Раиси ситоди кулли артиши Исроил бо ишора ба ин ки Тел-Авив дар моҳи ноябри гузашта иттилооте мабнӣ бар ирсоли силоҳу таслиҳоти эронӣ ба Сурия дарёфт кардааст, гуфт дар чунин шароите бояд халабононро ба марзи Сурияю Ироқ мефиристодем.
Авив Кохави, раиси ситоди кулли артиши Исроил, дирӯз чаҳоршанбе 14 декабр, тайи суханоне дар донишгоҳи Рошмон, таъйид кард, ки нерӯи ҳавоии ин кишвар, моҳи гузашта, як корвони мошинҳои ҳомили таслиҳоти Ҷумҳурии Исломиро дар марзи Сурия ва Ироқ ҳадаф қарор додааст.
Ба гузориши “Иерусалим пост”, ба гуфтаи Авив Кохави нерӯҳои дифоъии Исроил бо “иттилооти комиле”, ки доштанд, медонистанд, ки аз миёни мошинҳои ин корвон, “мошини шумораи 8”-ро ҳадаф қарор диҳанд. Чаро, ки бар асоси иттилоот, ин мошин ҳомили силоҳҳои эронӣ буд.
Авив Кохави дар идома бо ишора ба ин ки Ҷумҳурии Исломӣ гоҳе муваффақ ба қочоқи аслиҳа ба Сурияу Лубнон шудааст, “нақшаи куллии Эрон барои як Ҳизбуллоҳи ҷадид дар баландиҳои Ҷӯлони Сурия”-ро шикаст хӯрда хонд.
Рӯзномаи Уолл стрит журнал низ пештар ҳамла ба корвоне аз танкҳо ва мошинҳо дар марзи Ироқ ва Сурияро кори Исроил эълом карда ва навишта буд, ки мошинҳо ба гумони “ҳамли силоҳ” мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Корвоне аз 22 мошин, ки дар ҷодаи минтақаи марзии Абу-Камол, аз Ироқ ба Сурия дар ҳаракат буд, дар охирин соатҳои сешанбе 13 декабр, бо ҳамлаи паҳподӣ ба оташ кашида шуд.
Уолл стрит журнал шумори кушташудагони ин ҳамларо 15 тан эълом кард, вале манобеъи шиъаи ироқӣ аз кушта шудани 25 тан хабар дода буданд. Ҷонбохтагон, аз нерӯҳои марзбониҳои Сурия ва Ироқ ва ҳамчунин ронандагони мошинҳои борбар эълом шуданд. Бар асоси гузориши Уолл стрит журнал, дасти кам бархе аз мошинҳо, ҳомили “муҳиммот ва ракет” буданд.
Ин дар ҳоле ст, ки ба гуфтаи сухангӯи идораи гузаргоҳҳои марзии Ироқ, вуруду хурӯҷи ин танкҳо комилан расмӣ ва қонунӣ ва бар асоси тавофуқи се кишвар Эрон, Сурия ва Ироқ будааст. Ҷумҳурии Исломӣ ба дархости дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, барои кумак ба ҳали мушкили сӯхт дар ин кишвар, корвонҳои заминии сӯхтро аз ҷодаи Абу-Камол ба Сурия мефиристод то аз он ҷо роҳӣ Лубнон шаванд.
Амрико дар ҳамон соатҳои нахуст эълом кард ҳеҷ дахолате дар ин ҳамалот надоштааст. Артиши Исроил низ расман аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ карда буд.