷӯшонед. Баъд дегро аз оташ гиред ва 5–6 соат монед, то ки олуча шарбатро ба худ кашад. Пас аз дамгирӣ, дубора дегро дар оташ гузоред ва 25–30 дақиқа ҷӯшонед. Саривақт кафкро гирифта партоед, то ки мураббо соф барояд. Вақте ки шарбат ғафстар мешавад ва олуча нарм мешавад, мураббо тайёр аст. Мурабборо дар зарфҳои шишагӣ (стерилизатсияшуда) рехта, сарпӯшашро маҳкам кунед.
Ба гуфтаи мутахассисон, олуча интихоби хуб барои ғизои кӯдакон мебошад. Мавҷудияти зиёди антиоксидантҳо ва витаминҳо имкон медиҳад, ки системаи масуниятро тақвият бахшад, ба афзоиш ва инкишофи муқаррарии кӯдак кӯмак расонад. Вале бояд эҳтиёт кард, зеро эҳтимолияти ба ҳассосият гирифтор шудан вуҷуд дорад, бинобар ин ворид кардани олуча ба парҳези кӯдакон бояд бо эҳтиёт анҷом дода шавад.
Бояд гуфт, ки бештари кадбонуҳо олучаро дар фасли гармо хушк мекунонад ва дар фасли сармо бошад онро васеъ истифода мебаранд, ки ин навъи кор дар айни ҳол хеле муфид аст.
Хушкшудаи олуча дар шароити дуруст барои муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ мешавад ва як нӯшокии серғизо ва муфид барои фаслҳои сармо ё сафар мебошад. Агар мехоҳед олучабандакро хушк кунед, пас онро тоза карда, ба таври табиӣ ё дар офтоб хушк намоед. Олучаҳоро дар як қабат дар рӯи тахта, рӯйпӯш ё табақи калон паҳн кунед. Ҷои офтобӣ ва ҳавои кушодро интихоб кунед. Меваҳоро ҳар чанд соат як бор гардонед, то ки хуб хушк шаванд ва ғафс ё сӯхта нашаванд. Ин раванд метавонад 3-7 рӯз (ҳатто бештар) тӯл кашад, вобаста ба ҳарорат ва намии ҳаво.
Олучабандаки хушкшударо дар зарфи шишагӣ ё пластикии тоза маҳкам баста, дар ҷои торик, хушк ва сард нигоҳ доред. Онро метавон ба муддати чанд моҳ, ҳатто то як сол нигоҳдорӣ намоем.
Бояд гуфт, ки олучабандак дорои як қатор хусусиятҳои табобатӣ мебошад, ки ба туфайли он дар тиб истифода бурда мешавад. Хусусиятҳои антиоксидантии он метавонанд илтиҳобро кам кунанд, нишонаҳои артритро сабук намоянд ва саломатии пайвандҳоро нигоҳ дорад. Шираи олучаро дар доруҳои табиӣ барои кам кардани дард ва беҳтар кардани хоб истифода мебаранд. Олуча бо сабаби миқдори зиёди кислотаҳои лимон, аскорбин ва себӣ ба баланд шудани туршии меъда мусоидат мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, он одатан ба одамоне, ки аз гастрит бо пастии туршии меъда азият мекашанд, тавсия дода мешавад.
Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС аз манбаъҳои боз